Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 № 742 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2014, № 765"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2014, № 765

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2014, № 765 тасдиқ шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 4.7. "Илмҳои фарҳангшиносӣ" сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- омӯзиши масоили китоб ва корҳои китобхона (китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ);

- таҳқиқи масоили осорхонашиносӣ;".

Банди нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"4.9. Илмҳои санъатшиносӣ

- таҳқиқи масоили таърихию назариявии санъати миллӣ (театрӣ, мусиқӣ, тасвирӣ, амалӣ-ороишӣ, хореографӣ, санъати кино, дизайн ва арт-менеҷмент);

- таҳқиқи таъсири мутақобили санъати миллӣ бо самтҳои гуногуни санъати Шарқу Ғарб;

- такомули методологии таҳқиқоти илмӣ дар равияи санъатшиносии миллӣ.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 ноябри соли 2015 № 742

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 декабря 2014 года, №765

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

В Перечень приоритетных направлений развития науки, техники и технологии в Республике Таджикистан на 2015-2020 годы, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 декабря 2014 года, №765, внести следующие дополнения:

- пункт 4.7. "Культурологические науки" дополнить новыми абзацами следующего содержания:

"- изучение проблем книжного и библиотечного дела (книговедение, библиотековедение, библиографоведение);

- исследование проблем музееведения;".

Дополнить новым пунктом в следующей редакции:

"4.9. Искусствоведческие науки

- исследование исторических и теоретических проблем национального искусства (театрального, музыкального, изобразительного, декоративно-прикладного, хореографического, киноискусства, дизайна и артменеджмента);

- исследование взаимодействия национального искусства с различными направлениями искусства народов Востока и Запада;

- методологическое совершенствование научных исследований в сфере национального искусствоведения.".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 28 ноября 2015 года, № 742