Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 184, аз 29.12.2022 № 622)
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" таъсис дода шавад.
2. Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2) ().
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-ро ҳал намояд.
4. Маблағгузории Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" бо дарназардошти 34 шаҳру ноҳияе, ки ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дар вилоятҳои Суғду Хатлон ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба роҳ монда шудааст, аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд, бо зиёдшавии он ҳар сол дар ҳаҷми 20% дар солҳои 2022-2024, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои ёрирасон бо тартиби зерин амалӣ карда шавад:
- дар соли 2022 бо илова намудани 12 ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ёрии ҳуқуқӣ бори аввал роҳандозӣ мегардад ва хароҷоти хизматрасонии адвокатҳои шаҳри Душанбе 60% аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 40% аз ҳисоби ташкилотҳои ёрирасон;
- дар соли 2023 бо илова намудани 12 ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ёрии ҳуқуқӣ бори аввал роҳандозӣ мегардад ва хароҷоти хизматрасонии адвокатҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 80% аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 20% аз ҳисоби ташкилотҳои ёрирасон;
- дар соли 2024 бо илова намудани 10 ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ёрии ҳуқуқӣ бори аввал роҳандозӣ мегардад ва хароҷоти хизматрасонии адвокатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100% аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ().
4(1). Шумораи кормандони Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" бо дарназардошти зиёдшавии шумораи шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ба роҳ монда мешавад ва ҳайати хизматрасон, ки барои амалишавии ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мусоидат мекунанд, марҳила ба марҳила дар солҳои 2022-2024 бо теъдоди зерин муқаррар карда шавад:
- дар соли 2022 - 70 воҳид;
- дар соли 2023 - 83 воҳид;
- дар соли 2024 - 93 воҳид.
4(2). Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 4 қарори мазкур аз 1 январи соли 2022 фонди музди меҳнат ва маблағгузории дигар хароҷоти вобаста ба фаъолияти Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-ро таъмин намояд ().
5. Ба Номгӯи муассисаҳою корхонаҳои системаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 ноябри соли 2015 № 704
ш.Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" таъсис дода шавад.
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-ро ҳал намояд.
3. Маблағгузории Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" дар давраи таҷрибави дар доираи маблағҳои аз ҳисоби ташкилотҳои донорӣ ҷалбшаванда таъмин карда шавад.
4. Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-25, ҷойгир карда шавад.
5. Ба Номгӯи муассисаҳою корхонаҳои системаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 ноябри соли 2015 № 704
ш.Душанбе