Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015 № 643 "Дар бораи тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон"

Санаи амалкуни: 27.10.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.10.2020 № 557)

Мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стратегияи миллӣ оид ба кам кардани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2. Низомнома дар бораи тартиби воридоту содироти моддаҳои вайронкунандаи озон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаи 2).

3. Номгӯи ягонаи моддаҳои вайронкунандаи озон ва маҳсулоте, ки дар таркибашон онҳо мавҷуд буда, барои воридоту содироти онҳо ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳо истифода бурда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замимаи 3).

4. Квотаҳо барои давраи солҳои 2015-2030ҷиҳати воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд (замимаи 4) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.10.2020 № 557).

5. Аз 1 январи соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти маҳсулоте, ки дар таркибашон моддаҳои вайронкунандаи озон мавҷуд буда, ба гурӯҳи I Рӯйхати С Протоколи Монреал дохил карда шудаанд, манъ карда шавад.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2002, № 477 "Дар бораи тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 ноябри соли 2015 № 643

ш.Душанбе

Замимаи 4  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.10.2020 № 557)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон

Мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стратегияи миллӣ оид ба кам кардани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2. Низомнома дар бораи тартиби воридоту содироти моддаҳои вайронкунандаи озон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаи 2).

3. Номгӯи ягонаи моддаҳои вайронкунандаи озон ва маҳсулоте, ки дар таркибашон онҳо мавҷуд буда, барои воридоту содироти онҳо ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳо истифода бурда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замимаи 3).

4. Квотаҳо барои давраи солҳои 2015-2020 ҷиҳати воридоти моддаҳои вайронкунандаи озон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд (замимаи 4).