Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2020, № 557 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №643"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №643

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №643 "Дар бораи тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон" рақами "2020" ба рақами "2030" иваз карда шуда, пас аз калимаи "вайронкунандаи" калимаи "қабати" илова карда шавад.

2. Замимаи 4 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №643 "Дар бораи тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон" дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 октябри соли 2020, № 557

ш. Душанбе

 

Замима