Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Муассисаи давлатии "Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия"
Мутобиқи моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия" мақоми миллӣ оид ба аккредитатсия муайян ва Оинномаи он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Муқаррар карда шавад, ки Муассисаи давлатии "Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия" фаъолияти хешро аз 1 январи соли 2016 оғоз менамояд.
3. Маблағгузории Муассисаи давлатии "Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия" аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ ба роҳ монда шавад. Шумораи ниҳоии кормандони Муассисаи давлатии "Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия", ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, ба миқдори 6 воҳиди корӣ дар доираи воҳидҳои кории амалкунанда муқаррар карда шавад.
4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгир намудани Муассисаи давлатии "Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия" бинои зарурӣ ҷудо намояд.
5. Ба Низомномаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 615 тасдиқ гардидааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- аз банди 1, 4, сархатҳои якум, дуюм, даҳум, бисту дуюм, бисту панҷум, сию шашум, сию ҳафтум, чилу якуми банди 5, сархатҳои шашум, ҳаштум ва сездаҳуми банди 6 калимаҳо ва аломатҳои "аккредитатсия,", ", аккредитатсия", "аккредитатсия ва", "ва аккредитатсия" хориҷ карда шаванд;
- сархатҳои сездаҳум, сию чорум, сию панҷуми банди 5, сархати панҷуми банди 6 хориҷ карда шаванд;
- дар сархати ҳаждаҳуми банди 9 калимаҳои "сертификатсия ва аккредитатсияи" ба калимаи "сертификатсияи" иваз карда шаванд.
6. Аз сархати сеюми Сохтори Дастгоҳи марказии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 615 тасдиқ гардидааст, калимаҳои "ва ваколатдиҳӣ" хориҷ карда шаванд.
7. Муқаррар карда шавад, ки то 1 январи соли 2017 вазифаҳо оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи аккредитатсия аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, минбаъд ба зиммаи мақоми миллӣ оид ба аккредитатсия вогузор карда мешаванд.
8. Муқаррар карда шавад, ки Муассисаи давлатии "Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия" аз 1 январи соли 2017 ҳамчун сохтори мустақил дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида аз нав ташкил дода мешавад.
9. Муқаррар карда шавад, ки тағйирот дар Низомнома ва Сохтори Дастгоҳи марказии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2016, № 615 тасдиқ шудаанд, аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода мешаванд.
10. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2017 тибқи тартиби муқарраргардида тамоми чораҳои ташкилии дахлдорро барои ба охир расонидани давраи гузариш ва таъсиси мақоми миллӣ оид ба аккредитатсия ҳамчун сохтори мустақил дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.
11. Муқаррар карда шавад, ки агар Муассисаи давлатии "Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия" аз 1 январи соли 2017 салоҳияти пурраи фаъолияти мустақилро ноил нагардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад давраи гузаришро то мӯҳлати на дертар аз соли 2019 тамдид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 18 ноябри соли 2015 № 674
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О вопросах Государственного учреждения "Национальный центр по аккредитации"
В соответствии со статьей 53 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Определить Государственное учреждение "Национальный центр по аккредитации" национальным органом по аккредитации и утвердить его Устав (прилагается).
2. Установить, что Государственное учреждение "Национальный центр по аккредитации" начнет свою деятельность с 1 января 2016 года.
3. Финансирование Государственного учреждения "Национальный центр по аккредитации" осуществить за счёт средств Государственного бюджета и хозяйственной деятельности. Установить предельную численность работников Государственного учреждения "Национальный центр по аккредитации", финансируемых за счёт Государственного бюджета, в количестве 6 единиц в пределах действующих штатных единиц.
4. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан выделить необходимое здание для размещения Государственного учреждения "Национальный центр по аккредитации".
5. В Положение Агентства по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №615 внести следующие изменения:
- из пунктов 1, 4, абзацев первого, второго, десятого, двадцать второго, двадцать пятого, тридцать шестого, тридцать седьмого, сорок первого пункта 5, абзацев четвертого, шестого, восьмого, тринадцатого пункта 6 и абзаца восемнадцатого пункта 9 слова и знаки "аккредитации,", ", аккредитации", "аккредитации и" "и аккредитации" исключить;
- абзацы тринадцатый, тридцать четвертый, тридцать пятый пункта 5 и абзац пятый пункта 6 исключить.
6. В абзаце третьем Структуры Центрального аппарата Агентства по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №615 слова "и аккредитации" исключить.
7. Установить, что до 1 января 2017 года функции по реализации национальной государственной политики и нормативному правовому регулированию в сфере аккредитации будет осуществляться Агентством по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан, с последующей передачей национальному органу по аккредитации.
8. Установить, что Государственное учреждение "Национальный центр по аккредитации" с 1 января 2017 будет в установленном порядке преобразован в самостоятельную структуру при Правительстве Республики Таджикистан.
9. Установить, что изменения в Положении и Структуре Центрального аппарата Агентства по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденные постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №615 вступят в силу с 1 января 2017 года.
10. Агентству по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан до 1 января 2017 года в установленном порядке осуществить все соответствующие организационные меры для завершения переходного периода и создания национального органа по аккредитации как самостоятельной структуры при Правительстве Республики Таджикистан.
11. Установить, что в случае если Государственное учреждение "Национальный центр по аккредитации" к 1 январю 2017 года не достигнет полной компетентности самостоятельно осуществлять деятельность, Правительство Республики Таджикистан может продлить переходный период до срока не позднее 2019 года.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 18 ноября 2015 года, № 674