×

Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 № 494

Санаи амалкуни: 25.09.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" августи соли 2015, № 494

тасдиқ шудааст

Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 483, аз 27.07.2024 № 430

1. Муқаррароти умумӣ

1. Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи маориф дар самти таҳсилоти умумӣ муайян ва таъмин намуда, маҷмӯи талаботро ба сатҳи мувофиқи таҳсилот муқаррар менамояд.

2. Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Стандарт) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

2. Мафҳумҳои асосӣ

3. Дар Стандарти мазкур мафҳумҳои асооии зерин истифода мешаванд:

- Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ - ҳуҷҷати меъёриест, ки маҷмӯи мақсад, вазифаҳо, мазмуни асосии таҳсилот, принсипҳои асосии ташкили ҷараёни таълимро муайян намуда, талаботи умумиро ба ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ, сифати дониш, малака, маҳорат ва салоҳияти хонандагон, қоидаҳои назорати давлатии сифат ва натиҷаҳои таҳсилот, сатҳи омодагии хатмкунандагон ва ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро муқаррар менамояд;

- Стандартҳои фанҳои таълимӣ - ҳуҷҷатест, ки мақсад, вазифа, сохтор, мазмуни асосии таҳсилоти фанни алоҳидаи таълимӣ ва ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмии барои омӯзиши он ҷудошуда, ҳамчунин маҷмӯи талаботро ба ҳадди ҳатмии (ақали) сатҳи омодагии хонандагон дар ҳар як зинаи таҳсилоти умумӣ муайян менамояд;

- нақшаи таълимӣ - ҳуҷҷате, ки дар асоси нақшаи таълимии заминавӣ таҳия гардида, номгӯи фанҳо, миқдори соатҳои таълимии муқарраргардида, ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ ва равияҳои таҳсилро дар зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ муқаррар менамояд;

- қисми асосии нақшаи таълимӣ - маҷмӯи фанҳои таълимии ба Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ воридгардида, ки омӯзиши онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад;

- қисми иловагии нақшаи таълимӣ - маҷмӯи фанҳои таълимие, ки муассисаи таҳсилоти умумӣ бо назардошти талаботи таълимӣ ва қобилияти хонандагон муайян менамояд;

- ҳадди ниҳоии сарбории таълимӣ - ҳаҷми соатҳои таълимӣ қисми асосӣ ва иловагии нақшаи таълимӣ буда, барои азхудкунии мазмуни фанҳои таълимӣ дар зинаҳои таҳсилот ва соли таҳсил зарур мебошад;

- барномаи таълимӣ - барномаи таълимие, ки мазмуни асосии фанҳои ҳатмии таълимии ба сарбории ҳатмии таълимӣ воридгардида, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи хонандагонро муайян менамояд;

- барномаи таълимии иловагӣ - барномаи таълимие, ки аз рӯии қисми иловагии нақшаи таълимӣ таҳия гардида, мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълимро муайян намуда, ба воситаи машғулиятҳои иловагӣ, бо дарназардошти қобилият ва имкониятҳои дарки хонандагон амалӣ карда мешавад;

- барномаи таълимии соҳавӣ - барномае, ки мазмуни таҳсилотро вобаста ба равияи таълимӣ муайян намуда, омӯзиши амиқи ин фанҳоро ба роҳ мемонад;

- барномаи таълимии инфиродӣ - барномаи таълимие, ки барои гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон бо дарназардошти хусусиятҳои хоси рушд ва имкониятҳои қобилияти хонандагон таҳия мегардад;

- мазмуни асосии таҳсилот - маҷмӯъ ва ҳаҷми мазмуни таҳсилоти умумӣ, ки омӯзиши он дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, барои идомаи таҳсил дар зинаҳои ояндаи таҳсилот басанда мебошад;

- сатҳи асосии азхудкунии мазмуни таҳсилот - ҳадди ҳатмӣ (ақали) ҳаҷми дониш, малака ва маҳорати хонандагон мебошад;

- соҳаи таълим - қисми аоосии мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки омӯзиши ҳатмии фанҳои таълимиро муайян менамояд;

- сатҳи омодагии хатмкунандагон - натиҷаи дастовардҳои таълимии хонандагон дар раванди таҳсил тибқи талаботи ҳатмӣ ва сатҳи асосии таҳсилот дар ҳар як зинаи муассисаи таҳсилоти умумӣ.

3. Соҳаи татбиқ

4. Татбиқи Стандарт аз ҷониби муассисаю ташкилотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

- муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки барномаҳои таҳсилоти умумиро амалӣ менамоянд;

- муассисаҳои таълимие, ки гирифтани таҳсилоти миёна ва олии касбии омӯзгориро таъмин менамоянд;

- муассисаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҳангоми таҳияи барномаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;

- маркази миллии тестӣ ҳангоми таҳияи маводи санҷишию озмоишӣ барои ташкили қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

- муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ҳангоми таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми маблағгузории муассисаҳои таълимие, ки барномаҳои таълимии асосии таҳсилоти умумиро амалӣ менамоянд;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, назорати давлатии сифати таҳсилот;

- муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳангоми назорати иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ.

4. Принсипҳои таҳияи Стандарт

5. Ҳангоми таҳияи Стандарт принсипҳои зерин ба назар гирифта шудаанд:

- мувофиқати Стандарт бо муқаррарот ва талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- мувофиқати Стандарт бо меъёрҳои байналмилалии таҳсилот;

- мақсаднокӣ ва самарабахшии Стандарт;

- мувофиқати талаботи Стандарт ба рушди ҷомеа ва талаботи шахс ба таҳсил;

- мувофиқати талаботи Стандарт ба хусусиятҳои синнусолӣ, рушди қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва малакаи хонандагон;

- мувофиқати мазмуни таҳсилот ба пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникии ҷомеа ва талабот ба ташаккули шахс;

- ташаккули принсипҳои инсондӯстӣ дар ҷомеа;

- ягонагӣ ва умумияти Стандарт барои муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

- ба назар гирифтани анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ;

- мушаххас будани самти истифодаи Стандарт.

5. Мақсади Стандарт

6. Мақсади Стандарт аз инҳо иборат аст:

- таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф дар самти таҳсилоти умумӣ;

- мувофиқати сохтор ва зинаҳои таҳсилоти умумӣ вобаста ба инкишофи хусусиятҳои синнусолии хонандагон;

- фарогирии пурраи кӯдакони синни мактабӣ ба таҳсил;

- таъмини сифати таҳсилот бо дарназардошти талаботи ҷомеа;

- такмили системаи арзёбии сифати таҳсилот, ҳавасмандгардонии хонандагон, фаъолияти самарабахши омӯзгорон;

- таъмини ҳуқуқи конститутсионӣ ва риояи ӯҳдадориҳои хонандагон ва омӯзгорон;

- таъмини шароити мусоид барои ташаккули ҳаматарафаи хонандагон ва қонеъ намудани талаботи онҳо ба таҳсилоти иловагӣ;

- таъмини таҳсилоти босифати ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар доираи талаботи ҳадди ақал;

- истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои давлатии барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷудошуда;

- муттасилӣ ва пайдарҳамии зинаҳои таҳсилоти умумӣ;

- амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасии таҳсилоти умумӣ ва интихоби муассисаи таълимӣ;

- рушди робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо дар соҳаи маориф.

6. Муқаррароти Стандарт

7. Стандарт муқаррар менамояд:

- таъмини баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;

- ягонагии фазои таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мазмуни фанҳои таълимӣ ва дурнамои онҳо;

- пайдарҳамии барномаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

- навгонии таҳсилот дар баробари рушди илм, техника ва ҷомеаи муосир;

- таҳияи самтҳои асосии аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

- таҳияи намунаи ҳуҷҷатҳои давлатии таҳсилот;

- ташкили шароит барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва зеҳнии омӯзгорон;

- танзими назорати сифати таҳсилот;

- таъмини усул ва принсипҳои инсондӯстона дар раванди таълим;

- мутобиқати раванди таълиму тарбия ба талаботи ҷомеаи муосир.

7. Таъиноти Стандарт

8. Таъиноти Стандарт иборат аст аз:

- мазмуни таҳсилоти умумӣ ва натиҷаҳои он, ҳаҷми сарбории таълимии хонандагон;

- фароҳам овардани шароит дар зинаҳои таҳсилот (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ) барои ташаккули ҳаматарафаи шахсият;

- мутобиқати сохтор ва мазмуни таҳсилот бо дарназардошти хусусиятҳои психофизиологии хонандагон;

- пайдарҳамӣ ва муттасилии сатҳ ва зинаҳои таҳсилоти умумӣ;

- пайдарҳамии мазмуни таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

- фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи шахсият, ҳифз ва таҳкими саломатии хонандагон;

- ҳуқуқи дастрасии шаҳрванд ба таҳсилоти умумӣ, интихоби намуди муассисаи таълимӣ;

- ҳуқуқи шаҳрвандон дар гирифтани маълумоти пурра, дақиқ дар бораи меъёр, талаботи давлатӣ ба мазмуни таҳсилоти умумӣ ва дараҷаи омодагии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ;

- ҳамгироии назария ва амалия дар ҷараёни таълим;

- риояи сифат ва самарабахшии таҳсилот дар асоси талаботи ҷомеаи муосир;

- ҷорӣ намудани усулҳои таълиму тарбияи ҳамгиро дар ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

- танзими муносибатҳои байниҳамдигарии иштирокчиёни раванди таълим ҷиҳати ба даст овардани мақсадҳои гузошташуда;

- таъмини сифати таҳсилот ва қонеъ гардонидани талаботи хонандагон ба таҳсил;

- ҳифз намудани хонандагон аз сарбории зиёди таълимӣ бо мақсади эмин доштани ҳолати равонӣ ва ҷисмонии онҳо;

- ба роҳ мондани таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

- ташкили хадамоти мустақили ташхисӣ (экспертӣ) доир ба муайян намудани баробарарзишӣ (нострификатсия) ва эътирофи (эквивалентии) ҳуҷҷатҳои таҳсилот;

- ташаккули тафаккури таҳлилии хонандагон;

- таъмини самарабахшии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи назария ва амалияи таҳсилот;

- баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон, мувофиқати таълим ба зинаҳои таҳсилот;

- ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият;

- рушди фаъолнокии хонандагон дар ҷомеа;

- баробарҳуқуқии гендерӣ дар таҳсилот.

8. Истифодаи Стандарт

9. Стандарти мазкур асос аст барои:

- таҳияи стандартҳои фаннӣ барои зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ;

- таҳияи Нақшаҳои таълимии асосӣ ва иловагӣ;

- таҳияи барномаҳои таълимии асосӣ ва иловагӣ, китобҳои дарсӣ ва маҷмӯи маводи таълимию методӣ, инчунин барои ташхиси сифати он;

- таъмини пайдарҳамӣ байни зинаҳои таҳсилоти умумӣ;

- ба роҳ мондани ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳукуқӣ;

- таҳияи системаи санҷишӣ баҳодиҳӣ барои муайян намудани натиҷаи фаъолияти омӯзгор, муассисаи таълимӣ;

- таҳияи маводи санҷишӣ ҷиҳати муайян намудани сатҳи омодагии хонандагон ва аттестатсияи онҳо;

- таҳияи барномаҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони педагогӣ;

- ташкили бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф;

- таҳияи нақшаи таълимии муассисаи таълимӣ;

- ташкили ҷараёни таълим дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ки барномаҳои асосии таълимиро тибқи талаботи Стандарт амалӣ менамоянд;

- арзёбии сатҳи омодагии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ;

- арзёбии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;

- муайян намудани ҳаҷми маблағгузории буҷетии хизматҳои таълимӣ, ки ба таври ройгон ба шаҳрвандон расонидани онҳо аз тарафи давлат кафолат дода мешавад;

- муқаррар намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти умумӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳия ва муқаррар намудани талаботи ягона ба таъминоти моддию техникӣ ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо таҷҳизоти таълимӣ;

- таҳияи меъёрҳои таъминоти молиявии фаъолияти таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки барномаҳои асосии таълимиро амалӣ менамоянд, ташкили фармоиши давлатӣ барои муассисаҳои таълимӣ;

- ташкили системаи мониторинги дохилии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;

- гузаронидани марҳилаҳои рейтинги сифати таҳсилот ва аттестатсияи хонандагон;

- ташкили фаъолияти хадамоти методӣ;

- аттестатсияи кормандони педагогӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимӣ.

9. Талаботи Стандарт

10. Стандарт аз талаботи зерин иборат аст:

- ба ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ барои як хонанда дар давоми як ҳафтаи таълимӣ;

- ба сохтори барномаҳои асосии таълимӣ, аз ҷумла талабот ба таносуби қисми асосии барномаҳои таълимӣ ва ҳаҷми онҳо;

- ба мазмуни асосии таҳсилот дар омӯзиши фанҳои таълимӣ;

- ба шароити ҷараёни таълиму тарбия;

- ба шароити татбиқи барномаҳои асосии таълимӣ, пояи кадрӣ, молиявӣ, моддию техникӣ ва дигар шароитҳо;

- ба натиҷаҳои азхудкунии барномаҳои асосии таълимӣ;

- ба натиҷаҳои сатҳи омодагии хатмкунандагон дар зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ;

- ба ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот дар зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ.

10. Мақсад ва вазифаҳои таҳсилоти умумӣ

11. Мақсади таҳсилоти умумӣ иборат аст аз:

- тарбияи шаҳрванди аз ҷиҳати ақлонӣ ташаккулёфта ва дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ, ки дар тӯли ҳаёт барои аз худ кардани донишҳои нав кӯшиш менамояд;

- ташаккули тасаввуроти бонизом дар бораи олам, ҷомеа ва инсон, навоварии илму техника, фарҳанги инноватсионӣ;

- рушди қобилияти дарк кардан, худинкишофёбӣ ва худидоракунӣ дар хонандагон тавассути ташаккулёбии салоҳиятҳои фаннӣ ва истифодаи эҷодкоронаи донишҳои бадастоварда дар таҳсил ва зиндагӣ;

- рушди қобилияти аз худ кардани асосҳои илм, ташаккул додани омодагӣ ба таҳсилоти муттасил, фаъолияти меҳнатӣ, интихоби мустақилонаи ҳаёт ва мутобиқшавӣ ба ҷомеа, эҷодкорона ва бомасъулият иштирок намудан дар ҳаёти оилавӣ, ҷомеа ва давлат;

- рушди хонандагон дар самти аз худ кардани фаъолият дар самтҳои гуногун, ки ҳам дар ҷараёни таҳсил ва ҳам дар ҳаёт истифода бурда мешаванд;

- ташаккули шахсияти аз нигоҳи иҷтимоӣ хушахлоқ, озодандеш, донишманд, ки барои амали худ дар оила, коллектив ва ҷомеа масъул мебошад;

- тарбияи шахсияти соҳибмаълумот ва соҳибфарҳанг, ки донандаи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги умумибашарӣ мебошад;

- тарбияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги умумибашарӣ;

- тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри инкишофи фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятиву фарҳангӣ;

- тарбия ва рушди шахсияти дорои дарки баланди ватандӯстӣ, принсипҳои инсондӯстӣ, зери мафҳуми ягонагӣ ва ифтихори миллӣ, баробарҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, тоқатпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ;

- ташаккули маърифати воло ва таҳаммулпазирӣ;

- ташаккули шахсияти фаъол, масъул, созандаю эҷодкор, ки ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муносибати эҳтиромона дорад;

- тарбияи шахсе, ки ба ҳаёт ва муҳити атроф муносибати эҳтиёткорона дорад.

12. Вазифаҳои таҳсилоти умумӣ иборатанд аз:

- фароҳам овардани шароит барои инкишофи равонию ахлоқӣ, ҷисмонии хонандагон, аз худ намудани арзишҳои миллӣ ва фарҳанги умумибашарӣ, тарбияи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фароҳам овардани шароит барои аз тарафи хонандагон аз худ кардани асосҳои илм, забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, рушди маҳорати меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ, намудҳои гуногуни фаъолияти эҷодӣ ва иртиботӣ, дар онҳо ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ ва таҷрибаи ҳамкории байнифарҳангӣ;

- нигоҳдорӣ ва таҳкими саломатии ҷисмонӣ ва равонии хонандагон, тарбияи муносибати эҳтиёткорона ба саломатии худ ва шахсони дигар, ташаккули малакаи гигиенӣ, тарзи ҳаёти солим ва рафтори бехатар;

- омода намудани насли наврас ба зиндагии шоиста дар ҷомеа, худмуайянкунӣ ва худтатбиқкунӣ, аз ҷумла барои идомаи таҳсил, фаъолияти созанда ба манфиати оила, ҷомеа ва рушди иҷтимоию иқтисодии давлат.

11. Талаботи умумӣ ба мазмуни асосии таҳсилоти умумӣ. Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

13. Нақшаи таълимӣ ҷузъи таркибии Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ буда, мазмуни таҳсилоти умумӣ, ҳаҷми сарбории ҳатмӣ ва ниҳоии таълимро муайян менамояд.

14. Принсипҳои асосии Нақшаи таълимро яклухтӣ, алоқамандӣ, пайдарҳамӣ ва мутобиқат ташкил медиҳанд.

15. Яклухтии Нақшаи таълимӣ ба хонандагон имконият медиҳад, ки алоқамандии ҳодиса ва воқеаҳои муҳити атрофро аз нигоҳи илмӣ дарк намоянд.

16. Нақшаи таълимӣ барои аз худ намудани барномаҳои таълимӣ пайдарҳамии доимиро дар омӯзиши фанҳо таъмин менамояд.

17. Мутобиқати Нақшаи таълимӣ ҳамоҳангии миқдори соатҳои ҷудошударо ба фанҳои таълимӣ дар назар дорад.

18. Нақшаи таълимии асосӣ барои таҳияи нақшаи таълимии муассиса ҳамчун асос истифода мешавад.

19. Нақшаи таълимӣ барои литсей ва гимназияҳо дар асоси Нақшаи таълимии асосӣ таҳия карда мешавад.

20. Миқдори соатҳои таълимӣ, ки барои омӯзиши фанҳо ҷудо шудаанд, набояд аз миқдори соатҳои дар Нақшаи таълимии асосӣ нишондодашуда кам бошанд.

21. Дар асоси Нақшаи таълимии асосӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, вобаста ба зинаҳои таҳсилот омӯзиши фанҳои забони модарӣ, адабиёт, забони давлатӣ, забони русӣ, забонҳои хориҷӣ, алифбо ва матни ниёгон, математика, алгебра, геометрия, физика, химия, табиатшиносӣ, биология, экология, география, асосҳои иқтисодиёт, таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, таърихи дин, маърифати оиладорӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, технологияи иттилоотӣ, технология (таълими меҳнат), санъати тасвирӣ ва меҳнат, суруд ва мусиқӣ, нақшакашӣ, тарбияи ҷисмонӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ҳатмӣ мебошад.

22. Дар Нақшаи таълимӣ соатҳо чунин тақсим шудаанд:

а) Қисми асосӣ: соатҳои таълимии ҳатмие, ки барои омӯзиши фанҳои таълимӣ пешбинӣ шуда, аз тарафи давлат маблағгузорӣ карда мешаванд.

б) Қисми соатҳои иловагӣ - ҳаҷми сарбории таълимие, ки барои қонеъ намудани малакаву қобилият ва талаботи хонандагон илова ба нақшаи асосии таълимӣ пешбинӣ шуда, аз ҷониби муассисон, муассисаи таълимӣ, падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) маблағгузорӣ карда мешавад.

в) Қисми соатҳои фардии хонанда - соатҳое, ки барои тайёр кардани вазифаи хонагӣ пешбинӣ шудааст.

23. Қисми асосии Нақшаи таълимӣ талаботи давлатиро ба назар гирифта, азхудкунии мазмуни асосии таҳсилоти умумӣ ташаккули ақлонӣ, ҷисмонӣ ва маънавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

24. Қисми асосии Нақшаи таълимӣ ҳатмӣ ва тағйирнопазир буда, аз ҷониби муассисаи таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳукуқии он амалӣ карда мешавад.

25. Қисми иловагии Нақшаи таълимӣ бо дарназардошти қобилияти инфиродии хонандагон ва дархости падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) таҳия карда мешавад.

26. Нақшаи таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ карда мешавад.

27. Нақшаи таълимии муассиса, ки дар асоси қисми асосӣ ва иловагии Нақшаи таълимӣ таҳия мегардад, аз ҷониби мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта, муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ (хусусӣ) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ карда мешаванд.

12. Талабот ба мазмуни асосии таҳсилот вобаста ба зинаҳои таҳсилот

28. Стандарт талаботи зеринро ба мазмуни асосии таҳсилоти умумӣ муқаррар менамояд:

- ягонагии фазои таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураттабӣ, муттасилӣ, пайдарҳамии мазмуни таҳсилоти умумӣ дар зинаҳои таҳсилот;

- дастрасии баробар ба таҳсилоти умумӣ;

- талаботи ягона ба мазмуни таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли таҳсил.

29. Мазмуни таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ дар нақшаҳои таълимии зинаи дахлдори таҳсилот ба воситаи соҳа ва фанҳои таълимӣ пешниҳод мегардад.

30. Нақшаи таълимӣ мазмуни таҳсилотро ба қисми асосӣ ва қисми иловагӣ ҷудо менамояд.

31. Барномаҳои асосии таълимӣ мазмуни асосии таҳсилоти умумиро амалӣ намуда, талаботро ба омодагии хонандагон вобаста ба зинаи таҳсилот муайян менамоянд.

32. Барномаҳои таълимии иловагӣ мазмуни фанҳои таълимиеро, ки муассисаи таълимӣ аз ҳисоби соатҳои қисми иловагӣ интихоб мекунад, амалӣ менамоянд.

33. Соҳа ва фанҳои таълимии қисми асосии мазмуни таҳсилот барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ҳатмӣ мебошад.

34. Мазмуни фанҳои таълимии қисми асосии мазмуни таҳсилотро стандартҳои фаннии зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ муайян менамояд.

35. Қисми иловагии мазмуни таҳсилот хусусиятҳои махсуси муассисаи таҳсилоти умумиро инъикос намуда, ба таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои таҳсилоти иловагӣ берун аз стандартҳои давлатии фаннии зинаҳои таҳсилоти умумӣ равона шудааст.

36. Бо мақсади қонеъ намудани талаботи маърифатии хонандагон, нақшаҳои иловагии таълимӣ таҳия мегарданд, ки омӯзиши амиқи фанҳои алоҳидаро аз ҳисоби қисми иловагӣ таъмин менамоянд.

13. Машғулиятҳои факултативӣ

37. Машғулиятҳои факултативӣ - ҷараёни таълиму тарбияе, ки берун аз дарс дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ташкил шуда, шароити мусоиди таълиму тарбияро бо назардошти талаботи инфиродӣ, қобилият ва шавқу рағбат ва дархости хонандагон таъмин менамояд.

38. Дар муассисаҳои таълимӣ машғулиятҳои факултативӣ дар самтҳои табиӣ-риёзӣ, ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, экологӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ, мусиқӣ, рақсӣ, бадеӣ, театрӣ, варзишӣ ва ғайра ташкил карда мешавад.

39. Хонандагон бо дархости падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда), бо дарназардошти майл, хоҳиш, қобилият, маҳорат ва саломатӣ дар машғулиятҳои факултативй метавонанд фанҳои алоҳидаро дар сатҳи амиқ ва дар доираи соатҳои дар нақшаи таълимии иловагӣ омӯзанд.

40. Машғулиятҳои факултативӣ то саршавии дарс ё баъд аз дарс гузаронида мешаванд.

14. Соҳаи таълим ва таркиби фанҳои таълимӣ

41. Дар зинаҳои таҳсилоти умумӣ таносуби мундариҷаи таҳсилоти умумӣ ба соҳаҳои зерин тақсимбандӣ карда мешавад: "Филология", "Ҷомеашиносӣ", "Математика", "Табиатшиносӣ", "Санъат", "Тарбияи ҷисмонӣ", "Технология".

42. Номгӯи соҳаҳои таълим барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти умумӣ ҳатмӣ мебошад. Бо дарназардошти он номгӯи зерини фанҳои таълимӣ вобаста ба соҳаҳои таҳсилот муқаррар карда мешавад:

- Филология: "Забони модарӣ", "Адабиёт", "Забони давлатӣ", "Забони русӣ", "Забони хориҷӣ", "Алифбо ва матни ниёгон";

- Ҷомеашиносӣ; "Таърихи халқи тоҷик", "Таърихи умумӣ", "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ", "Ҳуқуқи инсон", "Таърихи дин", "Маърифати оиладорӣ", "Асосҳои иқтисодиёт";

- Математика: "Математика", "Алгебра", "Геометрия";

- Табиатшиносӣ: "Табиатшиносӣ", "Физика", "Химия", "Биология", "Экология", "География";

- Санъатшиносӣ: "Санъати тасвирӣ", "Нақшакашӣ", "Суруд ва мусиқӣ";

- Тарбияи ҷисмонӣ: "Тарбияи ҷисмонӣ" ва "Омодагии ибтидоии ҳарбӣ";

Технология: "Технология (Таълими меҳнат)", "Технологияи иттилоотӣ".

15. Зинаҳои таҳсилоти умумӣ

43. Зинаҳои таҳсилоти умумӣ ва мӯҳлати таҳсил:

- зинаи якум - таҳсилоти ибтидоӣ (синфҳои 1-4) - мӯҳлати таҳсил 4 сол;

- зинаи дуюм - таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 5-9) - мӯҳлати таҳсил 5 сол;

- зинаи сеюм - таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 10-11)мӯҳлати таҳсил 2 сол.

44. Таҳсилоти умумӣ сохтор ва мазмуни ягонагию алоқамандии се зинаи таҳсилоти умумиро таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 430). 

45. Зинаи якуми таҳсилоти умумӣ таҳсилоти умумии ибтидоиро таъмин намуда, барои идомаи таҳсил дар зинаи дуюм замина мегузорад. Ҷалби кӯдаконе, ки ба синни 7 расидаанд, ба синфи як ҳатмӣ мебошад.

46. Таҳсилоти умумии асосӣ бо гузаронидани аттестатсияи хатм анҷом ёфта, ҳуқуқи идомаи таҳсили шаҳрвандонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин менамояд.

47. Таҳсилоти миёнаи умумӣ бо гузаронидани аттестатсияи хатм анҷом ёфта, ҳуқуқи идомаи таҳсили шаҳрвандонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таъмин менамояд.

48. Давомнокии соли таҳсил дар синфи якум 35 ҳафта, синфҳои 211 таҳсилоти умумӣ 36 ҳафтаи таълимиро ташкил медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 483).

16. Талаботи умумӣ ба зинаи якуми таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4)

49. Мақсад, вазифа ва хусусиятҳои ташкили ҷараёни таълим ва тарбия Мақсади асосии таҳсилоти ибтидоӣ аз инҳо иборат аст:

- ошкор намудан ва рушди қобилият, кӯшишҳои фардии хонандагон;

- ташаккули малака ва маҳорати хонандагон;

- тарбияи сифатҳои маънавию ахлоқӣ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити атроф;

- ташаккули донишҳои асосӣ, маҳорат ва малакаи хониш, навишт, ҳисоб, муошират, тарзи ҳаёти солим.

50. Вазифаҳои таҳсилоти ибтидоӣ аз инҳо иборат аст:

- мутобиқгардонии хонандагон ба ҳақиқати муҳити атроф;

- ташаккули мақоми хонанда;

- ошкор ва рушди дарки таълимӣ-маърифатӣ;

- тарбияи муносибати арзишмандона ба муҳити атроф;

- ташаккули омодагӣ ба азхудкунӣ ва дарки дурусти қонунҳои бунёдии инкишофи табиат ва ҷамъият;

- фароҳам овардани шароит барои ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни фаъолият (ба таълим, меҳнат ва ғ.).

51. Дар зинаи якуми таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тоҷикӣ омӯзиши фанҳои "Алифбо", "Забони модарӣ", "Забони давлатӣ", "Забони русӣ", "Забони хориҷӣ", "Математика" "Табиатшиносӣ", "Санъати тасвирӣ ва меҳнат", "Суруд ва мусиқӣ" ва "Тарбияи ҷисмонӣ" ҳатмӣ мебошад.

52. Омӯзиши забони модарӣ (хондан, навшнтан, инкишофи нутқ) ва таълими санъати тасвирӣ ва меҳнат дар синфҳои ибтидоӣ ба таври ҳамгиро сурат мегирад.

53. Талаботе, ки ба ҳаҷм ва мазмуни таҳсилоти аоосӣ дар сатҳи барои омӯзиши фанҳои таълимӣ ва дараҷаи омодагии хонандагон пешниҳод карда мешавад, дар стандартҳои фаннӣ ва барномаҳои таълимӣ дарҷ мегардад.

54. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таълим дода мешавад.

55. Омӯзиши фанни "Забони русӣ" дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз синфи дуюм оғоз меёбад.

56. Аз синфи сеюм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзиши яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, франсавӣ, немисӣ ва арабӣ бо назардошти заминаи кадрӣ, имконоти муассисаи таълимӣ ва интихоби хонандагон) ҳатмӣ мебошад.

57. Дар зинаи якуми таҳсилот машғулиятҳои иловагӣ дар асоси хоҳиши падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) аз рӯи майлу рағбати хонанда ташкил карда мешаванд. Бо ин мақсад дар Нақшаи таълими соатҳои иловагӣ пешбинӣ мегардад.

58. Талаботе, ки ба ҳаҷм ва мазмуни таҳсилоти иловагӣ пешниҳод мегардад, дар барномаҳои таълимии дахлдор инъикос меёбанд.

59. Дар зинаи якуми таҳсилоти умумӣ мазмун ва ташкили ҷараёни таълиму тарбия мувофиқи меъёр, қоидаҳо ва талаботи санитарию гигиени дар реҷаи 5-рӯзаи ҳафтаи таълимӣ муқаррар карда мешавад.

60. Хонандагони синфи якум новобаста аз натиҷаҳои таълимӣ дар синфашон мононда намешаванд. Хонандагони синфҳои 2-4, ки таҳсилро дар зинаи якуми таҳсилоти умумӣ анҷом додаанд, вобаста аз натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, ба зинаи дуюми таҳсилоти умумӣ гузаронида мешаванд.

17. Талаботи умумӣ ба ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоии хонандагон

61. Дар доираи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар зинаи якуми таҳсилоти умумӣ ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ (дар як ҳафта) бо реҷаи ҳафтаи 5-рӯзаи таълимӣ мутобиқи нақшаи таълимии асосӣ (базавӣ) муқаррар мегардад.

62. Ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ (дар як ҳафта):

синфи 1-20 соат;

синфи 2-23 соат;

синфи 3-23 соат;

синфи 4-25 соат.

63. Ҳаҷми сарбории таълимии ниҳоӣ бо дарназардошти соатҳои иловагӣ (дар як ҳафта):

синфи 1 то 24 соат;

синфи 2 то 27 соат;

синфи 3 то 27 соат;

синфи 4 то 29 соат;

64. Мувофиқи талаботи тасдиқгардида дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои тайёр кардани вазифаи хонагӣ дар синфи 2 то 3 соат, синфи 3 то 3,5 соат ва дар синфи 4 то 3,5 соат пешбинӣ мегардад.

18. Талаботи умумӣ ба сатҳи дониши хонандагони зинаи аввали таҳсилоти умумӣ

65. Хонандагоне, ки зинаи аввали таҳсилоти умумиро хатм менамоянд, бояд:

- дар бораи моҳияти мафҳумҳои шахсият, шаҳрванд, Ватан, ватандӯстӣ тасаввурот ҳосил намоянд;

- арзишҳои фарҳангию таърихии халқи тоҷик ва суннату анъанаҳои халқҳои дигарро эҳтиром намоянд;

- аҳамияти иҷтимоии хонанда, ҳамсинф, аъзои коллектив ва ғайраро дарк намоянд;

- меъёрҳои ахлоқии рафторро аз худ намоянд, ба сифатҳои худ баҳо дода тавонанд, боадаб ва хушзеҳн бошанд;

- моҳият ва мафҳуми ибораҳои "пиндори нек", "гуфтори нек", "рафтори нек" -ро дарк намоянд;

- мақсад ва вазифаҳои таҳсилро дарк намоянд;

- фаъолиятҳоро ба нақша гиранд ва иҷро намоянд;

- дар муҳити таълимӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ мутобиқ гарданд;

- матнҳои бадеӣ ва илмию оммавиро бошуурона хонанд, маънои маводи хондашударо дуруст сарфаҳм раванд ва нақл карда тавонанд, вобаста ба матн ба саволҳо ҷавоб гардонанд, ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас ва мукаммал дода тавонанд, қоидаҳои навиштанро риоя намоянд, ҳисобро донанд, хати зебо дошта бошанд;

- доир ба муҳити илмии олам (муҳити атроф ва табиат) тасаввуроти аввалия дошта бошанд;

- қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, тарзи ҳаёти солим ва бехатарии рафторро донанд ва иҷро намоянд.

19. Талаботи умумӣ ба зинаи дуюми таҳсилоти умумӣ (синфи 5-9 (10)). Мақсад, вазифа ва хусусиятҳои ташкили ҷараёни таълим ва тарбия

66. Мақсади асосии таҳсилоти умумии асосӣ ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии хонандагон, муайян намудани мавқеи худ, меъёрҳои ахлоқию маънавӣ ва фарҳангӣ, мавқеи фаъоли ҳаётӣ, тарзи ҳаёти солим, рафтори бошуурона, маҳорати худмуайнкунии фаъолият, меҳнати зеҳнӣ ва ҷисмонӣ, худмуайянкунии касбӣ ва омода будан ба идомаи таҳсил ба шумор меравад. Самтҳои афзалиятноки зинаи мазкур омӯзиши фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ, табиию риёзӣ ва технологӣ мебошад.

67. Вазифаҳои асосии таҳсилоти умумии асосӣ:

- фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрас ва аз худ намудани дониш аз рӯи равияҳои таълимии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ;

- ташаккули маҳорати истифода аз сарчашмаҳои гуногуни маълумот;

- аз ҷониби хонандагон аз худ кардани асосҳои илм, маҳорати меҳнати ақлонӣ ва ҷисмонӣ ва ташаккул додани қобилияти фаъолияти маърифатӣ;

- ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тамоюлҳои арзишнок, меъёрҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ;

- ташаккули мавқеи фаъол дар зиндагӣ, омодагӣ ба худмуайянкунии касбӣ ва идомаи таҳсил;

- ташаккул додани мавқеи шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ, маданияти ахлоқӣ ва фарҳанги оиладорӣ, ақида ва боварӣ дар хонандагон;

- муайян намудани самти ҷараёни таълим ва тарбия барои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва рафтори бошууронаи хонандагон;

- таъмини муттасилӣ дар мазмун, усул ва шакли таълим дар зинаҳои I ва II таҳсилоти умумӣ.

68. Дар зинаи дуюми таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзиши фанҳои таълимии "Забони модарӣ", "Адабиёт", "Забони давлатӣ", "Алифбо ва матни ниёгон", "Забони русӣ", "Забони хориҷӣ", "Таърихи халқи тоҷик", "Таърихи умумӣ", "Таърихи дин", "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ", "Математика", "Алгебра", "Геометрия", "Нақшакашӣ", "Физика", "Химия", "Биология", "Экология" "География", "Суруд ва мусиқӣ, "Санъати тасвирӣ", "Технологияи иттилоотӣ", "Технология (Таълими меҳнат)", "Тарбияи ҷисмонӣ" ҳатмӣ мебошад.

69. Мундариҷаи фанҳои таълимӣ дар сатҳи асосии таҳсилот ва талабот ба тайёрии хатмкунандагонро стандартҳои фаннии таҳсилот муайян менамоянд.

20. Талаботи умумӣ ба ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоии хонандагон

70. Дар доираи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар зинаи дуюми таҳсилоти умумӣ ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ (дар як ҳафта) бо реҷаи ҳафтаи 6-рӯзаи таълимӣ мутобиқи Нақшаи таълимии асосӣ муқаррар мегардад.

71. Ҳаҷми сарбории таълими ҳатмии хонандагон дар як ҳафта:

синфи 5 - 25 соат;

синфи 6 - 26 соат;

синфи 7 - 29 соат;

синфи 8 - 30 соат;

синфи 9 - 31 соат.

72. Ҳаҷми сарбории таълимии ниҳоии хонандагон бо назардошти соатҳои иловагӣ (дар як ҳафта):

синфи 5 то 33 соат;

синфи 6 то 34 соат;

синфи 7 то 35 соат;

синфи 8 то 37 соат;

синфи 9 то 38 соат.

73. Мувофиқи талаботи тасдиқгардида дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ барои тайёр кардани вазифаи хонагӣ дар синфҳои 5-6 то 3,5 соат, синфи 7 то 4 соат ва синфҳои 8-9 то 4,5 соат пешбинӣ мегардад.

21. Талаботи умумӣ ба сатҳи омодагии хонандагони зинаи дуюми таҳсилоти умумӣ

74. Хонандагоне, ки зинаи дуюми таҳсилоти умумиро хатм менамоянд, бояд:

- маданият ва одоби муомила бо ҳамсолонро аз худ намоянд;

- ҷаҳонбини худро васеъ намуда, мақоми худро дар коллективи ҳамсолон муайян намоянд;

- нисбат ба ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ, мароқ зоҳир намуда, дар ҳаёт мавқеи фаъол дошта, дӯстдори Ватан бошанд;

- асосҳои дониши ҳуқуқӣ ва иқтисодиро аз худ намоянд, барои риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ омода бошанд;

- ба арзишҳои моддӣ ва маънавӣ муносибати эҳтиёткорона дошта, муносибати худро ба ҷомеа, давлат ва табиат мутобиқ карда тавонанд;

- забони давлатӣ ва забонҳои хориҷиро ҳамчун воситаи муошират ва шинохти олам аз худ намоянд;

- малакаву маҳоратеро, ки барои интихоби касб ва шиносоӣ ба фаъолияти меҳнатӣ мусоидат менамоянд, аз худ намоянд;

- дорои ҷаҳонбинии илмӣ барои дарки ҷаҳони моддӣ ва қонунҳои асосии инкишофи он, қобилияти қабул ва шарҳ додани ҳодисаҳои бавуқӯъомада ва ҳақиқати муҳити атрофро дар асоси донишҳои азхудкарда ва таҷриба дошта бошанд;

- асосҳои бехатарии фаъолият ва тарзи ҳаёти солимро донанд ва дорои таҷриба бошанд;

- дар ҷараёни гирифтани маълумоти гуногун бо мақсади омӯзиш ва фарҳанги умумибашарӣ қобилияти огоҳона муайян намудани мавқеи худро дошта бошанд;

- асосҳои технологияи иттилоотӣ ва иртиботии муосирро азхуд карда бошанд:

- барои дарки зебоии воқеияти атроф, муносибати арзишнок ба падидаҳои ҳаёт ва санъат қобилият дошта бошанд.

22. Талаботи умумӣ ба зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 10-11 (12)). Мақсад, вазифа ва хусусиятҳои ташкили ҷараёни таълиму тарбия

75. Дар сохтори таҳсилоти умумӣ зинаи сеюми таҳсилоттаҳсилоти миёнаи умумӣ марҳилаи хотимавии таҳсил ба ҳисоб меравад. Таҳсил дар синфҳои 10-11 (12) дар давраи худмуайянкунии касбии хонандагон дар асоси ҷамъбасти масъалаҳои назариявӣ ва банизомдарории малакаву донишҳои азхудкарда ва дарки асосҳои илми муосир дар ҷараёни таълиму тарбия ва ҷаҳонбинии шахс ба роҳ монда мешавад. Самти афзалиятноки зинаи мазкур омӯзииш фанҳои табиию риёзӣ, гуманитарию ҷамъиятӣ ва технологӣ ба ҳисоб меравад.

76. Дар зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ таълими равиявӣ пешбинӣ мегардад, ки ба хонандагон мувофиқа - майл ва қобилият имконияти идомаи таҳсилро бо дарназардошти интихоби касб, муайян менамояд.

77. Зарурати ҷорӣ кардани таълими равиявӣ иборат аст аз:

- эҳтиёҷоти давлат ва ҷомеа ба шахси фаъол ва ҳаматарафа инкишоёфта;

- талаботи афзоянда ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ;

- инкишофи қобилияти фардӣ, бо дарназардошти ҳадафҳои касбӣ ва талаботи хонандагон ба таҳсил.

78. Мақсади асосии зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ:

- дар хонандагон ташаккул додани фарҳанги умумибашарӣ, тамоюли арзишҳои инсондӯстӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва худогоҳии ҳуқуқӣ;

- ташаккули тасаввуроти бонизом дар бораи ҷаҳон, ҷомеа ва инсон;

- ташаккули омодагӣ ба таҳсили муттасил, меҳнати сермаҳсул, иштироки бунёдкорона ва масъулиятнок дар оила, ҷомеа, давлат;

- муҳайё намудани замина барои худинкишофёбӣ ва худтакмилдиҳӣ;

- ташаккули қобилиятҳои инфиродӣ ва эҷодӣ, бо дарназардошти ҳадафҳои касбӣ, шавқ ва талаботи хонандагон ба таҳсил.

79. Вазифаҳои асосии зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ иборатанд аз:

- таъмини омодагии таҳсилоти умумии хонандагон дар сатҳи муайян, қонеъ гардонидани талаботи таълимии онҳо, бо дарназрдошти ҳадафҳои касбӣ, шавқ ва қобилият;

- муҳайё намудани имконияти баробар ба хонандагон дар интихоби машғулиятҳои иловагӣ;

- фароҳам овардани шароит барои омодагии касбӣ ва гирифтани касби муносиби коргарӣ аз ҷониби хонандагон;

- фароҳам овардани шароит барои хонандагон ҷиҳати аз худ намудани намудҳои фаъолиятҳои гуногуни маърифатӣ, эҷодӣ, иртиботӣ, ташаккули омодагӣ барои идомаи таҳсил;

- таъмини муттасилӣ дар мазмун, усул ва шаклҳои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳое, ки ба гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро таъмин менамоянд;

- дар хонандагон ташаккул додани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги умумибашарӣ, инкишофи ҷаҳонбинӣ;

- ташаккули масъулияти шаҳрвандии хонанда ва аз худ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ;

- омодагӣ ба идомаи таҳсил, иштирок дар раванди меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва ҳаёти оилавӣ;

- ташаккули қобилияти эҷодии хонандагон бо дарназардошти меъёрҳои касбӣ, қонеъгардонии талаботи хонандагон ба таълим.

80. Дар зинаи сеюми таҳсилот омӯзиши фанҳои "Забони модарӣ", "Адабиёт", " Забони давлатӣ ", "Забони русӣ", "Забони хориҷӣ" "Таърихи халқи тоҷик", "Таърихи умумӣ", " Ҳуқуқи инсон", "Маърифати оиладорӣ" "Алгебра", "Геометрия", "Физика", "Химия", "Биология", "География", "Асосҳои иқтисодиёт", "Технологияи иттилоотӣ", "Технология (Таълими меҳнат)", "Тарбияи ҷисмонӣ", "Омодагии ибтидоии ҳарбӣ" ҳатмӣ мебошад.

81. Дар зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ диққати асосӣ ба интихоби касб равона карда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки хонандагон қобилият ва мавқеи худро вобаста ба таҳсили минбаъда дуруст муайян намоянд.

82. Таълими равиявӣ аз рӯи равияҳои ҷамъиятию гуманитарӣ, табиию риёзӣ ва техникию технологӣ, агротехникӣ, мусиқӣ, варзишӣ ба роҳ монда мешавад.

83. Ҳангоми ташкили таълимӣ равиявӣ гузаронидани дарсҳои ҷуфт аз баъзе фанҳои таълимӣ иҷозат дода мешавад.

84. Ба хонандагон имконият дода мешавад, ки таълими равиявии интихобнамударо тағйир диҳанд ё аз синфи таълими равиявӣ ба синфи муқаррарӣ гузаранд, агар қобилияти хонанда ё сатҳи дониши хонанда ба талаботи Низомнома ва Оинномаи амалкунанда мувофиқ набошад.

85. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ азхудкунии касб мутобиқи номгӯи тасдиқшудаи ихтисосҳо ба назар гирифта мешавад.

23. Талаботи умумӣ ба ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоии хонандагон

86. Дар доираи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ (дар як ҳафта)

бо реҷаи ҳафтаи 6 -рӯзаи таълимӣ мутобиқи нақшаи таълимии асосӣ муқаррар мегардад.

87. Ҳаҷми оарбории таълими ҳатмии хонандагон (дар як ҳафта):

синфи 10 - 34 соат;

синфи 11 - 34 соат.

88. Ҳаҷми сарбории таълимии ниҳоии хонандагон бо дарназардошти соатҳои иловагӣ (дар як ҳафта):

синфи 10 то 42 соат;

синфи 11 то 42 соат.

89. Мувофиқи талаботи тасдиқгардида дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои иҷрои вазифаи хонагӣ дар синфҳои 10-11 то 4,5 - 5 соат пешбинӣ шудааст.

24. Талаботи умумӣ ба омодагии хонандагон дар зинаи сеюми таҳсилот

90. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд:

- арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, қоидаҳои ахлоқро донанд ва эҳтиром намоянд;

- мероси таърихиву фарҳангии миллиро ҳифз ва афзун намоянд;

- ба фарҳанг, суннату анъанаҳои халқҳои дигар эҳтиром зоҳир намоянд:

- қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои умумии рафтор дар ҷомеаро донанд ва риоя намоянд;

- ҳодисаву воқеаҳои ҳақиқати муҳити атрофро дарк намуда, ба онҳо баҳои илмии асоснок дода тавонанд;

- мавқеи шаҳрвандӣ, ақида ва нуқтаи назари худ, манфиатҳои оила, ҷомеа ва давлатро ҳимоя намоянд, ба ҳодисаҳо ва зуҳуроти номатлуб дар ҳаёти ҷомеа муқобилият нишон дода тавонанд;

- интихоби бошууронаи касбро барои идомаи таҳсил дар давоми ҳаёт дарк намоянд;

- ба такмили донишҳои худ дар омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи муошират ва шинохти олам кӯшиш намоянд;

- асосҳои технологияи муосири иттилоотӣ ва иртиботиро аз худ намоянд;

- қобилияти таҳлил, синтез, хулосабарорӣ, мушаххасгардонӣ, пайдарҳамӣ ва муқоиса ва ба монанди инро дошта бошанд;

- қобилияти хештангароӣ, зуҳури эҳсос ва ҳиссиёт, ҳамдардӣ ва ғамхорӣ дошта бошанд;

- малака ва донишҳои азхудкардаро дар ҳаёти ҳамарӯза ва ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ истифода карда тавонанд.

25. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва талаботи умумӣ ба онҳо

91. Ба намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мансубанд: муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ.

92. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ метавонанд дар шакли гимназия, литсей, мактаби шабона, мактаби ғоибона, мактаб-интернат, мактабинтернати табобатӣ, мактаб-интернатҳои махсус барои кӯдакони

имконияташон маҳдуд, мактаби махсуси шакли пӯшида, мактаб-интернат барои ятимон ва бепарасторон ташкил карда шаванд.

93. Ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, талаботи зерин пешниҳод карда мешавад:

- омӯзиши фанҳои таълимӣ аз рӯи мазмун ва меъёре, ки Нақшаи таълимии асосӣ муқаррар кардааст ва омӯзиши он ҳатмӣ аст, ба роҳ монда шавад;

- муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд бо мутахассисони дорои таҳсилоти касбии педагогӣ вобаста ба тахассус дар таълими фан таъмин бошанд;

- муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд ба заминаи моддӣ-техникӣ, аз ҷумла кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ ва лабораторияҳо, толор ва майдончаҳои варзишӣ, маводи таълимӣ тибқи номгӯи муқарраргардида таъмин бошанд;

- маблағгузорӣ дар муассисаи таълимӣ вобаста ба мазмуни таҳсилот тибқи меъёрҳои давлатӣ барои ҳар як хонанда ба роҳ монда шавад;

- барои гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ шароити мусоид муҳайё бошад;

- барои гузаронидани чорабиниҳои ташкилию тарбиявӣ, маърифатӣ бо толори фарҳангӣ таъмин бошанд;

- дар зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ ҷиҳати таъмини таълими равиявӣ вобаста аз қобилият ва майли касбии хонандагон шароит муҳайё бошад;

- роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва муовинони онҳо бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ ва собиқаи кории на камтар аз 5 сол дар соҳа бошанд;

- на камтар аз 70% омӯзгорон бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ бошанд;

- муассисаҳои таълимӣ бояд бо мутахассисони дорои методикаи таълими муосир ва қобилияти инноватсионӣ дар ҷараёни таълиму тарбия таъмин бошанд.

94. Таълим дар гимназия, литсей, мактабҳои хусусӣ, мактабҳои Президентӣ, мактаб-интернат барои хонандагони болаёқат тибқи Нақша ва Барномаҳои таълимӣ дар як баст ба роҳ монда шуда, на камтар аз 90 % омӯзгорон бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ, дараҷаи олӣ ва якум бошанд.

26. Талаботи умумӣ ба аттестатсияи хатми таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ

95. Дар зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ аттестатсияи хатм ба роҳ монда мешавад. Аттестатсияи хатм бо мақсади муайян намудани дараҷаи донишҳои азхудкардаи хонандагон мутобиқи талаботи Стандарт ва барномаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.

96. Номгӯи фанҳои таълимӣ, ки аз онҳо аттестатсияи хатм гузаронида мешавад ва шакли гузаронидани аттестатсия ҳамасола аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар карда мешавад.

97. Дар ҳолати озод намудани хонандагон аз супоридани аттестатсияи хатм дар давраи таҳсил дар зинаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ дар асоси пешниҳоди Комиссияи назоратии тиббӣ, аттестатсияи хатм аз рӯи натиҷаҳои солона баҳоҳои солона гузаронида мешавад.

98. Номгӯи бемориҳое, ки барои озод намудани хонандагон аз атгестатсияи хатм, асос мебошад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда мешаванд. Дигар асос аз аттестатсияи хатм озод намудани хонандагонро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.

99. Тартиби гузаронидани аттестатсияро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.

27. Талабот ба ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот

100. Бомуваффақият супоридани аттестатсияи хатм дар сатҳи таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагон ҳуқуқ медиҳад, ки дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ аттестат гиранд.

101. Бомуваффақият супоридани аттестатсияи хатм дар сатҳи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба хонандагон ҳуқуқ медиҳад, ки аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ гиранд.

102. Барои муваффақиятҳо дар таҳсил ва ахлоқи намунавӣ дар давраи таҳсил хатмкунандагон ба ҳуҷҷати намунаи махсус, аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра сарфароз гардонида мешаванд. Барои муваффақиятҳои махсус дар омӯзиши фанҳои алоҳида хонандагон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

103. Низомнома дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти умумӣ бо аттестати аъло бо медали тилло ва аттестати аъло бо медали нуқра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

104. Ба хонандагоне, ки ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз аттестатсияи ҷамъбастӣ нагузаштаанд, маълумотнома дода мешавад, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб намеёбад.

28. Талабот ба таъминоти инаи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

105. Муассисаи таҳсилоти умумӣ бо заминаи моддӣ-техникии ҷавобгӯй ба талаботи қоидаҳо ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ таъмин карда мешаванд.

106. Ба заминаи моддӣ-техникии муассисаи таълимӣ дохил мешаванд:

- биноҳо бо инфрасохтори дахлдор шароити бехатар ва мусоид барои гузаронидани дарс, чорабиниҳои беруназдарсӣ, фарҳангӣ, машғулиятҳои варзишӣ, расонидани ёрии тиббӣ, озуқа;

- кабинетҳои таълимии фаннӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣкомпютерҳо, лабораторияҳои фаннӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, тахтаҳои электронӣ, синфхонаи технология (таълими меҳнат) барои духтарон ва писарон;

- реҷаи зарурии равшанӣ, ҳаво ва гармии утоқҳо, ҷои либосовезӣ, ташноб ва утоқҳои гигиенаи шахсӣ;

- ташкили шароити мусоид ва таъмини биноҳо бо таҷҳизоти махсус барои хонандагони дорои имконияташон маҳдуд.

29. Талабот ба бехатарии ҳаёт ва ҳифзи саломатии хонандагон

107. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои барои бехатарии ҳаёт ва ҳифзи саломатии хонандагон бо роҳҳои зерин шароит фароҳам меоранд:

- тарғиби тарзи ҳаёти солим;

- таъмини хадамоти иҷтимоӣ ва психологӣ;

- ташкили майдонча ва толорҳои варзишӣ;

- нигоҳдорӣ ва таъмири иншооти варзишӣ;

- ҳамкории байни падару модарон ва кумитаи волидон барои ташаккули тарзи ҳаёти солими хонандагон;

- ташкили бунгоҳҳои тиббӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

- ташкили вохӯриҳо бо кормадони тиб;

- сари вақт гузаронидани ташхиси тиббии хонанадгон ва омӯзгорон;

- риояи техникаи бехатарӣ, қоидаҳои зидди сӯхтор ва меъёрҳои муҳофизатӣ;

- ба роҳ мондани омӯзиш ва тарғиби қоидаҳои бехатарии роҳ дар дарсҳои иловагӣ.

30. Салоҳияти хонандагон ба натиҷаи таҳсил

108. Мазмуни таҳсилоти умумӣ, пеш аз ҳама, ба тарбия ва ташаккули салоҳиятнокии ҳар як хонанда нигаронида шудааст, ки он дар самтҳои зерин ифода меёбад:

- салоҳияти ҳалли масъалаҳо ва худидоракунӣ;

- салоҳияти иттилоотӣ;

- салоҳияти иртиботӣ.

109. Салоҳияти ҳалли масъалаҳо ва худидоракунӣ имконият медиҳад, ки:

- хонандагон мушкилотеро интихоб намуда, ҳалли онро дар вазъиятҳои гуногун ба миён гузоранд ва ба қарори қатъӣ оянд;

- дар фаъолияти худ мақсад гузоранд, барои ҳалли масъалаҳо роҳу усулҳоро пайдо намоянд, мазмун, натиҷа, оқибати фаъолият ва ҷараёни ҳалли онро ба нақша гиранд, технологияи ҳалли проблема ё фаъолиятро пешакӣ муайян намоянд, ба вазифаҳои ба ҳамин монанд муқоиса намоянд;

- ба натиҷаи фаъолияти худ баҳо диҳанд;

- меъёри фаъолият ва қоидаҳои рафторро интихоб намояд;

- фаъолият ва мушкилоти монандро ёфта, технологияи ҳалли онҳоро муайян намоянд.

110. Салоҳияти иттилоотӣ ба хонандагон имконият медиҳад, ки:

- дар асоси интилооти интиқодӣ қарори оқилона қабул намоянд;

- мустақилона мақсад гузоранд, онро асоснок намоянд, ба нақша гирад ва барои ҳалли мақсад ва натиҷаи он фаъолияти маърифатӣ пешниҳод намоянд;

- мустақилона иттилоотро дарёбанд, таҳлил кунанд, масъалаҳои муҳим ва асосиро интихоб карда тавонанд, вобаста ба мақсади гузошта тағйир ва шарҳ диҳанд, дар ҷараёни фаъолият аз воситаҳои гуногуни техникӣ, аз ҷумла аз воситаҳои технологияи иттилоотии муосир истифода бурда тавонанд;

- натиҷаи иттилоотро дар фаъолияти амалии худ истифода бурда тавонанд.

111. Салоҳияти иртиботӣ ба хонандагон имконият медиҳад, ки

- воситаҳои нутқи гуфтугӯӣ ва навиштро бо забони тоҷикӣ ва дигар забонҳо барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда дар вазъияти аниқи иҷтимоӣ истифода бурда тавонанд;

- дар ҳалли вазифаҳои муколамаи худ услуб ва жанри муайянеро интихоб намоянд;

- фикру андеша ва нуқтаи назари худро мувофиқи меъёри забони адабӣ ва одоби муомила баён намоянд;

- дар муколамаю муносибат бо ҳамзабонон ва намояндагони забонҳо ва фарҳанги дигар, бо гурӯҳҳои одамони гуногунандеша дар вазъиятҳои гуногун бо сабру таҳаммул бошанд, аввал андеша ва баъд суханашро изҳор намоянд;

- дар расидан ба мақсад ҳамеша нармбаёну нармсухан бошанд.

31. Талабот ба сатҳи омодагии хонандагон

112. Сатҳи омодагии хонандагон аз рӯи се самт арзёбӣ мегардад:

- натиҷаҳои шахсӣ;

- натиҷаҳои фаъолияти муназзам;

- натиҷаҳои фаннӣ.

113. Натиҷаҳои шахсӣ инъикос меёбанд дар:

- зоҳир намудани эҳтиром ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 483);

- зоҳир намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, омодагӣ ба хизмати Ватан ва ҳифзи манфиатҳои он;

- донистани забони давлатӣ ва забони модарӣ, эҳтиром ба таърих, фарҳанг, суннат арзишҳои халқи тоҷик ва дигар халкҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд;

- кӯшиши эҳтиёт ва афзоиши табиати диёр, кишвари худ, зоҳир намудани мавқеи фаъоли худ дар ҳифзи муҳити зист;

- бурдани тарзи ҳаёти солим, малакаҳои нигоҳдории бехатарии худ ва шахсони гирду атроф;

- зоҳир намудани маданияти баланди муоширати инсонӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ;

- қобилияти худомӯзӣ, худтабиқкунӣ ва меҳнати эҷодкорона;

- эҳтироми калонсолон ва ғамхорӣ ба хурдсолон, зоҳир намудани шафқат ба дигарон;

- доштани қобилияти бошуурона арзёбӣ намудани хусусиятҳои муҳити иҷтимоӣ, муқобилият ба зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ.

114. Натиҷаҳои фаъолияти муназзам инъикос меёбанд, дар:

- азхудкунии низоми дониш оид ба асосҳои илм ва доираи истифодаи дастовардҳои илмӣ барои пешрафти ҷомеа;

- доштани маҳорати таҳлил, коркард, муқоиса ва истифодаи маълумоти илмӣ;

- аз худ кардани усулҳои дарк, банақшагирӣ, тартиб, таҳқиқот ва кашидани нақшаи эҷодӣ;

- аз худ кардани технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ;

- аз худ кардани рушди қобилияти коммуникативӣ, маданияти бисёрзабонӣ.

115. Натиҷаҳои фаъолияти муназзам бо дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ, курсҳо аз рӯи интихоб, иҷрои лоиҳаҳои эҷодии таълимӣ муайян мешаванд ва дар парвандаҳои онҳо нигоҳ дошта мешаванд.

116. Натиҷаҳои фаннӣ дар омодагӣ ва фаъолиятнокии дониши хонанда дар азхудкунии мазмуни асосии таҳсилоти миёнаи умумӣ инъикос мешаванд.

117. Сатҳи асосии азхудкунии фанҳои таълимӣ ҳадди ақали ҳатмии дониши хонандагон, малака ва маҳорати онҳоро дар бар мегирад.

32. Талабот ба шароити ташкилии ҷараёни таълим

118. Таъминоти молиявии муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд басанда бошад:

- барои таҳсилоти миёнаи дастрас, кафолатнок ва ройгон;

- барои ташкили заминаи моддӣ-техникии зарурии муассисаи таҳсилоти умумӣ;

- барои ташкили шароити таъмини бехатарии ҳаёт ва ҳифзи саломатии хонандагон.

33. Маблағгузории нақшаҳои таълимӣ

119. Сарбории таълимии ҳатмии Нақшаи таълимии муассисаи таълимӣ дар ҳаҷми умумӣ аз ҷониби давлат маблағгузорӣ карда мешавад.

120. Сарбории қисми иловагии Нақшаи таълимӣ (курсҳои интихобӣ, курсҳои амалӣ) ва қисми хонандаи (машваратҳои фардӣ ва гурӯҳӣ) Нақшаи таълимӣ аз ҷониби муассисаи таҳсилоти умумӣ, дигар сарчашмаҳои молиявӣ ва падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) маблағгузорӣ карда мешавад.

121. Ҳангоми ташкили машғулиятҳо аз рӯи фанҳои таълимии қисми асосии мазмуни таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ тақсимоти синф ба гурӯҳҳо дар ҳолате амалӣ карда мешаванд, ки агар дар муассисаҳои таълимии шаҳрӣ ғунҷоиши синфҳо 25 ва аз он зиёд, дар муассисаҳои таълимии деҳот 20 ва аз он зиёд бошад.

122. Аз рӯи фанҳои таълимии қисми асосӣ ба гурӯҳҳо бо тартиби зерин тақсим мешаванд:

- забони давлатӣ дар синфҳои 2-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии забони таҳсилашон русӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ӯзбекӣ;

- забони русӣ дар синфҳои 2-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии забони таҳсилашон тоҷикӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ӯзбекӣ;

- забонҳои хориҷӣ дар синфҳои 3-11;

- технология (таълими меҳнат) дар синфҳои 5-10 (гурӯҳҳои бачагон ва духтарон).

- технологияи иттилоотӣ дар синфҳои 7-11.

123. Ташкили меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ, гузаронидани таҷрибаи омӯзиши меҳнатӣ дар ҳаҷми сарбории таълимии қисми хонанда Нақшаи таълимӣ аз тарафи Шӯрои муассиса дар асоси иштироки ихтиёрии хонандагон ба роҳ монда мешавад.

124. Бо мақсади таҳкими саломатӣ ва рушди қобилиятҳои ҷисмонии хонандагон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ машғулиятҳои сексиониро (варзишӣ) дар шакли корҳои беруназсинфӣ маблағгузорӣ менамояд.

125. Низоми пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

126. Барои хонандагоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ дар мӯҳлати тӯлонӣ ба муассисаи таҳсилоти умумӣ омада наметавонанд, дар хона ё муассисаҳои табобатӣ таълими ройгон ташкил карда мешавад.

127. Хонандагони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва нуқсонҳои инкишоф ба гирифтани таҳсияот ва мутобиқшавии иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд.

34. Муқаррароти хотимавӣ

128. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, барои татбиқи Стандарти мазкур масъулият бар дӯш доранд.

129. Субъектҳои раванди таълиму тарбия, аз ҷумла роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) вазифадоранд, ки иҷрои талаботи Стандарти мазкурро таъмин намоянд.

130. Падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда), дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи Стандарти мазкур аз ҷониби муассисаи таълимӣ, ҳуқуқ доранд, ки эътирози дахлдори худро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.