Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 494
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 494 "Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- аз банди 2 ва сархати якуми банди 113 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- дар банди 48 рақамҳо ва калимаи "33" ва "34 ҳафтаро" мувофиқан ба рақамҳо ва калимаҳои "35" ва "36 ҳафтаи таълимиро" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 сентябри соли 2018 № 483
ш.Душанбе