Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз 1 августи соли 2015 № 493

Санаи амалкуни: 06.09.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" августи соли 2015, № 493

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" августи соли 2015, № 493

тасдиқ шудааст

Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.09.2019 № 455)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.09.2019 № 455)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ (минбаъд - Низомнома) дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" ва бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, №328 "Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ", Консепсияи инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004, № 512 тасдиқ шудааст ва банди 16 Нақшаи чорабиниҳои Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, № 278 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

2. Низомномаи мазкур талабот, шарт ва тартиби пардохти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.09.2019 № 455).

3. Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ (минбаъдҶоиза) бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, Универсиадаи умумиҷаҳонӣ, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё таъсис дода шудааст.

4. Бо мақсади муайян намудани мутобиқати номзади пешниҳодшуда ба талаботи Низомнома, таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии варзишӣ Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ (минбаъд - Комиссия) таъсис дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.09.2019 № 455).

5. Маблағгузории Ҷоиза аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

...

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" августи соли 2015, № 493

тасдиқ шудааст

Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ (минбаъд - Низомнома) дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" ва бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, №328 "Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ", Консепсияи инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004, № 512 тасдиқ шудааст ва банди 16 Нақшаи чорабиниҳои Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, № 278 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

2. Низомномаи мазкур шарт ва тартиби пардохти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ муайян менамояд.

3. Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ (минбаъдҶоиза) бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, Универсиадаи умумиҷаҳонӣ, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё таъсис дода шудааст.

4. Бо мақсади муайян намудани мутобиқати номзади пешниҳодшуда ба талаботи Низомнома, таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии варзишӣ Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ (минбаъд -Комиссия) таъсис дода мешавад.

5. Маблағгузории Ҷоиза аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

6. Андозаи мукофотпулиҳои Ҷоиза тибқи меъёрҳои талабот ва андозаи мукофотпулии Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ барои як давраи олимпӣ муайян гардида, дар давраи навбатии олимпӣ метавонад тағйир дода шавад.

7. Ҷоиза ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шарафи варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҳимоя намуда, дастовардҳояшон ба меъёрҳои талабот ва андозаи мукофотпулии Ҷоиза ҷавобгӯ мебошанд, дода мешавад.

8. Ҷоиза бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастоварди варзишии бо ҳуҷҷат дар бораи баргузории мусобиқаи варзишӣ тасдиқгардида, инчунин бо дарназардошти натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Комиссия, ки бо протокол ба расмият дароварда шудааст, дода мешавад.

2. Ваколати Комиссия ва талаботҳои муқаррар намудани Ҷоиза

9. Ҷаласаҳои Комиссия бо дарназардошти ба баррасии он ворид гардидани пешниҳодҳои мушаххас доир ба сарфароз гардонидани варзишгарон бо Ҷоиза гузаронида мешаванд.

10. Барои муқаррар намудани Ҷоиза ташкилотҳои варзишӣ бояд ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

- нусхаи шиносномаи довталаб; сурат (3 х 4);

- дастовард дар соли ҷорӣ (протоколи натиҷаи мусобиқа ё ҷадвали ҷойҳои ишғолнамуда);

- унвони варзишӣ.

11. Пешниҳод дар хусуси сарфароз гардонидан ба Ҷоиза аз ҷониби варзишгар, федератсияҳои варзишӣ, мураббии варзишгар ва муассисаҳои варзишӣ ба баррасии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ирсол карда мешавад.

12. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пешниҳодҳои воридгардидаро дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи ворид шуданашон мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, ҳангоми қаноатбахш будани пешниҳод онро ба баррасии Комиссия манзур менамояд.

13. Комиссия пешниҳод ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, доир ба сарфароз гардонидан ва ё рад кардан оид ба сарфароз гардонидан қарори асоснок қабул мекунад.

14. Дар сурати қабули қарор дар бораи сарфароз гардонидан бо Ҷоиза, Комиссия лоиҳаи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи сарфароз гардонидан бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Дасттоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

15. Комиссия ваколатдор ҳисобида мешавад агар дар ҷаласаҳои он аз нисф зиёди ҳайати аъзоёнаш иштирок дошта бошанд.

16. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш омори дорандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо пеш мебарад.

3. Ҳолатҳои махсуси Ҷоиза

17. Дар ҳолати фавт ва ё рух додани ҳодисаҳои нохуш нисбати ҷоизагиранда, хешовандони наздики ӯ метавонанд бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дар банди 10 ҳамин Низомнома зикргардида Ҷоизаро қабул намоянд.

18. Барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ байни наврасону ҷавонон Ҷоиза дар ҳаҷми 25% аз рӯи меъёрҳои талабот ва ҳаҷми пулии Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҷудо карда мешавад.

19. Бо шарти ҳатмии пешниҳоди шартнома байни ҷоизадор ва мураббии асосии ӯ, 20% маблағи барои гирандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ба мураббии ӯ дода мешавад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" августи соли 2015, №493

тасдиқ шудааст

Ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ

Раиси Комиссия                 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа)

Муовини Раиси                  Комиссия Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раиси Комиссия         Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раиси Комиссия         Сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва

                               сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аъзои Комиссия:

Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти варзиш;

Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ректори Донишкадаи Давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов;

Раиси Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Федератсияи бокси Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Федератсияи гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-румии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Федератсияи миллии таэкван-до ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Замимаи 3