Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-20
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2) Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 муқаррар карда шавад.
3) Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбининамудаи Буҷети давлатӣ барои амалӣ намудани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4) Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ гардонидани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, хар сол на дертар аз 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои анҷомдодашуда маълумоти муфассал ва ҳангоми зарурат ҷиҳати такмили он пешниҳодот ирсол намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июни соли 2011 № 278
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Комплексной программы развитая физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2011-2015 годы
В соответствии со статьёй 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях совершенствования деятельности государственных органов управления и местных исполнительных органов государственной власти в сфере физической культуры и спорта, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Комплексную программу развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2011-2015 годы и План мероприятий её реализации (прилагается).
2) Определить Комитет по делам молодёжи, спорта и туризма при Правительстве Республики Таджикистан координатором по реализации Комплексной программы развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2011-2015 годы.
3) Комитету по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан совместно с министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в рамках ежегодно предусматриваемых средств из Государственного бюджета принять меры для реализации данной Программы.
4) Министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти принять необходимые меры для реализации данной Программы и ежегодно не позднее 1 февраля представлять в Правительство Республики Таджикистан подробную информацию о завершённых работах и при необходимости предложения по её совершенствованию.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 2 июня 2011 года №278
Г. Душанбе