Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 № 498 "Дар бораи Регламенти техникии бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Регламенти техникии бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Регламенти техникии бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Регламенти техникии мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Қарори мазкур баъд аз шаш моҳ аз рӯзи тасдиқи Регламенти техникии бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2015 № 498

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Техническом регламенте безопасности продукции, предназначенной для детей и подростков

В соответствии со статьёй 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьёй 8 Закона Республики Таджикистан "О техническом нормировании" и статьей 21 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Технический регламент безопасности продукции, предназначенной для детей и подростков (прилагается).

2. Агентству по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан совместно с заинтересованными министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Технического регламента.

3. Настоящее постановление ввести в действие по истечении шести месяцев со дня утверждения Технического регламента безопасности продукции, предназначенной для детей и подростков.

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикиста                 Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 1 августа 2015 года, № 498