Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2015 № 618 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 228"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 228

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 228 "Дар бораи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- банди 3 қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) Шумораи ниҳоии кормандони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 38 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз он 32 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 6 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Агентӣ маблаггузорӣ карда шавад.";

- дар банди 5 қарор пас аз калимаҳои "буҷети ҷумҳуриявӣ" калимаҳои "ва маблағҳои махсуси Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

2. Ба Сохтори Дастгоҳи марказии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 228 "Дар бораи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- пас аз сархати дуюм сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шӯъбаи таҳлил, назорат ва таъминоти иттилоотии хариди давлатӣ";

- дар сархати панҷум калимаи "мусоҳибавӣ" ба калимаи "муҳосибавӣ" иваз карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 октябри соли 2015 № 618

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №228

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №228 "Об Агентстве по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:

- пункт 3 постановления изложить в следующей редакции:

"3) Установить предельную численность работников Агентства по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 38 единиц (без обслуживающего персонала), из которых финансирование 32 единиц осуществить за счет республиканского бюджета и 6 единиц за счет специальных средств Агентства.";

- в пункте 5 постановления после слов "республиканского бюджета" дополнить словами "и специальных средств Агентства по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан".

2. Структуру Центрального аппарата, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №228 "Об Агентстве по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан", после второго абзаца дополнить новым абзацем следующего содержания:

"Отдел анализа, контроля и информационного обеспечения государственных закупок".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан              Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 29 октября 2015 года, № 618