Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015 № 590 "Дар бораи бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва сметаҳои хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти молия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва сметаҳои хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти молия

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таъмини шаффофият ва дақиқии ташкили воҳидҳои сохторӣ, назорати хароҷоти дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:

1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва сметаҳои хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти тобеӣ дар нақшаи идоракунии онҳо пешбинишударо ҳамасола то 1 майи соли молиявӣ анҷом диҳанд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мақомоти ба кайд гирифташавандаро аз рӯи варақаи бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори молия дода шудааст, таъмин намояд.

3. Бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории мақомоти ба қайд гирифташаванда бо тартиби зерин амалӣ карда шавад:

дастгоҳи марказии вазорату идораҳо ва мақомоти тобеи дар нақшаи идоракунии онҳо пешбинишуда, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, - дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дастгоҳи раис ва сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятӣ, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, - дар сарраёсатҳои молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо;

дастгоҳи раис ва сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, - дар раёсатҳои молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ.

4. Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) ҳангоми бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ таносуби зерини шумораи мансабҳои категарияҳои алоҳидаи хизматчиёни давлатиро ба асос гирад: мансабҳои роҳбарикунанда (роҳбарон, муовинони роҳбарон, сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо ва муовинони онҳо, сардорони (мудирони) шӯъба ва мудири бахш) на зиёда аз 26 фоизи шумораи умумии воҳидҳои кории хизматчиёни давлатиро ташкил мекунад; мансаби сармутахассие на зиёда аз 35 фоизи шумораи умумии воҳидҳои кории хизматчиёни давлатиро ташкил мекунад; мансаби мутахассиси пешбар на зиёда аз 25 фоизи шумораи умумии воҳидҳои кории хизматчиёни давлатиро ташкил мекунад; мансаби мутахассис на зиёда аз 14 фоизи шумораи умумии воҳидҳои кории хизматчиёни давлатиро ташкил мекунад; иҷрои таносуби шумораи мансабҳои категорияҳои алоҳидаи хизматчиёни давлатии зикргардида барои ҳар як дастгоҳи марказии мақомоти ба қайд гирифташавандаи мақомоти давлатӣ ва мақомоти тобеи он, инчунин воҳидҳои сохториашон ҳатмӣ мебошад;

б) ҳангоми бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти давлатӣ, дар сурати ошкор гардидани фарқият дар музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, тағйирот ворид намояд;

в) дастурамал оид ба тартиби бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти молияро таҳия ва тасдиқ намуда, ба вазорату идораҳои дахлдор барои истифодабарии хизматӣ пешниҳод намояд.

6. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 1993, № 118 "Дар бораи бақайдгирии ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти идораи давлатӣ аз ҷониби мақомоти молия";

банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2005, №478-14 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005, №1624"; банди 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, №124 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006, №1716".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 сентябри соли 2015 № 590

ш.Душанбе