Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015 № 586 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш" таъсис дода шавад.

2. Оиннома ва Сохтори Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш" тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).

3. Шумораи ниҳоии кормандони Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш" 113 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ муқаррар карда шавад.

4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ тибқи тартиби муқарраргардида Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш"-ро бо бино, таҷҳизоти техникӣ, нақлиёт ва дигар молу мулки зарурӣ таъмин намояд.

5. Маблағгузории ташкил ва фаъолияти Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш" дар соли 2015 аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявии соли 2015 барои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шавад.

6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 3 қарори мазкур аз 1 январи соли 2016 фонди музди меҳнат ва дигар хароҷоти вобаста ба фаъолияти Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш"-ро таъмин намояд.

7. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барои соли 2016 ва солҳои оянда афзудани ҳаҷми пахш, васеъ намудани доираи фарогирии барномаҳои Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш"-ро ба нақша гирифта, бо ин мақсад маблағ пешбинӣ намоянд.

8. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 610 "Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 сентябри соли 2015 № 586

ш.Душанбе