Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "25" сентябри соли 2015, № 586
тасдиқ шудааст
Оинномаи Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2017 № 63)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Оинномаи мазкур асосҳои фаъолияти ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияти Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш"-ро (минбаъд - телевизиони "Варзиш") муайян менамояд.
2. Муассиси телевизиони "Варзиш" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
3. Муассиса фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.
4. Телевизиони "Варзиш", чун шабакаи давлатӣ, барномаҳои худро бо забони давлатӣ, инчунин бо дигар забонҳо дар давоми 24 соат дар як шабонарӯз пахш менамояд.
5. Телевизиони "Варзиш" аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
6. Телевизиони "Варзиш" дорои моликияти давлатӣ бо ҳуқуқи идоракунии амалиётӣ мебошад. Муассиса дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобҳои буҷетӣ ва махсус дошта, инчунин дорои харҷнома, тавозуни мустақил, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Муассиса бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, сароҳанг, нишона, аломатҳои нашрӣ ва молӣ мебошад.
7. Телевизиони "Варзиш" ҳуқуқ дорад, ки аз номи худ шартномаҳо бандад, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварад, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.
8. Телевизиони "Варзиш" аз нигоҳи эҷодӣ мустақил аст.
9. Суроғаи ҳуқуқии телевизиони "Варзиш": Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25.
2. Мақсад ва вазифаҳои асосии телевизиони "Варзиш"
10. Мақсадҳои асосии телевизиони "Варзиш" инҳо мебошанд:
- таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабару гузоришҳои фаврӣ ва барномаҳои варзишӣ оид ба чорабиниҳои варзишие, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он доир мешаванд;
- ба роҳ мондани чорабиниҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, ташаккули талаботи аҳолӣ ба машқҳои ҷисмонӣ, бедор кардани шавқи устувор ба он, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ, ки барои баланд бардоштани самаранокии тарбияи ҷисмонию солимгардонии аҳолӣ равона карда шудаанд;
- тарғиби шаклҳои дастаҷамъонаи тарбияи ҷисмонӣ ва барномаҳои давлатии варзиши оммавӣ, шуғл бо варзиш дар ҷойҳои таҳсил, кор ва истиқомат, дар гурӯҳҳои солимгардонӣ, маҳфилҳо, клубҳои дорои ҳавасмандии варзишӣ ва марказҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ;
- ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба тарбияи ҷисмонӣ барои тақвияти саломатӣ, дарозумрӣ, коҳишёбии хатари бемориҳо, кам кардани корношоямӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;
- тарғиби фаъолияти дастаҳои яккачини миллӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш;
- мусоидат ба равияҳои солими сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи эҳтироми ҳуқуқ ва озодии шахсият, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистрн, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян намудаанд;
- тарғиби самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш, фарҳанг, санъат, маориф, илм, ҳуқуқ, иқтисод, инчунин усулҳои татбиқи онҳо дар асоси такмили фаъолияти касбӣ ва хоҷагидорӣ;
- мусоидат ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастгирии ташаббусҳое, ки ба рушди варзиш, дӯтиву ҳамкории ҳамаи миллату халқиятҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагидошта равона шудаанд;
- тарғиби арзишҳои фарҳангии милливу умумиинсонӣ вобаста ба варзиш;
- мусоидат ба эҳёи анъанаҳои миллӣ вобаста ба варзиш ва ҳифзи онҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ;
- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ вобаста ба варзиш;
- такмили ҳамкорӣ дар соҳаи пахши барномаҳои телевизион ва радио.
11. Барои татбиқи мақсадҳои зикршуда телевизиони "Варзиш" вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:
- тавассути барномаҳои варзишӣ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва тавсеаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва солимгардонии ҷомеа;
- бо иштирок ва ҷалби мутахассисони идораҳои ваколатдори давлатӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои варзишӣ, инчунин варзишгарон, устодон ва мутахассисони дигар вазорату идораҳо таҳия намудани барномаҳои варзишӣ;
- тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, фурӯш ва паҳн намудани маҳсулоти аудиовизуалӣ, филмҳои супоришӣ ва рекламавӣ вобаста ба варзиш;
- пешниҳоди хизматрасонии дизайнерии телевизионӣ; - ташкили бойгонии аудио ва видео (филмотека, видеотека, фонотека);
- дар асоси шартнома амалӣ намудани ҳамкории мутақобилаи (бисёрҷонибаи) эҷодӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бо ташкилотҳои телевизион ва радио;
- амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявие, ки ба мақсаду вазифаҳои телевизиони "Варзиш" мувофиқанд ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нагардидаанд.
3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои телевизиони "Варзиш"
12. Телевизиони "Варзиш" ҳуқуқ дорад:
- дар дохил ва хориҷи кишвар дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунгоҳҳои мухбирони худро таъсис диҳад;
- фаъолияти намояндагӣ ва миёнаравиро дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф амалӣ намояд;
- дар асоси барномаҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ фаъолияти рекламавиро ба амал бароварда, даромадҳоро аз ин намуди фаъолият барои рушди телевизиони "Варзиш" равона созад;
- барнома ва маҳсулоти аудиовизуалии худро дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар паҳн намояд, эълону рекламаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои ватанӣ ва хориҷиро пахш кунад ва муомилоти дигарро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мухолиф нестанд, амалӣ гардонад;
- иттиҳодияҳои нави эҷодиро дар телевизиони "Варзиш" таъсис диҳад.
13. Телевизиони "Варзиш" ӯҳдадор аст:
- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя намояд;
- супоришу дастурҳои Муассис ва мақоми ваколатдори онро мутобиқи тартиботи муқарраршуда ба иҷро расонад;
- аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо маблағи пулие, ки дар тавозуни мустақили худ дорад, ҷавобгар бошад;
- ҳангоми истифодаи восита ва маводи аудиовшуалӣ бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, риоя намояд.
4. Идоракунии телевизиони "Варзиш"
14. Идоракунии телевизиони "Варзиш" тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ карда мешавад.
15. Роҳбари бевоситаи телевизиони "Варзиш" Директор аст, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд.
16. Мақоми олии идоракунии телевизиони "Варзиш" Шӯрои маъмурӣ мебошад, ки ба ҳайати он Директор, муовини якум ва муовини ӯ (аз рӯи вазифа), инчунин роҳбарони зерсохторҳо ва дигар кормандони масъул дохил мешаванд. Шумора ва аъзои Шӯрои маъмуриро бо пешниҳоди Директор Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ мекунад.
17. Муассис:
- Директорро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад;
- Сохтор ва Оинномаи телевизиони "Варзиш"-ро тасдиқ ва дар ҳолати зарурӣ ба он тағйирот ворид мекунад;
- масъалаҳои азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии телевизиони "Варзиш"-ро ҳал менамояд.
18. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- фаъолияти касбии телевизиони "Варзиш"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ ва назорат мекунад;
- бо пешниҳоди Директор муовинони ӯро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад;
- аъзои Шӯрои маъмурии телевизиони "Варзиш"-ро бо пешниҳоди Директор тасдиқ ва аз вазифа озод мекунад.
19. Шӯрои маъмурӣ тибқи ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- муайян кардани шакл, низом ва усулҳои пардохти ҳаққи меҳнат ва дигар намудҳои даромади кормандон;
- пешниҳоди таклифҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оиннома
20. Қарорҳои Шӯрои маъмурӣ бо фармоиши Раиси Шӯро - Директори телевизиони "Варзиш" ба расмият дароварда мешаванд.
21. Директор:
- дар муносибат бо Муассис ва мақомоти давлатӣ, пахшкунанда, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин дар суд ва дигар ҳолатҳо аз номи телевизиони "Варзиш" намояндагӣ мекунад;
- қарордод ва шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, молу мулки дар ихтиёрдоштаро идора мекунад, ҷадвали басти кориро тасдиқ мекунад, фармоишҳо мебарорад;
- ба кори Шӯрои маъмурӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи кормандон роҳбарӣ мекунад;
- иҷрои нақшаҳои ҷориву дурнамо ва фармоишҳои худро таъмин менамояд;
- тибқи қонунгузорӣ кормандонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- дар назди Муассис вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти телевизиони "Варзиш" ҷавобгар мебошад.
5. Молу мулки телевизиони "Варзиш"
22. Молу мулки телевизиони "Варзиш"-ро фондҳои асосӣ ва дигар моликияти давлатӣ ташкил медиҳанд. Арзиши молу мулки телевизиони "Варзиш" дар тавозуни алоҳидаи мустақили он инъикос меёбад.
6. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии телевизиони "Варзиш"
23. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии телевизиони "Варзиш" тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 феврали соли 2017, № 63
тасдиқ шудааст
Сохтори Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш"
1. ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ
Директор
Муовини якуми директор
Муовини директор оид ба масъалаҳои техникӣ
Шуъбаи иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибавӣ
Шуъбаи баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ
Шуъбаи тиҷорат ва реклама
2. ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ
Идораи барномаҳои иттилоотӣ
Идораи барномаҳои таҳлилӣ
Идораи гузоришҳо ва пахши мустақим
Идораи филмҳои видеоӣ ва барномаҳои мусиқӣ
Шуъбаи наворбардорони синамо ва телевизион
Шуъбаи танзими пахши барномаҳо
Бахши коргардонҳои овоз
3. ҲАЙАТИ ТЕХНИКӢ
Маҷмааи таҷҳизоти студиявӣ
Бахши студияи сайёри телевизионӣ
Шуъбаи танзимгарӣ ва дизайн
Шуъбаи таъмини барқ ва рушноидиҳӣ
Шуъбаи грим ва ороиши саҳна
Шуъбаи нақлиёт
Шуъбаи хоҷагидорӣ ва хизматрасонӣ