Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2006, № 432
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Банди 34 Низомномаи тартиби адои хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2006, № 432 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"34. Синни ниҳоӣ барои адои хизмат дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ:
- барои ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда - 48 солагӣ;
- барои ҳайати миёнаи роҳбарикунанда - 53 солагӣ;
- барои ҳайати калони роҳбарикунанда - 58 солагӣ;
- барои ҳайати олии роҳбарикунанда - 63 солагӣ;
- барои хизматчиёни ҳарбии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ синни ниҳоӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" муайян карда мешавад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 августи соли 2015 № 558
ш. Душанбе