Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 № 447 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №378"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №378

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 378 "Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар ном ва матни қарор қалимаи "бақайдгирии" ба калимаи "баҳисобгирии" иваз карда шавад;

- матни банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Қоидаҳои баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа ва Варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2);

- дар бандҳои 3 ва 5 калимаҳои "нуқтаҳои гузариши Сарҳади давлатӣ" ба калимаҳои "гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар банди 4 калимаҳои "Кумитаи давлатии омори" ба калимаҳои "Агентии омори назди Президенти" иваз карда шаванд;

- дар банди 6 калимаҳои "Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ба калимаҳои "Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" иваз карда шуда, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани низоми электронии баҳисобгирии рафту омади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили махзани ягонаи иттилоотӣ чораҷӯӣ намоянд.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 июли соли 2015 № 447

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №378

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №378 "Об учете миграции граждан Республики Таджикистан за рубеж и возвращения из - за рубежа" внести следующие изменения и дополнения:

- текст пункта 1 изложить в следующей редакции:

"Утвердить Правила учета миграции граждан Республики Таджикистан за рубеж и возращения из-за рубежа и Карточки миграционного учета граждан Республики Таджикистан (приложения 1 и 2).";

- в пункте 4 слова "Государственный комитет по статистике" заменить словами "Агентство по статистике при Президенте";

- в пункте 6 слова "Министерству транспорта и коммуникации Республики Таджикистан, Государственному унитарному авиапредприятию "Таджик Эйр" заменить словами "Министерству транспорта Республики Таджикистан, Открытому акционерному обществу "Международный аэропорт Душанбе", Открытому акционерному обществу "Международный аэропорт Худжанд", Открытому акционерному обществу "Международный аэропорт Курган-тюбе" и Открытому акционерному обществу "Международный аэропорт Куляб" и дополнить новым абзацем следующего содержания:

"- Главному управлению пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан и Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан принять меры по внедрению электронной системы учета въезда и выезда граждан Республики Таджикистан посредством пропуска через Государственную границу Республики Таджикистан и организации единой информационной базы.".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 2 июля 2015 года, № 447