Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 № 430 "Дар бораи Тартиб ва Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиб ва Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиб ва Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 1991, № 346 "Дар бораи ба шароитҳои иқтисодии нави корӣ оид ба расонидани хизматҳои иловагии пулакӣ гузаронидани мақомоти қайди актҳои ҳолати граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 июли соли 2015 № 430

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке и Размерах оплаты дополнительных платных услуг физическим и юридическим лицам в органах записи актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан и других уполномоченных лиц

В соответствии со статьёй 12 Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации актов гражданского состояния" и статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок и Размеры оплаты дополнительных платных услуг физическим и юридическим лицам в органах записи актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан и других уполномоченных лиц (приложения 1 и 2).

2. Признать утратившим силу постановление Кабинета Министров Республики Таджикистан от 12 ноября 1991 года, №346 "О переводе органов записи актов гражданского состояния Республики Таджикистан на новые экономические условия работы по оказанию дополнительных платных услуг населению".

3. Министерству юстиции Республики Таджикистан привести свои акты в соответствие с настоящим постановлением.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 2 июля 2015 года, № 430