ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ба шароитҳои нави иқтисодии корӣ оид ба расонидани хизматҳои иловагии пулакӣ гузаронидани мақомоти қайди актҳои ҳолати граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади беҳтар намудни хизматрасонии ҳуқуқии аҳолӣ ва васеъ кардани соҳаи хизматрасонии пулакӣ Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз 1 январи с.1992 ба шакли омехтаи бопултаъминкунӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва фондҳои аз хизматрасонии пулакии аҳолӣ таъсисьёбанда гузаронидани мақомоти қайди актҳои ҳолати граждании ҷумҳурӣ қабул карда шавад.
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи тартибу шартҳои ба шароити нави кори дорои шакли омехтаи бопултаъминкунӣ гузаронидани мақомоти қайди актҳои ҳолати гражданӣ ва бо мувофиқати Кумитаи давлатии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарифҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии мақомоти қайди актҳои ҳолати гражданиро тартиб дода, тасдиқ намояд.
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Ҳаёев
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Маҳкамбоев
ш. Душанбе,
аз 12 ноябри соли 1991, № 346
Кабинет Министров Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О переводе органов записи актов гражданского состояния Республики Таджикистан на новые экономические условия работы по оказанию дополнительных штатных услуг населению
В целях улучшения правового обслуживания населения и расширения сферы платных услуг Кабинет Министров Республики Таджикистан постановляет:
1. Принять предложение Министерства юстиции Республики Таджикистан о переводе органов записи актов гражданского состояния республики с 1 января 1992 г. на смешанную форму финансирования за счет государственного бюджета и фондов, образуемых от платных услуг населению.
2. Министерству юстиции Республики Таджикистан разработать и по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан утвердить Положение о порядке и условиях перевода органов записи актов гражданского состояния на новые условия работы при смешанной форме финансирования и по согласованию с Госэкономикой Республики Таджикистан - тарифы на оказание дополнительных правовых услуг в органах записи актов гражданского состояния.
Премьер-министр
Республики Таджикистан И. Хаёев
Управляющий
делами Кабинета Министров
Республики Таджикистан С. Махкамбаев
г. Душанбе
от 12 ноября 1991 года № 346