Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар бандҳои 2, 4, 7, 8, 20, 22, 48 ва 49 ҳарфи "Е" ба ҳарфҳои "ВЕ", "СЕ" ва "DЕ" иваз карда шаванд;
- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Ашхосе, ки шаҳодатномаи ронандагӣ бо сабти иҷозатдиҳанда дар ҷадвалҳои- "А", "В", "С", "D", "ВЕ", "СЕ" ва "DЕ" доранд, метавонанд навъҳои зерини воситаҳои нақлиётро идора кунанд:
"А" - мототсикл, мотороллер, мотонарт ва дигар воситаҳои нақлиёти ба гурӯҳи мототсиклҳо мансуббуда, инчунин воситаҳои нақлиёте, ки тавассути муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд ва суръати конструктивиашон беш аз 40 км/соат мебошад;
"В" - автомобилҳо (ба ғайр аз воситаҳои нақлиёти ба категорияи "А" тааллуқдошта), ки вазни ниҳоии ҷоизашон1 аз 3500 кг ва шумораи ҷойҳои нишасти онҳо, ба ғайр аз нишастгоҳи ронанда аз ҳашт зиёд нест, ҳамчунин мотоаробаҳо; автомобилҳои категорияи "В" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд нест; автомобилҳои категорияи "В" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст, вале аз вазни автомобили бе бор зиёд нест, вазни ниҳоии ҷоизи умумии чунин ҳайат бошад, аз 3500 кг зиёд нест;
"С" - автомобилҳо ба ғайр аз ба категорияи "Б" тааллуқдошта, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 3500 кг зиёд аст; автомобилҳои категорияи "С" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд нест;
"D"- автомобилҳои барои интиқоли мусофирон пешбинигардида ва дорои зиёда аз ҳашт ҷойи нишаст, ба ғайр аз нишастгоҳи ронанда; автомобилҳои категорияи "Б" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд нест;
"ВЕ" - автомобилҳои категорияи "В" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст ва аз вазни автомобили бе бор зиёд аст; автомобилҳои категорияи "В" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст ва вазни пурраи ниҳоии ҷоизи чунин ҳайат аз 3 500 кг зиёд аст;
"СЕ" - автомобили категорияи "С" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст;
"DЕ" - автомобилҳои категорияи "D" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст;
"Тm" - Трамвай;
"Тb" - Троллейбус.
Ба ронандаи трамвай идоракунии танҳо трамвай, ба ронандаи троллейбус идоракунии танҳо троллейбус ва ба ронандаи мотоароба идоракунии танҳо мотоароба иҷозат дода мешавад.
Ба автомобилҳои барои интиқоли мусофирон пешбинигардида инҳо мансубанд: автобусҳо ва микроавтобусҳои дорои ғунҷоиши дахлдор, автофургонҳо дар асоси шассии автомобилҳои боркаш, ки барои интиқоли одамон (бригадаҳои вахта) пешбинӣ гардида, дар шароити заводҳои истеҳсолкунанда бо тартиби сериявӣ истеҳсол шудаанд, ҳамчунин автомобилҳои боркаши таҷҳизонидашудае, ки зиёда аз ҳашт нафарро интиқол медиҳанд.
Идоракунии троллейбуси пайваста дар сурати доштани шаҳодатномаи ронандагӣ бо сабти ҳуқуқи идоракунии он ва гувоҳномаи на поёнтар аз дараҷаи дуюм иҷозат дода мешавад.
1____________________________
Вазни муҷаҳҳази воситаи нақлиёт якҷоя бо бор, ронанда ва мусофирон, ки аз тарафи заводи истеҳсолкунанда ҳамчун вазни ниҳоии ҷоиз муқаррар карда шудааст;
- дар бандҳои 5 ва 13 калимаҳои "маорифи" ба калимаҳои "маориф ва илми" иваз карда шаванд;
- дар бандҳои 10 ва 19 аз калимаҳои "автомобиль" ва "автомобильҳои" мутобиқан ба калимаҳои "автомобил" ва "автомобилҳои" иваз карда шаванд;
- дар банди 12 калимаҳои "ҳифзи иҷтимоии" ба калимаҳои "тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ва калимаи "автомобильҳои" ба калимаи "автомобилҳои" иваз карда шаванд;
- дар банди 20 қалимаҳои "нақлиёт, ки аз тарафи муассисаи таълимӣ ҷудо карда мешаванд" ба калимаҳои "нақлиёти таълимӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати чоруми банди 23 калимаҳои "дар давоми 12 моҳи охир воситаҳои нақлиётро идора кардаанд" ба калимаҳои "асноди идоракунии доимии воситаи нақлиётро пешниҳод кардаанд" ва калимаи "ведомостьҳои" ба калимаи "ведомостҳои" иваз карда шаванд;
- ба банди 26 сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Бланкаҳои шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ аз маводи бадошти пластика (поликарбонат) омода шуда, андозаи (54x86 мм.) доранд ва дар дастгоҳҳои чопии махсус хонапурӣ карда мешаванд.
Навиштаҷот дар бланкаи шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ бо забони тоҷикӣ бо ҳарфҳои алифбои русӣ (кириллӣ) сабт гардида, ба забони англисӣ тарҷума шудаанд. Ҳангоми фардикунонӣ навиштаҷот бо забони тоҷикӣ бо ҳарфҳои алифбои русӣ (кириллӣ) иҷро карда шуда, бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ транслитератсия карда мешаванд.";
- дар банди 27 калимаҳои "ведомостьҳои раиси комиссияи имтиҳонотӣ" ба калимаҳои "корманди масъули воҳиди бақайдгирию имтиҳонотӣ (тибқи ӯҳдадориҳои хизматӣ)" иваз карда шаванд;
- дар банди 37 калимаҳои "дар давоми 12 моҳи охир воситаҳои нақлиётро идора кардаанд" ба калимаҳои "асноди идоракунии доимии воситаи нақлиётро пешниҳод кардаанд", калимаҳои "автомобильҳоро" ва "автомобиль" ба калимаҳои "автомобилҳоро" ва "автомобил" иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми банди 38 калимаҳои "дар давоми 12 моҳи охир воситаҳои нақлиётро идора накардаанд" ба калимаҳои "асноди идоракунии доимии воситаи нақлиётро пешниҳод накардаанд" иваз карда шаванд;
- дар банди 43 баъд аз калимаи "назариявӣ" калимаҳои "ва дар сурати пешниҳод накардани асноди идоракунии доимии воситаи нақлиёт имтиҳони амалӣ" илова карда шавад;
- дар банди 56 калимаҳои "варақаҳои (китобчаҳо)" ба калимаи "бланкаҳои" иваз карда шавад;
- дар бандҳои 57, 58 ва 59 калимаи "Китобчаҳои" ба калимаи "Бланкаҳои" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 июли соли 2015 № 419
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 августа 1998 года, №306
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в Положение о порядке допуска к управлению транспортными средствами и выдачи гражданам водительских документов, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 августа 1998 года, №306, следующие изменения и дополнения:
1. В пунктах 2, 4, 7, 8, 20, 22, 48 и 49 букву "Е" заменить буквами "BE", "СЕ" и "DE";
- пункт 3 изложить в следующей редакции:
"3. Лица, имеющие водительское удостоверение с разрешающими отметками в графах "А", "В", "С", "D" и "BE", "СЕ" и "DE" могут управлять:
"А" - мотоциклами, мотороллерами, мотонартами и другими мототранспортными средствами, в том числе приводимые в движение электродвигателями, максимальная конструктивная скорость которых более 40 км/час;
"В" - автомобилями (за исключением транспортных средств, относящихся к категории А) разрешенная максимальная масса1 которых не превышает 3500 кг и число сидячих мест которых, помимо сиденья водителя, не превышает восьми; автомобилями категории "В", сцепленный с прицепом, разрешенная максимальная масса которых не превышает 750 кг; автомобилями категории "В", сцепленный с прицепом, разрешенная максимальная масса которых превышает 750 кг, но не превышает массы автомобиля без нагрузки, а общая разрешенная максимальная масса такого состава не превышает 3 500 кг;
"С" - автомобилями, за исключением относящихся к категории "D", разрешенная максимальная масса которых превышает 3 500 кг; автомобилями категории "С", сцепленных прицепами, разрешенная максимальная масса которых не превышает 750 кг;
"D" - автомобилями, предназначенными для перевозки пассажиров и имеющими более восьми сидячих мест, помимо сиденья водителя; автомобилями категории "D", сцепленных прицепами, разрешенная максимальная масса которых не превышает 750 кг;
"BE" - автомобилями категории "В", сцепленный прицепами, разрешенная максимальная масса которых превышает 750 кг и превышает массы автомобиля без нагрузки; автомобилями категории "В", сцепленных прицепами, разрешенная максимальная масса которых превышает 750 кг, а общая разрешенная максимальная масса такого состава превышает 3 500 кг;
"СЕ" - автомобилями категории "С", сцепленными с прицепами, разрешенная максимальная масса которых превышает 750 кг;
"DE" - автомобилями категории "D", сцепленный с прицепами, разрешенная максимальная масса которых превышает 750 кг;
- "Тm" -Трамваями;
- "Тb" - Троллейбусами.
Водителю трамвая разрешается управлять только трамваем, водителю троллейбуса - только троллейбусом, водителю мотоколяски - только мотоколяской.
К автомобилям, предназначенным для перевозки пассажиров, относятся: автобусы и микроавтобусы соответствующей вместимости, автофургоны на шасси грузовых автомобилей, предназначенные для перевозки людей (вахтовых бригад) и изготовленные в условиях заводов - изготовителей в серийном порядке, а также оборудованные грузовые автомобили, перевозящие более восьми человек.
Управление сочлененным троллейбусом разрешается при наличии водительского удостоверения с отметкой о праве управления им и свидетельство не ниже второго класса.
_____________________________________________________________
*-1 Масса снаряженного транспортного средства с грузом, водителем и пассажирами, установленная предприятием-изготовителем в качестве максимально допустимой;
_____________________________________________________________
- в пунктах 5 и 13 после слова "образования" дополнить словами "и науки";
- в пункте 12 слова "социальной защиты" заменить словами "здравоохранения и социальной защиты";
- в пункте 20 после слова "принимаются на" дополнить слова "учебных", а слова ", представляемых учебными организациями" исключить;
- в абзаце четвертый пункта 23 слова "в течение последних 12 месяцев" заменить словами "представивших документы о постоянном управлении транспортными средствами";
- пункт 26 дополнить новым абзацем следующего содержания:
"Бланки биометрического водительского удостоверения изготавливаются из износостойкого пластика (поликарбоната), размером (54x86 мм) и заполняются на специальных принтерах.
Записи в бланке биометрического водительского удостоверения выполнены на таджикском языке буквами русского алфавита (кириллица) и эти записи переведены на английский язык. В ходе персонализации вносимые записи выполняются на таджикском языке буквами русского алфавита (кириллица), они транслитерируются буквами латинского алфавита.";
- в пункте 27 слова "председателем экзаменационной комиссии" заменить словами "ответственным сотрудником регистрационно-экзаменационного подразделения (согласно функциональных обязанностей)";
- в пункте 37 слова "постоянно управляющим транспортными средствами в течение последних 12 месяцев" заменить словами "представивших документы о постоянном управлении транспортными средствами";
- в абзаце первой пункта 38 слова "управлявшим транспортными средствами в течение последних 12 месяцев" заменить словами "представившим документа о постоянном управлении транспортными средствами";
- в пункте 43 после слова "теоретического" дополнить словами "а в случае непредставления документов о постоянном управлении транспортными средствами, практического".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 июля 2015 года, № 419