ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд
(Фармони Президенти ҶТ аз 7.06.2006 № 1768, аз 20.11.2018 № 1134)
Бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмӣ ва ҳавасманд намудани олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти эҷодӣ фармон медиҳам:
1. Аз 1 майи соли 2006 ба олимони ҷавон барои дастовардҳои бузург дар соҳаи илм ва техника 12 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, ҳар кадом ба маблағи баробар ба 1000 (ду ҳазор) доллари ШМА муқаррар карда шавад .
2. Муқаррар карда шавад, ки ҷоизаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд .
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти ҷоизаҳои соли 1998 аз ҳисоби фонди эҳтиётии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи зарурӣ ҷудо намояд ;
- ҳангоми ташаккули буҷети давлатӣ аз соли 1999 сар карда, барои пардохтани ҷоизаҳои мазкур ба ҳисоби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори буҷетӣ пешбинӣ карда шавад .
4. Ба Кумитаи кор бо ҷавонон вав варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, ки то 1 маи соли 1998 низомномаро дар бораи ҷоизаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом медиҳанд, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе
20 марти соли 1998 № 967
ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
УКАЗ
"ОБ УЧРЕЖДЕНИИ ПРЕМИЙ ИМЕНИ ИСМОИЛА СОМОНИ ДЛЯ МОЛОДЫХ УЧЕНЫХ ЗА ВЫДАЮЩИЕСЯ РАБОТЫ В ОБЛАСТИ НАУКИ И ТЕХНИКИ"
В целях развития научного потенциала и стимулирования творческой активности молодых ученых Республики Таджикистан, постановляю:
1. С 1 мая 2006 года для молодых ученых за выдающиеся достижения в области науки и техники учредить 12 премий имени Исмоила Сомони, каждая эквивалентна 1000 (одной тысячи) долларам США
2. Установить, что премии имени Исмоила Сомони присуждаются Комитетом по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан
3. Министерству финансов Республики Таджикистан:
- выделить Комитету по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан необходимые средства для выплаты указанных премий в 1998 году за счет резервного фонда Президента Республики Таджикистан
- предусматривать при формировании государственного бюджета начиная с 1999 года ежегодное выделение Комитету по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан ассигнований для выплаты указанных премий
4. Комитету по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан в срок до 1 мая 1998 года разработать и представить на утверждение Правительства Республики Таджикистан Положение о премиях имени Исмоила Сомони для молодых ученых за выдающиеся работы в области науки и техники
Президент
Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г. Душанбе,
20 марта 1998 года, № 967