Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 майи соли 2014 таҳти рақами 695 "а"
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 майи соли 2014 таҳти рақами 695 "а"
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз 30 апрели соли 2014 №89 ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №193 "Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1.Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №193 "Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2012, №76 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2012, № 695 ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Директори Департаменти низоми пардохт (Машрабов Ҳ.М.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти низоми пардохт (Машрабов Ҳ.М.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Холиқзода гузошта шавад.
...