Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2013 № 319 "Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби таъсиси воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо (дар таҳрири нав)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 феврали соли 2014 таҳти рақами 559 "б"

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 феврали соли 2014 таҳти рақами 559 "б"

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

аз 26 декабри соли 2013 №319 ш.Душанбе

Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби таъсиси воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо (дар таҳрири нав)

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва қисмҳои 5 ва 6 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ва қисми 3 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

қ а р о р м е к у н а д:

1. Тартиби таъсиси воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо (дар таҳрири нав) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, он пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Директори Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2011, №78 "Дар бораи Тартиби таъсиси воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №559 "а" аз 28 октябри соли 2011 ба қайд гирифта шудааст ва аз 29 июли соли 2013, №181 "Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби таъсиси воҳидҳои сохтории ташкилотҳои маблағгузории хурд ва филиалҳои онҳо" аз эътибор соқит дониста шаванд.

5. Иҷрои банди 2 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.

...

НАЦИОНАЛЬНЫЙ БАНК ТАДЖИКИСТАНА

ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ

Об утверждении Порядка создания структурных подразделений кредитных организаций и их филиалов (в новой редакции)

Согласно статьи 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" , части 5 и 6 статьи 11 Закона Республики Таджикистан "О банковской деятельности" и части 3 статьи 6 Закона Республики Таджикистан "О микрофинансовых организациях", Правление Национального банка Таджикистана

постановляет:

1. Утвердить Порядок создания структурных подразделений кредитных организаций и их филиалов (в новой редакции) (прилагается).

2. Данное Постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации, ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Уполномочить Департамент банковского надзора (Давлатов И.Х.) при государственной регистрации данного Постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан при необходимости вносить в текст приложения настоящего Постановления изменения и дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержания.

4. Постановления Правления Национального банка Таджикистана от 28 апреля 2011 года, за №78 "О порядке создания структурных подразделений кредитных организаций и их филиалов", зарегистрированной в Министерстве юстиции Республики Таджикистан за № 559 "а" от 28 октября 2011 года, и от 29 июля 2013 года, за №181 "Об утверждении Порядка создания структурных подразделений кредитных организаций и их филиалов" признать (считать) утратившим силу.

5. Исполнение пункта 2 данного Постановления возложить на Департамент банковского надзора (Давлатов И. Х.), Юридическое управление (Давлатов Ш.Ф.) и Пресс-службу (Курбанов А. М.).

6. Контроль за исполнением данного Постановления возложить на заместителя Председателя Национального банка Таджикистана Неъматова А.Х.

Председатель Правления                    А. Ширинов

Председатель Правления                    А. Ширинов

от 26 декабря 2013 года №319

г. Душанбе

от 26 декабря 2013 года №319

...