Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 феврали соли 2013 таҳти рақами 705
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 феврали соли 2013 таҳти рақами 705
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
ҚАРОРИ
РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз 29 ноябри соли 2012 № 308 ш. Душанбе
оид ба Дастурамали №199 "Дар бораи тартиби додани қарзи хурд дар ташкилотҳои маблағгузории хурд"
Мутобиқи моддаҳои 20, 21 ва 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Дастурамали № 199 "Дар бораи тартиби додани қарзи хурд дар ташкилотҳои маблағгузории хурд" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Ҳамин Қарор пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Директори Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
5. Иҷрои бандҳои 2 ва 3 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А. М.) вогузор карда шавад.
...