Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 январи соли 2013 таҳти рақами 600 "а"
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 январи соли 2013 таҳти рақами 600 "а"
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз 2 августи соли 2012 №168 ш. Душанбе
Оид ба тасдиқи Дастурамали №196 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд"
Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дастурамали №196 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва пас аз 90 рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2011, №2 "Оид ба тасдиқ кардани Дастурамали №135 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонатии кредитии хурд", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2011, №600 ба қайд гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Иҷрои бандҳои 2 ва 3 Қарори мазкур ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.
6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Неъматов А.Ҳ. гузошта шавад.
...