Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015 № 187

Санаи амалкуни: 26.06.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2015, № 187

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408, аз 27.03.2018 № 169, аз 08.06.2022 № 301)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолияти молиявӣ, буҷету андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, суғуртавӣ, гаравхона, бизнеси бозӣ, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва хазинаи сарватҳои давлатиро таъмин намуда, дар ин самт фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба иҷро ва риояи қонунгузории андоз, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз тарафи андозсупорандагон ва идоракунии молияи давлатӣ ҳамоҳанг месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

2. Вазорат фаъолияти дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллии молия, Нозироти давлатии иёргирӣ, Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсус, Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва муассисаҳою ташкилотҳои системаро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408аз 26.06.2023 № 293).

3. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти намояндагӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, амалӣ мегардонад.

4. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

II. Ваколатҳо ва вазифаҳои Вазорат

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293)

5. Ваколатҳои асосии Вазорат аз инҳо иборатанд:

- таҳия ва татбиқи сиёсати буҷету андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ, фаъолияти аудиторӣ, хазинадории марказӣ, суғурта, гаравхона, бизнеси бозӣ, пардохтҳои гумрукӣ, муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва сиёсати дигари ба зиммаи мақомоти молия гузошташуда, иштирок дар таҳияи сиёсати сармоягузорӣ, нарх, пулию қарзӣ ва асъорӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷро ва риояи қонунгузории андозу гумрук, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- таъмини амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи молияи давлатӣ;

- таҳияи стратегияҳои миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва амалӣ намудани ислоҳоти идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи миёнамуҳлат;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии дар соли молиявии ҷорӣ барои ташкилотҳои буҷетӣ пешбинишуда пардохт намудани қарзҳои кредитории онҳо аз рӯйи уҳдадориҳои мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардашуда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- таҳияи дурнамоҳои нишондиҳандаҳои буҷету андоз, сармоягузорӣ ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ;

- таҳияи пешниҳодот оид ба афзалиятҳои маблағгузории буҷетии бахшҳои мухталифи иқтисодиёт, идоракунии таҳияи буҷети давлатии миёнамӯҳлати кишвар, ҷараёни буҷет;

- таъмини идоракунии самарабахшу фаврии маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла бо дарназардошти татбиқи тадбирҳо оид ба хизматрасонӣ ва пӯшонидани қарзҳои дохилӣ ва берунии давлатии кишвар (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи ягонагии низоми буҷетӣ барои таъмини сиёсати ягонаи иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла сиёсати молиявию буҷетӣ ва андоз;

- танзими нақши тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ ва гирандагони маблағҳои буҷетӣ дар таҳияи лоиҳаи буҷет, иҷрои буҷет, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- таъмини мустақилияти буҷетҳо (буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ) дар асоси манбаҳои даромадҳои худӣ ва ҳуқуқи муайян намудани самтҳои истифода ва хароҷоти онҳо муайян кардани манбаҳои даромад барои ҳар як сатҳи маблағгузаронии буҷетӣ аз андоз ва даромадҳои давлатӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор дар асоси дурнамои макроиқтисодӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ташкили иҷрои буҷет оид ба даромад ва хароҷот дар асоси низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ, таҳияи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- истифодаи захираҳои молиявӣ ҷиҳати таъмини иҷрои фаъолияти давлат, рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар;

- амалӣ намудани муносибатҳои мутақобилаи молиявии давлат бо ниҳодҳои дар соҳаи иқтисодиёт фаъолияткунанда ва субъектҳои мустақили иқтисодӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- пешбурди сиёсати андоз ва дар асоси гузаронидани таҳлили фаъолияти андозсупорандагон муайян намудани манбаҳои зарурии пурра намудани Буҷети давлатӣ, мутаносибии даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- таҳияи методологияи ягонаи тартиб додани буҷетҳои сатҳҳои мухталиф ва ҳисобот оид ба иҷрои онҳо;

- муайян намудани манбаъҳои маблағгузории қасри буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҷалби захираҳои молиявӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- идоракунии қарзҳои берунаи давлатӣ, хизматрасонии он, аз ҷумла иҷрои ӯҳдадориҳои қарзӣ вобаста ба кафолатҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, амалӣ намудани қарзгирӣ, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, мониторинг ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои қарз, ки дар асоси шартнома (созишнома) оид ба қарзи гирифташудае, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати давлатӣ доранд;

- таҳияи лоиҳаи барномаи қарзҳои берунаи давлатӣ барои соли минбаъда дар асоси дурнамои дарозмӯҳлати рушди иқтисодӣ ва бо дарназардошти барномаи сармоягузории давлатӣ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур доштани пешниҳодот дар мавриди зарурати ҷалби маблағҳои қарз, иштирок дар музокирот бо кредиторони хориҷӣ, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани кафолати давлатӣ;

- мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор" ва фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ҷалби маблағҳои грантӣ ва қарзӣ ҷудо намудани қарз ба субъектҳои дигари фаъолияти хоҷагидории ҷумҳурӣ;

- бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, мониторинг ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои қарз, ки дар асоси созишномаҳои қарзӣ ва зерқарзӣ ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидории ҷумҳурӣ ҷудо карда шудаанд;

- муайян намудани афзалиятҳо дар ташаккул, рушд ва танзими муносибатҳо ва таъсиси инфрасохтори дахлдор дар бозори коғазҳои қиматнок (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- анҷом додани бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматноки эмитентҳо, рухсатдиҳӣ ва назорати муомилоти коғазҳои қиматнок дар бозори фондӣ, муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ ва назорати фаъолияти иштирокчиёни касбӣ, намояндагии ҳуқуқи иштирокчиён дар бозори коғазҳои қиматнок;

- таҳияи тартиби гузаронидан ва анҷом додани барориш ва ҷойгиркунонии векселҳои хазинавӣ, ӯҳдадориҳои қарзӣ, вомбаргҳои давлатӣ, вомбаргҳои бурднок ва лотереяҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- иштирок дар муайян намудан ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ ва ташаккули нарх;

- таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти молиявии соҳаҳои иқтисодиётро танзим менамоянд;

- иштирок дар таҳия ва пешбурди сиёсати ягона дар соҳаи ташаккул ва истифодаи захираҳои давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол ва рушди бозори металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар арзишҳо;

- барои ҳар як соли минбаъда таҳия намудани ҳаҷми (квотаи) фурӯши металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулот аз онҳо аз Фонди давлатӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ ва пешниҳод ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо мақомоти дахлдор муайян намудани тартиби баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва нигаҳдошти сангҳои қиматбаҳо, металлҳои қиматбаҳо ва маҳсулот аз онҳо;

- анҷом додани назорати коркард, истифода, нигаҳдошт ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо дар ҳамаи ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродие, ки чунин фаъолиятро анҷом медиҳанд;

- амалӣ намудани аудити дохилӣ ва назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ дар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва дар доираи салоҳияти худ анҷом додани назорати ҷараёни иҷрои буҷет дар ҳамаи сатҳҳо;

- муайян намудани тартиб ва усулҳои ташкили санҷиши тахассусӣ барои гирифтани сертификати "Аудитори дохилӣ" дар бахши давлатӣ;

- анҷом додани роҳбарии методологии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибӣ (ба истиснои ташкилотҳои қарзӣ), татбиқи тадбирҳо оид ба такмили минбаъдаи заминаи меъёрии баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит;

- таҳия ва татбиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) ва фаъолияти аудиторӣ. Ташкили курсҳои таълимӣ барои тайёр намудани аудиторҳо, додани шаҳодатномаи тахассусии аудит ва иҷозатнома барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ;

- пешбурди махзани маълумоти воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ва феҳристи аудитороне, ки бомуваффақият аз санҷиши тахассусии аудиторҳои дохилӣ дар бахши давлатӣ гузаштаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- пешбурди феҳристи давлатии бақайдгирии аудитороне, ки дорои шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти аудиторӣ мебошанд;

- амалӣ намудани назорати берунаи сифати аудити ташкилотҳои аудиторӣ, аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои касбии аудиторӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- ташкили курсҳои таълимӣ ва аттестатсияи муҳосибон ва додани сертификат аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, аккредитатсияи муҳосибон ва аудиторони касбӣ;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408)

- таҳияи пешниҳодот оид ба танзим даровардани ихтисори шумораи хизматчиёни давлатӣ ва хароҷот барои нигоҳдории мақомоти идораи давлатӣ, дастгоҳи мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

- бақайдгирии басти вазифаҳо ва сметаи хароҷоти нигаҳдории дастгоҳҳои идораҳои мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти суд ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- таъмин намудани риояи қонунгузорӣ оид ба андозҳо, даромадҳои ғайриандозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, назорати баҳисобгирии дуруст, пурра ва сари вақт пардохт намудани онҳо ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини риояи дигар қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки назораташон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти молия гузошта шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- дар доираи салоҳияти худ таъмин намудани ҳифзи бехатарӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои буҷет, андоз, пардохтҳои гумрукӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, хазинадории марказӣ, суғурта, гаравхона, муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва самтҳои дигари ба зиммаи мақомоти молия гузошташуда, бо мақсади ҳамгироии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои иқтисодиёти байналмилалӣ (иқтисодиёти ҷаҳонӣ), бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- роҳбарии умумӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи мақомоти ваколатдор оид ба таъмин намудани даромад ва пардохтҳои давлатӣ ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар фондҳои давлатӣ;

- татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи суғурта (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- гузаронидани мониторинги мунтазами фаъолияти молиявию хоҷагии корхонаҳои азими давлатӣ аз рӯи феҳристи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- аз корхонаҳои азими давлатӣ, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, талаб намудани нақшаи молиявӣ, ҳисоботи фаъолияти молиявии хоҷагидорӣ ва ҳисобот оид ба санҷиши аудитории берунии онҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- ба роҳ мондани муносибатҳои электронӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар табодулоти иттилооти молиявӣ ҷиҳати идоракунии самарабахши маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- қабули қарори дахлдор оид ба пешниҳод намудани иттилоот аз тарафи ҳамаи муассисаю ташкилотҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои шартии онҳо;

- чоп ва нашри коғазҳои қиматнок, истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти гаравхонаҳо ва танзими он;

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бизнеси бозӣ ва танзими он (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

6. Вазорат мутобиқи ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293):

- оид ба такмили низоми Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми инкишофи муносибатҳои буҷетӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳодотро таҳия ва тадбирҳоро амалӣ менамояд;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- маҷмӯи тадбирҳоро оид ба солимгардонии молиявӣ ва бозсозии сохтори иқтисодиёти миллӣ, сиёсати макроиқтисодӣ, дастгирии давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватании молҳо, иҷрокунандагони кор ва хизматрасонӣ амалӣ менамояд;

- самтҳои асосии сиёсати қарзӣ ва пулии давлат, беҳдошти вазъи ҳисобот ва пардохтҳоро дар иқтисодиёт муайян менамояд;

- оид ба барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани маблағгузории онҳо чораҳо меандешад;

- роҳбарии умумии методӣ дар соҳаи банақшагирии молиявию буҷетӣ ва маблағгузории буҷетҳои ҳамаи бахшҳо ва сатҳҳоро анҷом медиҳад;

- танзими буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо, ҳамчунин муносибатҳои мутақобила бо Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар институтҳои молиявию иқтисодиро анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- масъалаҳои молиявиро вобаста ба ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодии давлат таҳлил ва пешниҳодоти дахлдорро барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд;

- лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои буҷет, андоз, пардохтҳои гумрукӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, хазинадории марказӣ, суғурта, гаравхона, муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва самтҳои дигари ба зиммаи мақомоти молия гузошташуда таҳия менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- пешниҳодотро таҳия намуда, дар таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳои (конвенсияҳои) байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои андоз иштирок менамояд;

- аудиторони мақомоти молияро дар барои гузарондани чорабиниҳои аудиторӣ тибқи дархости мақомоти дигари давлатӣ сафарбар менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- методикаи ташаккули арзиши аслии кор ва хизматрасонии муассисаю ташкилотҳои давлатӣ, инчунин меъёрҳои хароҷот оид ба гурӯҳҳои алоҳидаи хароҷоте, ки ба арзиши аслии мол, кор ва хизматрасонӣ дохил карда мешаванд, муайян менамояд;

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба сиёсати андоз, рушди қонунгузории андоз ва такмили низоми андоз таклифҳо таҳия менамояд, инчунин дар таҳияи пешниҳодот оид ба муқаррар намудани андозаи меъёрҳои тарифи гумрукӣ, тартиби ситонидани боҷҳои гумрукӣ иштирок менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- сиёсати давлатиро дар соҳаи барориш, ҷойгиркунонӣ, чоп ва нашри коғазҳои қиматноки давлагӣ амалӣ намуда, самтҳои асосии рушди бозори коғазҳои қиматнокро таҳия менамояд ва фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳамоҳанг месозад ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба бозори коғазҳои қиматнок таҳия менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок, феҳристи иҷозатномаҳои додашуда, боздоштшуда ва бекоркардашудаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, феҳристи субъектҳои фаъолияти лотереяро пеш мебарад, баҳисобгирии ҳиссаи давлат аз фаъолияти муштарак ва суди саҳмияҳои (дивидендҳои) марбут ба давлатро амалӣ менамояд, инчунин иҷозатномадиҳиро вобаста ба фаъолияти гаравхонаҳо, фаъолият дар соҳаи биржа, фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшуда, аз ҷумла коғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур, фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото, фаъолияти аудиторӣ, фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақаро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- қоидаҳои гузаронидани бозиҳои лотерея, иқдом ва бозиҳои бурднокро таҳия менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- масъалаҳои қарзҳои дебиторӣ ва кредитории муассисаю ташкилотҳои барҳамдодашавандаро ба танзим медарорад;

- дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон амалиётро оид ба хизматрасонии қарзи давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;

- банақшагирӣ, баҳисобгирӣ, назорат ва таҳлили маблағгузории касри буҷети ҷумҳуриявиро аз ҳисоби қарзҳои берунӣ ва дохилӣ анҷом медиҳад;

- дар баррасии масъалаҳои татбиқ ва барасмиятдарории ҳисобҳои байнидавлатӣ тибқи шартҳои реструктуризатсияи қарзҳои берунӣ, инчунин мутобиқи мақсад будани ҷалби қарзҳои хориҷӣ таҳти кафолати давлати ширкат меварзад;

- пешбурди фаъолият оид ба грантҳои ҷалбшуда ва қарзҳои берунӣ, аз ҷумла меъёри фоиз, лимит ва тартиби баргардонидани онҳоро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиб ва расмиёти қарз, идораи қарзҳои давлатӣ ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатдодашуда, пӯшонидан ва хизматрасонии онҳоро танзим менамоянд, иштирок мекунад;

- пешгирии хавфи фарқияти қурби асъорӣ, хавфи ба таъхир афтодани пардохти қарзи берунӣ ва хавфи напардохтани қарзҳои бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалбгардидаро аз ҳисоби маблағҳои захиравӣ, ки дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор ҷиҳати хизматрасонии қарзи беруна пешбинӣ шудаанд, анҷом медиҳад;

- амалҳои якҷоя ва ҳамкориро бо мақомоти идораи давлатӣ, бонкҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корхонаҳо оид ба масъалаҳои марбут ба иҷрои вазифаҳои Вазорат таъмин менамояд;

- ҳамкориро бо ташкилотҳои махсусгардонидашуда, аз ҷумла хориҷӣ оид ба масъалаҳои таъсис ва фаъолияти низоми самарабахши идораи қарзҳои давлатӣ дар Вазорат таъмин менамояд;

- дар ташаккули Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон (минбаъд-Фонди давлатии Тоҷикистон) иштирок намуда, харид ва пурра намудан, ба навъҳо ҷудо кардан, арзёбӣ, баҳисобгирӣ ва ҳифзи металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти дорои таркиби онҳоро таъмин менамояд;

- тартиби муайян намудани нархҳоро барои металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулот аз онҳо, ки барои Фонди давлатии Тоҷикистон харидорӣ ва аз он ба фурӯш расонида мешаванд, таҳия ва тасдиқ менамояд, якҷоя бо ташкилотҳои манфиатдор оид ба танзими бозори металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад;

- назорати давлатиро оид ба сифати навъбандӣ, гурӯҳбандӣ, арзёбӣ ва фурӯши сангҳои қиматбаҳо, ашёи хоми онҳо анҷом дода, иштироки назоратчиёни давлатиро дар фаъолияти корхонаҳои истихроҷкунанда ва дигар ташкилотҳо, нуқтаҳои махсусгардонидашудаи гумрукӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, инчунин иҷозатномадиҳии фаъолиятро ҷиҳати аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металл ва дигар сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи маснуоти аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда амалӣ менамояд;

- бо иштироки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои нархҳои ҳисоб, фурӯш ва дигар навъҳои нархҳоро барои сангҳои қиматбаҳои дар кишвар истихроҷшуда ё коркардашуда таҳия ва тасдиқ менамояд, таҳлили афзоиши нархҳоро дар бозори ҷаҳонии сангҳои қиматбаҳо тавассути коркард ва фурӯши онҳо тибқи тартиби муқарраргардида анҷом медиҳад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иёргириро дар ҷумҳурӣ ташкил менамояд ва мегузаронад, ҳаҷми пардохти иёргириро барои иёр ва тамғагузории маҳсулот аз металлҳои қиматбаҳо, инчунин экспертизаи масолеҳ муқаррар менамояд;

- сохтор ва таркиби гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ, нақшаи ҳисобҳо, шаклҳои намунавии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, дастурҳо оид ба истифодаи онҳо ва тартиби таҳияи ҳисоботдиҳии ташкилотҳои буҷетиро тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- масъалаҳои мафҳумии рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботдиҳии муҳосибӣ (молиявӣ) ва аудитро барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт муайян месозад;

- низоми назорат ва анҷоми назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит таҳия менамояд;

- сиёсати назорат ва аудити дохилиро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва муассисаю ташкилотҳои аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор маблағгузоришаванда, тибқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ менамояд;

- ташаккул ва фаъолияти устувори Институти ҷамъиятии кормандони мақомоти молия, муҳосибони касбӣ ва аудиторҳои давлатиро ташкил менамояд;

- назорати ҷараёни маблағгузориро аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ анҷом дода, мӯҳлат ва шаклҳои ҳисоботдиҳии молиявиро муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ҷараёни иҷрои нақшавии буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллиро назорат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- ҳисоботҳои давравиро оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр менамояд;

- дастурамалҳо, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро оид ба иҷрои хазинавии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи даромад ва хароҷот таҳия намуда, баҳисобгирии дороиҳо, қарзҳои дохила ва берунаро пеш мебарад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- дар доираи салоҳияти худ санҷишҳои дохилӣ ва мавзӯиро доир намуда, таҳлили воридот ва хароҷоти маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор таҳия менамояд ва дар соҳаи иттилоотонии мақомоти маҳаллии молия сиёсати ягонаи техникиро пеш мебарад;

- назорати ҳифзи маблағҳои пулӣ ва арзишҳои моддӣ, саҳеҳии ҳисоботдиҳии давлатиро дар иқтисодиёти кишвар бо роҳи гузаронидани савҷишҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти идораи давлатӣ таъмин менамояд;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408) 

- назорати риояи тартиби муқарраргардидаи ташаккул, мувофиқа ва тасдиқи басти вазифаҳо ва сметаи хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи идораи мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти суд ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, андозаҳои маош, меъёрҳо, коэффитсиентҳои тарифӣ барои пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва иловапулиҳоро анҷом медиҳад;

- дар гуфтушунидҳо доир ба бастан ва таҳия намудани созишномаҳои байниҳукуматӣ (байнидавлатӣ) оид ба каноргирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя (амвол), дигар шартномаҳо ва созишномаҳои байналмиллалӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл мекунанд, иштирок менамояд ва дар доираи салоҳияти худ татбиқи созишномаҳои (шартномаҳои) мазкурро амалӣ менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ вазифаи мақоми назорати асъориро амалӣ менамояд, инчунин назорати амалиёти асъориро, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили низоми иттилоотӣ, ҷойҳои кории автоматикунонидашуда ва дигар воситаҳои автоматикунонӣ ва компютеркунонӣ мақомоти молияро таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- корро оид ба тарбия, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои мақомоти молия ташкил мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволеро, ки бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дар тавозуни Вазорат қарор дорад, соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд;

- оид ба ошкор, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ дар мақомоти маҳаллии молия тадбирҳоро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- пешниҳод, ариза, шикоят ва муроҷиатҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намуда, дар ҳолати зарурӣ санҷиши онҳоро дар ҷой ташкил менамояд, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкили кор ва фаъолияти мақомоти молия ва ташкилотҳои зертобеъ тадбирҳо меандешад. Таҳлили фаъолияти мақомоти молия ва муассисаю ташкилотҳои зертобеъро вобаста ба баррасии ариза, шикоят ва муроҷиатҳои дигар анҷом дода, оид ба такмили коргузорӣ дар ин самт таклиф пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- дар муассисаю ташкилотҳои системаи худ фаъолияти муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ ва таҳсилоти иловагиро таъмин менамояд;

- таҳлил ва мониторинги фаъолияти молиявии корхонаҳои азими давлатиро, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, анҷом дода, барои пешрафти фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории онҳо таклифҳо пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- нақшаи молиявии корхонаҳои азими давлатиро, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, баррасӣ ва мувофиқа менамояд;

- дар ҳолати зарурат оид ба ворид намудани тағйирот ба нақшаи молиявии корхонаҳои азими давлатӣ, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, таклифҳо пешниҳод менамояд;

- дар баробари гирифтани иттилоот аз муассисаю ташкилотҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадориҳои шартии онҳо дар қисми пурра будани онро, асоснокии баҳодиҳӣ, сифати тафсир баҳо медиҳад, дар ҳолати зарурӣ ба ташкилотҳои ҳисобдиҳанда тавсия медиҳад, ҳамчун иттилооти мазкурро дар сомонаи интернетии худ нашр месозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба зарурати қабули чораҳои дахлдор ҷиҳати кам ё пешгирӣ намудани ба миён омадани ӯҳдадориҳои нави шартӣ ё беҳтар намудани идоракунии ӯҳдадориҳои мавҷудбуда хабардор менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- амалиётҳои электронии суратҳисобҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ идора менамояд;

- пасандозҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро идора намуда, бо мақсади ғанӣ гардонидани Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати кӯтоҳмуддат дар давраи соли молиявии дахлдор ҷойгир менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- интиқоли электронии маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути низоми пардохтҳои электронӣ таъмин менамояд.

7. Вазорат ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маводи зарурирӣ барои таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ва ҳисоботро оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд;

- аз мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳо барои анҷом додани назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ ба даст орад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ошкор намудани далелҳои ғайри мақсадноки истифодаи маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби онҳо, инчунин ҳангоми дар мӯҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод накардани ҳисобот оид ба хароҷоти маблағҳои қаблан гирифташуда, маблағгузории ташкилотҳои аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришавандаро, маҳдуд ва дар ҳолатҳои зарурӣ қатъ намояд;

- дар ҷараёни иҷрои буҷет дар доираи маблағҳои тасдиқгардида оид ба моддаҳои гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ ва вобаста тақсимоти даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳар семоҳа тағйирот ворид намояд;

- бо мақсади истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ аудити дохилӣ, инчунин тафтиш ва санҷиши ҳолати ташкили кори баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ, таркиби сифатии кормандони ҳисобкунандаро дар муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корхонаҳо (ба истиснои системаи бонкӣ), сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон гузаронад;

- ҳангоми зарурат фаъолияти бонкҳоро вобаста ба амалиёти онҳо оид ба иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ омӯзад;

- ҳамоҳангсозии фаъолиятро оид ба омӯзонидан, додани сертификат, такмили ихтисос ва омӯзонидани аудиторҳои дохилиро дар мақомоти идораи давлатӣ ва муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ анҷом диҳад;

- дар ҳолати зарурӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз ҳисоби маблағҳои барои нигоҳдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар хароҷоти ғайричашмдошти дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда ба муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ маблағҳо ҷудо намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;

- аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, корхонаҳо бо сармоягузории хориҷӣ, биржаҳои фондӣ ва дигар иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок ҳамчун муассис баромад кунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони соҳаи молияро барои меҳнати самаранок ва хизмати шоиста ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ намояд;

- ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандон барои муваффақиятҳои меҳнатӣ дар рушди соҳаи молия Нишони фахрии "Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таъсис дода, низомномаи онро тасдиқ намояд;

- мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатӣ" ва "Дар бораи хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳуқуқҳоро амалӣ намояд;

- фаъолияти нашриётиро амалӣ намояд;

- дар доираи салоҳияти худ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои давлатӣ, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи он ҳамкорӣ намояд;

- низомнома ва оинномаи мақомоти маҳаллии молия ва муассисаю ташкилотҳои системаи худро тасдиқ намояд ва фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории онҳоро назорат намояд;

- лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи ваколатҳои худ таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод намояд;

- ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи дигар вазорату идораҳо таҳиягардида хулосаи молиявӣ диҳад;

- дар доираи салоҳияти худ бо тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул (нашр) намояд, ки онҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои онҳо барои тамоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад;

- бо мақсади истифодаи самараноки имтиёзҳои андози иловагии пешбинигардида дар муассисаю ташкилотҳои имтиёзгиранда таҳлилҳо гузаронад;

- таҳлилҳои иқтисодиро оид ба иҷрои қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: оид ба воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет амалӣ намояд;

- истифодаи системаҳои иттилоотии молиявиро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монад;

- дар ҳолати мувофиқат накардани амалиёти муҳосибӣ ба талаботи қонунгузории амалкунанда, инчунин тибқи санадҳои судӣ маблағгузории муассисаю ташкилотҳои буҷетиро боздорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- дар ҳолати аз тарафи мақомоти маҳаллии молия барнагардонидани қарзҳои буҷетӣ (ссуда) ё маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳои байнибуҷетӣ, маблағи мазкурро аз ҳисоби маблағҳои барои буҷети дахлдор пешбинишуда бо роҳи анҷом додани амалиёти дохилӣ боздошт намояд;

- дар ҳолати сари вақт насупоридани ҳисоботи молиявӣ аз тарафи муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, маблағгузории онҳоро муваққатан то супоридани ҳисоботи молиявӣ боздорад;

- дар ҳолати аз нархи бозори истеъмолӣ зиёд будани арзиши шартномавии молу маҳсулоти аз ҷониби муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ харидоришаванда, маблағгузориро боздорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- дар ҳолати ба миён омадани тафовути муваққатии хазинавӣ дар раванди таҳияи дурнамои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, меъёри хазинавиро барои маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ тариқи низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ муқаррар намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293);

- ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо аризаи даъвогӣ барои ҳифзи манфиатҳои Вазорат ва буҷети давлатӣ муроҷиат намояд;

- бо тартиби муқарраргардида дар бораи беҳдошти меҳнат, таъминоти моддӣ ва иҷтимоию маишии кормандони мақомоти молия пешниҳод манзур намояд;

- бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи кормандони мақомоти молияи кишвар ва такмили ихтисоси онҳо курсҳои сайёр ва курсҳои бозомӯзии кчтоҳмуддат ташкил намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

8. Вазорат барои татбиқи вазифаҳои худ:

- бо ташкилотҳои илмию тадқиқотии самти иқтисодӣ ҷиҳати таҳияи пешниҳодот оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ҳамкорӣ менамояд;

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба сиёсати андоз, рушди қонунгузории андоз ва такмили низоми андози давлатӣ пешниҳодот таҳия менамояд;

- дар таҳияи пешниҳодот оид ба муқаррар намудани андозаи тарифҳои гумрукӣ ва тартиби ситонидани боҷҳои гумрукӣ, тартиб ва иҷрои назорати воридоти даромад аз амвол, ки таҳти моликияти давлатӣ қарор дорад, иштирок менамояд;

- низомномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассисаю ташкилотҳои буҷетиро дар мавриди ташаккули лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ, ки дар он сиёсати буҷету андоз, параметрҳои асосии даромад ва хароҷоти буҷет, нақшаи таҳияи он ва расмиёти пешниҳоди ҳисобҳои дахлдор ва асосноксозӣ оид ба буҷет муайян шудаанд, меомӯзад;

- ҳангоми ихтилофи назар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин мақомоти анҷомдиҳандаи идораи буҷети фондҳои буҷетии мақсаднок вобаста ба ташаккули буҷет қарор қабул намуда, оид ба он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд;

- баъди қабули Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои тасдиқгардадаро ба маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мегарданд, мерасонад;

- якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон дар таҳияи мувозинаи пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;

- якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҷалби қарзҳои хориҷӣ корҳои экспертию таҳлилиро пеш мебарад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурҳо, дастурамалҳо оид ба масъалаҳои буҷет, андоз, пардохтҳои гумрукӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, хазинадории марказӣ, суғурта, гаравхона, муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок, бизнеси бозӣ ва самтҳои дигари ба зиммаи мақомоти молия гузошташуда, ки Вазорат нашр менамояд, барои риоя аз ҷониби ҳамаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ ҳатмӣ мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

8(1). Вазорат барои таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони мақомоти молия бо тартиби муқарраргардида ба сохторҳои дахлдор пешниҳодот манзур менамояд, таъминоти моддию техникии мақомоти молияи ҷумҳуриро ташкил мекунад, дар бобати амалӣ намудани сохтмони асосӣ ва таъмири биноҳои мақомот ва ташкилотҳои молия аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тадбирҳо меандешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

8(2) . Вазорат мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ озмунҳо мегузаронад ва барои расондани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, инчунин гузарондани корҳои илмиву тадқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ шартномаҳо мебандад.

8(3). Вазорат ваколати тақсимкунандаи асосӣ ва қабулкунандаи воситаҳои буҷетии ҷумҳуриявиро, ки барои нигоҳдории Вазорат ва иҷро намудани вазифаҳои ба он вогузоршуда пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд.

8(4) . Вазорат бо тартиби муқарраршуда ба мақомот ва ташкилотҳои низоми молия маблағ ҷудо намуда, дар онҳо баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро ташкил ва назорат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

III. Ташкили фаъолияти Вазорат

9. Вазоратро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Вазир барои иҷрои вазифа ва вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

10. Вазир муовинон, аз ҷумла муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Шумораи муовинони Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

Тақсимоти вазифаҳо байни муовинони Вазир аз ҷониби Вазир анҷом дода мешавад.

11. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти худ аз сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шӯьбаҳо иборат мебошад. Ба ҳайати сарраёсатҳо: раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо, ба раёсатҳо: шӯъбаҳо ва бахшҳо дохил мешаванд.

12. Вазир дар доираи ваколати худ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293):

- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тасдиқ менамояд, фармоишҳо қабул менамояд ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби ҳамаи кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти нақшаи идоракунии Вазорат, инчунин ташкилотҳои низоми он ҳатмӣ буда, иҷрои онҳоро месанҷад;

- ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазоратро ташкил менамояд ва ба онҳо роҳбарӣ мекунад;

- кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои системаи Вазорат, роҳбарон ва кормандони мақомоти маҳаллии молияро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;

- бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаро дар низоми мақомоти молия амалӣ менамояд;

- дар хусуси ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани муовини якум ва муовинони вазир, роҳбарони Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсус, Хазинаи сарватҳои давлатӣ, Муассисаи таълимии "Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон", Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;

- ваколати ба кор қабул ва аз кор озод намудани кормандони техникии мақомоти маҳаллии молияро ба роҳбарони онҳо вогузор менамояд;

- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат, мақомоти дар нақшаи идоракунӣ пешбинишуда ва оинномаи ташкилотҳои низоми Вазоратро (ба истиснои низомномаҳои Агентии бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсус, Хазинаи сарватҳои давлатӣ) тасдиқ менамояд;

- нақшаи кори солона ва нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои нақшаи идоракунии Вазорат ва ҳисоботи иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;

- сохтор ва басти вазифаҳои Вазоратро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Вазоратро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ мекунад;

- шумора ва фонди музди меҳнати кормандони ташкилотҳои низоми Вазорат ва воҳидҳои сохтории онҳоро дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷот барои нигоҳдории онҳоро дар доираи маблағҳои буҷетии барои соли молиявии дахлдор тасдиқшуда, ки дар буҷети давлатӣ барои идораи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, тасдиқ менамояд;

- санад ва қарорҳои мақомот ва ташкилотҳои низоми Вазоратро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор намудани онро қонунгузорӣ муайян накарда бошад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони мақомоти нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои низоми мақомоти молия чораҳои ҷавобгарии интизомӣ татбиқ менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ ба кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва низоми мақомоти молия рутбаҳои тахассусӣ медиҳад, инчунин бо тартиби муқарраршуда барои додани рутбаҳои тахассусӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- кормандони мақомоти молияро барои маҳорати касбӣ, дастовардҳои меҳнатӣ, хизмати бисёрсолаи софдилона ва бенуқсон, инчунин шахсони дигарро барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаи молия бо унвони корманди фахрии мақомоти молия, нишони сарисинагии "Аълочии молия", мукофотҳои идоравӣ, ифтихорнома ва сипосномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегардонад;

- низомнома дар бораи тартиби додани унвони корманди фахрии мақомоти молия, нишони сарисинагии "Аълочии молия", ифтихорнома ва сипосномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида кормандони Вазорат, мақомот ва ташкилотҳои низоми он ва шахсони дигареро, ки дар ин соҳа фаъолият менамоянд, барои сазовор гаштан ба унвони фахрӣ ва мукофотонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорат ҳал менамояд;

- ваколатҳои дигарро, ки бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳо ва амалӣ намудани ваколатҳои Вазорат пешбинӣ шудаанд, иҷро менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

12(1). Дар ҳолати набудани вазир, вазифаҳои вазирро муовини якуми вазир ва дар ҳолати набудани муовини якуми вазир, бо супориши вазир яке аз муовинони вазир иҷро мекунанд.

12(2). Вазорат дар ҳолатҳои зарурӣ бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои муштарак таҳия ва қабул менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

13. Дар Вазорат дар ҳайати Вазир (Раис), муовинони Вазир аз рӯи вазифа, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллии молия ва муассисаю ташкилотҳои системаи Вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.

Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа ба он шомиланд, бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои муҳими вобаста ба салоҳияти Вазоратро баррасӣ менамояд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо аксарияти овози аъзои он қабул гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва тавассути фармони Вазир татбиқ мегарданд. Дар ҳолати мухолифат байни Вазир ва аъзои ҳайати мушовара, Вазир қарор қабул мекунад ва доир ба мухолифати баамаломада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад. Аъзои ҳайати мушовара низ метавонанд фикру мулоҳизаҳои худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.

13(1). Дар ҳолатҳои ҷудогона бо мақсади ҳалли масъалаҳои молиявӣ, ҷаласаҳои якҷояи ҳайати мушовара бо вазоратҳои дигар, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатӣ гузаронда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

14. Барои баррасии масъалаҳои фаъолияти соҳа ва пешниҳоди тавсияҳо дар назди Вазорат аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳои дигар метавонад мақомоти ҳамоҳангсозию машваратии байниидоравӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ) таъсис дода шаванд. Ҳайат ва низомномаи онҳоро Вазир тасдиқ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

15. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоте, ки ба нақшаи идоракунии Вазорат шомиланд, инчунин муассисаю ташкилотҳои системаи Вазорат аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус ва фаъолияти ҳисоби хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад.

16. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказӣ маблағгузорӣ мегардад.

17. Маҳалли ҷойгиршавии Вазорат шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз, 35 мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

 

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2015, № 187

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Сарраёсати Буҷети давлатӣ

Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ

Сарраёсати хазинадории марказӣ

Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузории давлатӣ

Сарраёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои воқеъии иқтисодиёт

Раёсати котибот

Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ

Раёсати буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Раёсати сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ; ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудиторӣ

Раёсати аудити дохилӣ ва назорат

Раёсати кадрҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293)

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293)

Раёсати ҳуқуқ

Раёсати корҳо

Раёсати муҳосибот ва банақшагирӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293)

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2015, № 187

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Сарраёсатҳои Вазорати молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293)

Раёсатҳои Вазорати молия дар шаҳру ноҳияҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293

Нозироти давлатии иёргирӣ

Хазинаи сарватҳои давлатӣ

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408)

Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсус (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293)

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2015, № 187

тасдиқ шудааст

дар таҳрири нав қабул карда шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293)

Номгӯйи ташкилотҳои низоми Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи таълимии "Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот"

Муассисаи давлатии маҷаллаи "Молия ва ҳисобдорӣ"

Муассисаи давлатии "Раёсати корҳои сохтмону таъмир ва хизматрасонӣ"

Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик"

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази технологияҳои иттилоотии молиявӣ"

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ"

Муассисаи давлатии "Матбааи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Пажчҳишгоҳи илмию тадқиқотии молия"  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 293).

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2015, № 187

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар таркиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолияти молиявӣ, буҷету андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, суғуртавӣ, асъорӣ, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва хазинаи сарватҳои давлатиро таъмин намуда, дар ин самт фахолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба иҷро ва риояи қонунгузории андоз, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз тарафи андозсупорандагон ва идоракунии молияи давлатӣ ҳамоҳанг месозад.

2. Вазорат фаъолияти дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллии молия, Нозироти давлатии иёргирӣ, Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда, Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва муассисаҳою ташкилотҳои системаро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408).

3. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти намояндагии ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

4. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

II. Ваколатҳои Вазорат

5. Ваколатҳои асосии Вазорат аз инҳо иборатанд:

- таҳия ва татбиқи сиёсати буҷету андоз, сиёсати суғуртавӣ, сиёсат дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ (ба ғайр аз системаи бонкӣ), иштирок дар таҳияи сиёсати сармоягузорӣ, нарх, пулию қарзӣ, асъорӣ ва дигар сиёсати ба зиммаи Вазорат гузошташуда;

- таҳияи дурнамоҳои нишондиҳандаҳои буҷету андоз, сармоягузорӣ ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ;

- таҳияи пешниҳодот оид ба афзалиятҳои маблағгузории буҷетии бахшҳои мухталифи иқтисодиёт, идоракунии таҳияи буҷети давлатии миёнамӯҳлати кишвар, ҷараёни буҷет;

- таъмини идоракунии самарабахши оперативии маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла бо дарназардошти татбиқи тадбирҳо оид ба хизматрасонӣ ва пӯшонидани қарзҳои дохилӣ ва берунии давлатии кишвар;

- таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи ягонагии низоми буҷетӣ барои таъмини сиёсати ягонаи иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла сиёсати молиявию буҷетӣ ва андоз;

- танзими нақши тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ ва гирандагони маблағҳои буҷетӣ дар таҳияи лоиҳаи буҷет, иҷрои буҷет, баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибӣ;

- таъмини мустақилияти буҷетҳо (буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ) дар асоси манбаҳои даромадҳои худӣ ва ҳуқуқи муайян намудани самтҳои истифодаи онҳо ва хароҷот, қонунан муайян кардани манбаҳои даромад барои ҳар як сатҳи маблағгузаронии буҷетӣ аз андоз ва даромадҳои давлатӣ;

- таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор дар асоси дурнамои макроиқтисодӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ташкили иҷрои буҷет оид ба даромад ва хароҷот дар асоси низоми автоматикунонидашудаи хазинадории давлатӣ, таҳияи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- истифодаи захираҳои молиявӣ ҷиҳати таъмини иҷрои фаъолияти давлат, рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар;

- такмили шаклҳои муносибатҳои мутақобилаи молиявии давлат бо ниҳодҳои дар соҳаи иқтисодиёт фаъолияткунанда ва субъектҳои мустақили иқтисодӣ;

- пешбурди сиёсати андоз ва дар асоси гузаронидани таҳлили фаъолияти андозсупорандагон муайян намудани манбаҳои зарурии пурра намудани Буҷети давлатӣ, мутаносибии даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ, ки рушди иқтисоди кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардумро таъмин менамояд;

- таҳияи методологияи ягонаи тартиб додани буҷетҳои сатҳҳои мухталиф ва ҳисобот оид ба иҷрои онҳо;

- муайян намудани манбаъҳои маблағгузории қасри буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҷалби захираҳои молиявӣ дар бозори маблағҳо;

- идоракунии қарзҳои берунаи давлатӣ, хизматрасонии он, аз ҷумла иҷрои ӯҳдадориҳои қарзӣ вобаста ба кафолатҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, амалӣ намудани қарзгирӣ, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, мониторинг ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои қарз, ки дар асоси шартнома (созишнома) оид ба қарзи гирифташудае, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати давлатӣ доранд;

- таҳияи лоиҳаи барномаи қарзҳои берунаи давлатӣ барои соли минбаъда дар асоси дурнамои дарозмӯҳлати рушди иқтисодӣ ва бо дарназардошти барномаи сармоягузории давлатӣ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур доштани пешниҳодот дар мавриди зарурати ҷалби маблағҳои қарз, иштирок дар музокирот бо кредиторони хориҷӣ, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани кафолати давлатӣ;

- мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор" ва фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ҷалби маблағҳои грантӣ ва қарзӣ ҷудо намудани қарз ба субъектҳои дигари фаъолияти хоҷагидории ҷумҳурӣ;

- бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, мониторинг ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои қарз, ки дар асоси созишномаҳои қарзӣ ва зерқарзӣ ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидории ҷумҳурӣ ҷудо карда шудаанд;

- муайян намудани афзалиятҳо дар ташаккул, рушд ва танзими муносибатҳо ва таъсиси инфраструктураи дахлдор дар бозори коғазҳои қиматнок;

- анҷом додани бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматноки эмитентҳо, рухсатдиҳӣ ва назорати муомилоти коғазҳои қиматнок дар бозори фондӣ, муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ ва назорати фаъолияти иштирокчиёни касбӣ, намояндагии ҳуқуқи иштирокчиён дар бозори коғазҳои қиматнок;

- таҳияи тартиби гузаронидан ва анҷом додани барориш ва ҷойгиркунонии векселҳои хазинавӣ, ӯҳдадориҳои қарзӣ, вомбаргҳои давлатӣ, вомбаргҳои бурднок ва лотереяҳои ҷумҳуриявӣ;

- иштирок дар муайян намудан ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ ва ташаккули нарх;

- таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти молиявии соҳаҳои иқтисодиётро танзим менамоянд;

- иштирок дар таҳия ва пешбурди сиёсати ягона дар соҳаи ташаккул ва истифодаи захираҳои давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол ва рушди бозори металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар арзишҳо;

- барои ҳар як соли минбаъда таҳия намудани ҳаҷми (квотаи) фурӯши металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулот аз онҳо аз Фонди давлатӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ ва пешниҳод ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо мақомоти дахлдор муайян намудани тартиби баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва нигаҳдошти сангҳои қиматбаҳо, металлҳои қиматбаҳо ва маҳсулот аз онҳо;

- анҷом додани назорати коркард, истифода, нигаҳдошт ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо дар ҳамаи ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродие, ки чунин фаъолиятро анҷом медиҳанд;

- амалӣ намудани аудити дохилӣ ва назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ дар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва дар доираи салоҳияти худ анҷом додани назорати ҷараёни иҷрои буҷет дар ҳамаи сатҳҳо;

- муайян намудани тартиб ва усулҳои ташкили санҷиши тахассусӣ барои гирифтани сертификати "Аудитори дохилӣ" дар бахши давлатӣ;

- анҷом додани роҳбарии методологии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибӣ (ба истиснои ташкилотҳои қарзӣ), татбиқи тадбирҳо оид ба такмили минбаъдаи заминаи меъёрии баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит;

- таҳия ва татбиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) ва фаъолияти аудиторӣ. Ташкили курсҳои таълимӣ барои тайёр намудани аудиторҳо, додани шаҳодатномаи тахассусии аудит ва иҷозатнома барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ;

- ташкили курсҳои таълимӣ ва аттестатсияи муҳосибон ва додани сертификат аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, аккредитатсияи муҳосибон ва аудиторони касбӣ;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408)

- таҳияи пешниҳодот оид ба танзим даровардани ихтисори шумораи хизматчиёни давлатӣ ва хароҷот барои нигоҳдории мақомоти идораи давлатӣ, дастгоҳи мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

- бақайдгирии басти вазифаҳо ва сметаи хароҷоти нигаҳдории дастгоҳҳои идораҳои мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти суд ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- таъмин намудани риояи қонунгузорӣ оид ба андозҳо, даромадҳои ғайриандозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, назорати баҳисобгирии дуруст, пурра ва сари вақт пардохт намудани онҳо ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини риояи дигар қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки назораташон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти Вазорат гузошта шудааст;

- амалӣ намудани назорати асъорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба батанзимдарории асъор ва назорати асъорт дар доираи салоҳияти мақомоти молия, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;

- дар доираи салоҳияти худ таъмин намудани ҳифзи бехатарӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи андоз, бо мақсади ҳамгироии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои иқтисодиёти байналмилалӣ (иқтисодиёти ҷаҳонӣ), бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- роҳбарии умумӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи мақомоти ваколатдор оид ба таъмин намудани даромад ва пардохтҳои давлатӣ ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар фондҳои давлатӣ;

- татбиқи самараноки сиёсати ягона дар соҳаи суғуртавӣ, ки дар ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад;

- гузаронидани мониторинги мунтазами фаъолияти молиявию хоҷагии корхонаҳои азими давлатӣ аз рӯи феҳристи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- аз корхонаҳои азими давлатӣ, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, талаб намудани нақшаи молиявиашонро барои соли пешбинишуда ва ҳисоботи фаъолияти молиявии хоҷагидорӣ ва ҳисобот оид ба санҷиши аудитории берунии онҳо;

- таъмини муносибатҳои электронӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар табодулоти иттилооти молиявӣ ҷиҳати идоракунии самарабахши маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;

- қабули қарори дахлдор оид ба пешниҳод намудани иттилоот аз тарафи ҳамаи муассисаю ташкилотҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои шартии онҳо;

- чоп ва нашри коғазҳои қиматнок;

- анҷом додани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд ва бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Вазорат вогузор менамоянд.

6. Вазорат мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- оид ба такмили низоми Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми инкишофи муносибатҳои буҷетӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳодотро таҳия ва тадбирҳоро амалӣ менамояд;

- дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро барои дурнамои дарозмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва кӯтоҳмӯҳлат пешниҳод менамояд;

- маҷмӯи тадбирҳоро оид ба солимгардонии молиявӣ ва бозсозии сохтори иқтисодиёти миллӣ, сиёсати макроиқтисодӣ, дастгирии давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватании молҳо, иҷрокунандагони кор ва хизматрасонӣ амалӣ менамояд;

- самтҳои асосии сиёсати қарзӣ ва пулии давлат, беҳдошти вазъи ҳисобот ва пардохтҳоро дар иқтисодиёт муайян менамояд;

- оид ба барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани маблағгузории онҳо чораҳо меандешад;

- роҳбарии умумии методӣ дар соҳаи банақшагирии молиявию буҷетӣ ва маблағгузории буҷетҳои ҳамаи бахшҳо ва сатҳҳоро анҷом медиҳад;

- танзими буҷетӣ, аз ҷумла бо буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо, ҳамчунин муносибатҳои мутақобила бо Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар институтҳои иқтисодиро анҷом медиҳад;

- масъалаҳои молиявиро вобаста ба ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодии давлат таҳлил ва пешниҳодоти дахлдорро барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд;

- лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои буҷет ва андоз таҳия менамояд;

- пешниҳодотро таҳия намуда, дар таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳои (конвенсияҳои) байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои андоз иштирок менамояд;

- методикаи ташаккули арзиши аслии кор ва хизматрасонии муассисаю ташкилотҳои давлатӣ, инчунин меъёрҳои хароҷот оид ба гурӯҳҳои алоҳидаи хароҷоте, ки ба арзиши аслии мол, кор ва хизматрасонӣ дохил карда мешаванд, муайян менамояд;

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба сиёсати андоз, рушди қонунгузории андоз ва такмили низоми андози давлатӣ таклифҳо таҳия менамояд, инчунин дар таҳияи пешниҳодот оид ба муқаррар намудани андозаи меъёрҳои тарифи гумрукӣ, тартиби ситонидани боҷҳои гумрукӣ иштирок менамояд;

- сиёсати давлатро дар соҳаи барориш, ҷойгиркунонӣ, чоп ва нашри коғазҳои қиматноки давлагӣ амалӣ намуда, самтҳои асосии рушди бозори коғазҳои қиматнокро таҳия менамояд ва фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳамоҳанг месозад ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба бозори коғазҳои қиматнок таҳия менамояд;

- феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок, феҳристи иҷозатномаҳои додашуда, боздоштшуда ва бекоркардашудаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, феҳристи субъектҳои фаъолияти лотереяро пеш мебарад, баҳисобгирии суди саҳмияҳои (дивидендҳои) марбут ба давлатро амалӣ менамояд, инчунин иҷозатномадиҳиро вобаста ба фаъолияти ломбардҳо, фаъолият дар соҳаи биржа, фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшуда, аз ҷумла коғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур, фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото, фаъолияти аудиторӣ, фаъолияти суғуртавӣ, фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақаро амалӣ менамояд;

- қоидаҳои гузаронидани бозиҳои лотереяҳои ҷумҳуриявиро таҳия менамояд;

- масъалаҳои қарзҳои дебиторӣ ва кредитории муассисаю ташкилотҳои барҳамдодашавандаро ба танзим медарорад;

- дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон амалиётро оид ба хизматрасонии қарзи давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;

- банақшагирӣ, баҳисобгирӣ, назорат ва таҳлили маблағгузории касри буҷети ҷумҳуриявиро аз ҳисоби қарзҳои берунӣ ва дохилӣ анҷом медиҳад;

- дар баррасии масъалаҳои татбиқ ва барасмиятдарории ҳисобҳои байнидавлатӣ тибқи шартҳои реструктуризатсияи қарзҳои берунӣ, инчунин мутобиқи мақсад будани ҷалби қарзҳои хориҷӣ таҳти кафолати давлати ширкат меварзад;

- корҳоро оид ба қарзи беруна вобаста ба баргардонидашаванда будани қарз, андозаи фоизӣ, лимити қарзи берунӣ, унсури грантӣ ва мутобиқат ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад;

- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиб ва расмиёти қарз, идораи қарзҳои давлатӣ ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатдодашуда, пӯшонидан ва хизматрасонии онҳоро танзим менамоянд, иштирок мекунад;

- пешгирии хавфи фарқияти қурби асъорӣ, хавфи ба таъхир афтодани пардохти қарзи берунӣ ва хавфи напардохтани қарзҳои бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалбгардидаро аз ҳисоби маблағҳои захиравӣ, ки дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор ҷиҳати хизматрасонии қарзи беруна пешбинӣ шудаанд, анҷом медиҳад;

- амалҳои якҷоя ва ҳамкориро бо мақомоти идораи давлатӣ, бонкҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корхонаҳо оид ба масъалаҳои марбут ба иҷрои вазифаҳои Вазорат таъмин менамояд;

- ҳамкориро бо ташкилотҳои махсусгардонидашуда, аз ҷумла хориҷӣ оид ба масъалаҳои таъсис ва фаъолияти низоми самарабахши идораи қарзҳои давлатӣ дар Вазорат таъмин менамояд;

- дар ташаккули Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон (минбаъд-Фонди давлатии Тоҷикистон) иштирок намуда, харид ва пурра намудан, ба навъҳо ҷудо кардан, арзёбӣ, баҳисобгирӣ ва ҳифзи металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти дорои таркиби онҳоро таъмин менамояд;

- тартиби муайян намудани нархҳоро барои металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулот аз онҳо, ки барои Фонди давлатии Тоҷикистон харидорӣ ва аз он ба фурӯш расонида мешаванд, таҳия ва тасдиқ менамояд, якҷоя бо ташкилотҳои манфиатдор оид ба танзими бозори металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад;

- назорати давлатиро оид ба сифати навъбандӣ, гурӯҳбандӣ, арзёбӣ ва фурӯши сангҳои қиматбаҳо, ашёи хоми онҳо анҷом дода, иштироки назоратчиёни давлатиро дар фаъолияти корхонаҳои истихроҷкунанда ва дигар ташкилотҳо, нуқтаҳои махсусгардонидашудаи гумрукӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, инчунин иҷозатномадиҳии фаъолиятро ҷиҳати аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металл ва дигар сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи маснуоти аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда амалӣ менамояд;

- бо иштироки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои нархҳои ҳисоб, фурӯш ва дигар навъҳои нархҳоро барои сангҳои қиматбаҳои дар кишвар истихроҷшуда ё коркардашуда таҳия ва тасдиқ менамояд, таҳлили афзоиши нархҳоро дар бозори ҷаҳонии сангҳои қиматбаҳо тавассути коркард ва фурӯши онҳо тибқи тартиби муқарраргардида анҷом медиҳад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иёргириро дар ҷумҳурӣ ташкил менамояд ва мегузаронад, ҳаҷми пардохти иёргириро барои иёр ва тамғагузории маҳсулот аз металлҳои қиматбаҳо, инчунин экспертизаи масолеҳ муқаррар менамояд;

- сохтор ва таркиби гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ, нақшаи ҳисобҳо, шаклҳои намунавии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ, дастурҳо оид ба истифодаи онҳо ва тартиби таҳияи ҳисоботдиҳии ташкилотҳои бонкӣ ва қарзиро тасдиқ менамояд;

- масъалаҳои мафҳумии рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботдиҳии муҳосибӣ (молиявӣ) ва аудитро барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт муайян месозад;

- низоми назорат ва анҷоми назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит таҳия менамояд;

- сиёсати назорат ва аудити дохилиро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва муассисаю ташкилотҳои аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор маблағгузоришаванда, тибқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ менамояд;

- ташаккул ва фаъолияти устувори Институти ҷамъиятии кормандони мақомоти молия, муҳосибони касбӣ ва аудиторҳои давлатиро ташкил менамояд;

- назорати ҷараёни маблағгузориро аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тавассути низоми автоматикунонидашудаи хазинадории давлатӣ анҷом дода , мӯҳлат ва шаклҳои ҳисоботдиҳии молиявиро муайян менамояд;

- низоми автоматикунонидашудаи хазинадории давлатии иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро такмил дода, ҷараёни иҷрои нақшавии буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллиро назорат менамояд;

- ҳисоботҳои давравиро оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр менамояд;

- дастурамалҳо, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро оид ба иҷрои хазинадории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи даромад ва хароҷот таҳия намуда, баҳисобгирии дороиҳо, қарзҳои дохила ва берунаро пеш мебарад;

- дар доираи салоҳияти худ санҷишҳои дохилӣ ва мавзӯиро доир намуда, таҳлили воридот ва хароҷоти маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор таҳия менамояд ва дар соҳаи иттилоотонии мақомоти маҳаллии молия сиёсати ягонаи техникиро пеш мебарад;

- назорати ҳифзи маблағҳои пулӣ ва арзишҳои моддӣ, саҳеҳии ҳисоботдиҳии давлатиро дар иқтисодиёти кишвар бо роҳи гузаронидани савҷишҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти идораи давлатӣ таъмин менамояд;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408) 

- назорати риояи тартиби муқарраргардидаи ташаккул, мувофиқа ва тасдиқи басти вазифаҳо ва сметаи хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи идораи мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти суд ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, андозаҳои маош, меъёрҳо, коэффитсиентҳои тарифӣ барои пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва иловапулиҳоро анҷом медиҳад;

- дар гуфтушунидҳо доир ба бастан ва таҳия намудани созишномаҳои байниҳукуматӣ (байнидавлатӣ) оид ба каноргирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя (амвол), дигар шартномаҳо ва созишномаҳои байналмиллалӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл мекунанд, иштирок менамояд ва дар доираи салоҳияти худ татбиқи созишномаҳои (шартномаҳои) мазкурро амалӣ менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ вазифаи мақоми назорати асъориро амалӣ менамояд, инчунин назорати амалиёти асъориро, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили низоми иттилоотӣ, ҷойҳои кории автоматикунонидашуда ва дигар воситаҳои автоматикунонӣ ва компютеркунонӣ мақомоти Вазоратро таъмин менамояд;

- корро оид ба тарбия, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои мақомоти Вазорат ташкил мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволеро, ки бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дар тавозуни Вазорат қарор дорад, соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд;

- оид ба ошкор, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои вазифавӣ дар мақомоти маҳаллии молия тадбирҳоро таҳия ва амалӣ менамояд;

- баррасии саривақтӣ ва пурраи арзу шикоят ва муроҷиатҳоро таъмин менамояд;

- дар муассисаю ташкилотҳои системаи худ фаъолияти муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ ва таҳсилоти иловагиро таъмин менамояд;

- таҳлил ва мониторинги фаъолияти молиявии корхонаҳои азими давлатиро, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, анҷом намуда, барои пешрафти фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории онҳо таклифҳо пешниҳод менамояд;

- нақшаи молиявии корхонаҳои азими давлатиро, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, баррасӣ ва мувофиқа менамояд;

- дар ҳолати зарурат оид ба ворид намудани тағйирот ба нақшаи молиявии корхонаҳои азими давлатӣ, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, таклифҳо пешниҳод менамояд;

- дар баробари гирифтани иттилоот аз муассисаю ташкилотҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадориҳои шартии онҳо дар қисми пурра будани онро, асоснокии баҳодиҳӣ, сифати тафсир баҳо медиҳад, дар ҳолати зарурӣ ба ташкилотҳои ҳисобдиҳанда тавсия медиҳад, ҳамчун иттилооти мазкурро дар сомонаи интернетии худ нашр месозад. Ғайр аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба зарурати қабули чораҳои дахлдор ҷиҳати кам ё пешгирӣ намудани ба миён омадани ӯҳдадориҳои нави шартӣ ё беҳтар намудани идоракунии ӯҳдадориҳои мавҷудбуда хабардор менамояд;

- амалиётҳои электронии суратҳисобҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ идора менамояд;

- депозитҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро идора намуда, бо мақсади ғанӣ гардонидани Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати кӯтоҳмуддат дар давраи соли молиявии дахлдор ҷойгир менамояд;

- интиқоли электронии маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути низоми пардохтҳои электронӣ таъмин менамояд.

7. Вазорат ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маводи зарурирӣ барои таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ва ҳисоботро оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд;

- аз мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳо барои анҷом додани назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ ба даст орад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ошкор намудани далелҳои ғайри мақсадноки истифодаи маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби онҳо, инчунин ҳангоми дар мӯҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод накардани ҳисобот оид ба хароҷоти маблағҳои қаблан гирифташуда, маблағгузории ташкилотҳои аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришавандаро, маҳдуд ва дар ҳолатҳои зарурӣ қатъ намояд;

- дар ҷараёни иҷрои буҷет дар доираи маблағҳои тасдиқгардида оид ба моддаҳои гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ ва вобаста тақсимоти даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳар семоҳа тағйирот ворид намояд;

- бо мақсади истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ аудити дохилӣ, инчунин тафтиш ва санҷиши ҳолати ташкили кори баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ, таркиби сифатии кормандони ҳисобкунандаро дар муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корхонаҳо (ба истиснои системаи бонкӣ), сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон гузаронад;

- ҳангоми зарурат фаъолияти бонкҳоро вобаста ба амалиёти онҳо оид ба иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ омӯзад;

- ҳамоҳангсозии фаъолиятро оид ба омӯзонидан, додани сертификат, такмили ихтисос ва омӯзонидани аудиторҳои дохилиро дар мақомоти идораи давлатӣ ва муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ анҷом диҳад;

- дар ҳолати зарурӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз ҳисоби маблағҳои барои нигоҳдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар хароҷоти ғайричашмдошти дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда ба муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ маблағҳо ҷудо намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;

- аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, корхонаҳо бо сармоягузории хориҷӣ, биржаҳои фондӣ ва дигар иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок ҳамчун муассис баромад кунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони соҳаи молияро барои меҳнати самаранок ва хизмати шоиста ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ намояд;

- ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандон барои муваффақиятҳои меҳнатӣ дар рушди соҳаи молия Нишони фахрии "Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таъсис дода, низомномаи онро тасдиқ намояд;

- мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатӣ" ва "Дар бораи хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳуқуқҳоро амалӣ намояд;

- фаъолияти нашриётиро амалӣ намояд;

- дар доираи салоҳияти худ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои давлатӣ, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи он ҳамкорӣ намояд;

- низомнома ва оинномаи мақомоти маҳаллии молия ва муассисаю ташкилотҳои системаи худро тасдиқ намояд ва фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории онҳоро назорат намояд;

- лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи ваколатҳои худ таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод намояд;

- ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи дигар вазорату идораҳо таҳиягардида хулосаи молиявӣ диҳад;

- дар доираи салоҳияти худ бо тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул (нашр) намояд, ки онҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои онҳо барои тамоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад;

- бо мақсади истифодаи самараноки имтиёзҳои андози иловагии пешбинигардида дар муассисаю ташкилотҳои имтиёзгиранда таҳлилҳо гузаронад;

- таҳлилҳои иқтисодиро оид ба иҷрои қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: оид ба воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет амалӣ намояд;

- истифодаи системаҳои иттилоотии молиявиро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монад;

- дар ҳолати мувофиқат накардани амалиёти муҳосибӣ ба талаботи қонунгузории амалкунанда, маблағгузории муассисаю ташкилотҳои буҷетиро боздорад;

- дар ҳолати аз тарафи мақомоти маҳаллии молия барнагардонидани қарзҳои буҷетӣ (ссуда) ё маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳои байнибуҷетӣ, маблағи мазкурро аз ҳисоби маблағҳои барои буҷети дахлдор пешбинишуда бо роҳи анҷом додани амалиёти дохилӣ боздошт намояд;

- дар ҳолати сари вақт насупоридани ҳисоботи молиявӣ аз тарафи муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, маблағгузории онҳоро муваққатан то супоридани ҳисоботи молиявӣ боздорад;

- дар ҳолати аз нархи бозори истеъмолӣ зиёд будани арзиши шартномавии молу маҳсулоти аз ҷониби муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ харидоришаванда, маблағгузориро боздорад.

8. Вазорат барои татбиқи вазифаҳои худ:

- бо ташкилотҳои илмию тадқиқотии самти иқтисодӣ ҷиҳати таҳияи пешниҳодот оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ҳамкорӣ менамояд;

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба сиёсати андоз, рушди қонунгузории андоз ва такмили низоми андози давлатӣ пешниҳодот таҳия менамояд;

- дар таҳияи пешниҳодот оид ба муқаррар намудани андозаи тарифҳои гумрукӣ ва тартиби ситонидани боҷҳои гумрукӣ, тартиб ва иҷрои назорати воридоти даромад аз амвол, ки таҳти моликияти давлатӣ қарор дорад, иштирок менамояд;

- низомномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассисаю ташкилотҳои буҷетиро дар мавриди ташаккули лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ, ки дар он сиёсати буҷету андоз, параметрҳои асосии даромад ва хароҷоти буҷет, нақшаи таҳияи он ва расмиёти пешниҳоди ҳисобҳои дахлдор ва асосноксозӣ оид ба буҷет муайян шудаанд, меомӯзад;

- ҳангоми ихтилофи назар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин мақомоти анҷомдиҳандаи идораи буҷети фондҳои буҷетии мақсаднок вобаста ба ташаккули буҷет қарор қабул намуда, оид ба он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд;

- баъди қабули Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои тасдиқгардадаро ба маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мегарданд, мерасонад;

- якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон дар таҳияи мувозинаи пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;

- якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҷалби қарзҳои хориҷӣ корҳои экспертию таҳлилиро пеш мебарад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурҳо, дастурамалҳо оид ба масъалаҳои молиявии давлатӣ, ки Вазорат нашр менамояд, барои риоя аз ҷониби ҳамаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ ҳатмӣ мебошад.

III. Ташкили фаъолияти Вазорат

9. Вазоратро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Вазир барои иҷрои вазифа ва вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

10. Вазир муовинон, аз ҷумла муовини аввал дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Шумораи муовинони Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Тақсимоти вазифаҳо байни муовинони Вазир аз ҷониби Вазир анҷом дода мешавад.

11. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти худ аз сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шӯьбаҳо иборат мебошад. Ба ҳайати сарраёсатҳо: раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо, ба раёсатҳо: шӯъбаҳо ва бахшҳо дохил мешаванд.

12. Вазир дар доираи салоҳияти худ:

- фармон, фармоишҳо, дастур қабул менамояд ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби ҳамаи кормандони дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Вазорат, инчунин муассисаҳою ташкилотҳои системаи он ҳатмӣ буда, иҷрои онҳоро месанҷад;

- кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, роҳбарон ва сармутахассисони муассисаю ташкилотҳои системаи Вазорат, роҳбарон ва муовинони Нозироти давлатии иёргирӣ  ва роҳбарони мақомоти маҳаллии молияро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқа бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408);

- бо пешниҳоди роҳбарони мақомоти маҳаллии молия, муассисаю ташкилотҳои системаи Вазорат муовинони сардорони агентӣ, муассисаҳо ва муовинони роҳбарони мақомоти маҳаллии молияро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408);

- дар хусуси ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинони Вазир, роҳбарони Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда, Хазинаи сарватҳои давлатӣ; Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон", Корхонаи воҳиди давлатии суғуртавии "Тоҷиксармоягузор", Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" ба Ҳукумати Ҷумҳурии Хоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;

- низомномаҳои сохторҳои дастгоҳи марказии Вазорат, мақомоти маҳаллии молия, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида низомномаҳои муассисаю ташкилотҳои системаи Вазоратро тасдиқ менамояд;

- нақшаи кори ҳарсола ва нишондиҳандаҳои фаъолияти агентии нақшаи идоракунии Вазорат ва ҳисоботи иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408);

- сохтор ва басти вазифаҳои Вазоратро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Вазоратро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ мекунад;

- шумора ва фонди пардохти музди меҳнати кормандони муассисаю ташкилотҳои системаи Вазорат ва сохтори онҳоро дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷот барои нигоҳдории онҳоро дар доираи маблағҳои буҷетии барои соли молиявии дахлдор тасдиқшуда, ки дар Буҷети давлатӣ барои идораи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, тасдиқ менамояд;

- қарорҳои агентии нақшаи идоракунии Вазоратро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор намудани онро қонунгузорӣ муайян накарда бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408);

- бо тартиби муқарраргардида кормандони Вазорат ва агентии нақшаи идоракунии Вазорат ва шахсони дигареро, ки дар ин соҳа фаъолият менамоянд, барои сазовор гаштан ба унвони фахрӣ ва мукофотонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408);

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорат ҳал менамояд.

13. Дар Вазорат дар ҳайати Вазир (Раис), муовинони Вазир аз рӯи вазифа, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллии молия ва муассисаю ташкилотҳои системаи Вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.

Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа ба он шомиланд, бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои муҳими вобаста ба салоҳияти Вазоратро баррасӣ менамояд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо аксарияти овози аъзои он қабул гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва тавассути фармони Вазир татбиқ мегарданд. Дар ҳолати мухолифат байни Вазир ва аъзои ҳайати мушовара, Вазир қарор қабул мекунад ва доир ба мухолифати баамаломада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад. Аъзои ҳайати мушовара низ метавонанд фикру мулоҳизаҳои худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.

14. Барои баррасии пешниҳодот дар мавриди такмили усули танзими буҷетию молиявӣ ва маблағгузории иқтисодиёти давлат, методологияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ, ташкили аудит дар Вазорат метавонад аз ҳисоби мутахассисони баландихтисос, кормандони муассисаҳои илмӣ, намояндагони дигар ташкилотҳо мақомоти методӣ, ҳамоҳангсоз ва машваратӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ вобаста ба масъалаҳои дахлдор таъсис дода шаванд. Ҳайат ва низомномаи онҳоро Вазир тасдиқ мекунад.

15. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоте, ки ба нақшаи идоракунии Вазорат шомиланд, инчунин муассисаю ташкилотҳои системаи Вазорат аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус ва фаъолияти ҳисоби хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад.

16. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказӣ маблағгузорӣ мегардад.

17. Маҳалли ҷойгиршавии Вазорат шаҳри Душанбе, хиёбони Академикҳо Раҷабовҳо - 3 мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2015, № 187

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Сарраёсати Буҷети давлатӣ

Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ

Сарраёсати хазинадории марказӣ

Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузории давлатӣ

Сарраёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои воқеъии иқтисодиёт

Раёсати котибот

Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ

Раёсати буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Раёсати сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ; ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудиторӣ

Раёсати аудити дохилӣ ва назорат

Раёсати рушди захираҳои кадрӣ

Раёсати таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ

Раёсати ҳуқуқ

Раёсати корҳо

Шӯъбаи муносибатҳои иттилоотӣ ва барномасозии компютерӣ

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2015, № 187

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Сарраёсатҳои молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо

Нозироти давлатии иёргирӣ

Хазинаи сарватҳои давлатӣ

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408)

Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2015, № 187

тасдиқ шудааст

Номгӯи муассисаю ва ташкилотҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот"

Редаксияи маҷаллаи "Молия ва ҳисобдорӣ"

Раёсати корҳои сохтмону таъмир ва хизматрасонӣ

Корхонаи воҳиди давлатии суғуртавии "Тоҷиксармоягузор"

Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик"

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетӣ"

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ"

Матбааи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон