×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 № 1197 "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2015, №3, мод.219; с.2018, №5, мод.281)

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530, аз 19.07.2019 № 1636, аз 23.12.2021 № 1838)

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 январи соли 2015, № 1734

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2015, № 802

ҷонибдорӣ гардидааст.

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, назорати давлатии онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии давлатии илм ва афзун намудани сатҳи зеҳнию фарҳангии шаҳрвандон равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1838).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣрасмиёте, ки дар натиҷаи амалигардонии он мутобиқати фаъолияти субъектҳои соҳаи илм ва (ё) илму техника ба талаботи стандартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эътироф карда мешавад;

- аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ - баҳодиҳӣ, муайян кардани донишҳои касбӣ, маҳорат ва сатҳи касбии кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, инчунин додани дараҷаву унвонҳои илмӣ ба онҳо (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);

- дотсент, профессор - унвонҳои илмие, ки бо дархости ташкилоти илмӣ ё муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистондода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);

- Кодекси намунавии одоби илмӣ - маҷмӯи қоидаву меъёрҳои рафтор, ақидаву принсипҳои ахлоқии ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ танзим менамояд;

- Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - комиссияе, ки низоми миллии аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олиро танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);

- коллективи муваққатии илмӣ - иттиҳодияи ихтиёрии шахсони воқеӣ бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ, ки бо мақсади амалигардонии фаъолияти илмӣ бо тартиб ва шартҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномавӣ таъсис дода мешавад;

- корманди илмӣ (муҳаққиқ) - шахси воқеие, ки дар ташкилоти илмӣ, муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё воҳиди сохтории ташкилоти илмӣ кор карда, дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошад, натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро ба даст меорад ва татбиқ менамояд;

- корҳои илмию таҳқиқотӣ - корҳои вобаста бо ҷустуҷӯи илмӣ, анҷом додани таҳқиқот, озмоишҳо бо мақсади афзун намудани дониши мавҷуда ва андӯхтани дониши нав, санҷиши фарзияҳои илмӣ, муқаррар намудани қонунияти рушди табиат ва ҷомеа, ҷамъбасти илмӣ, асосноккунии илмии лоиҳаҳо;

- корҳои таҷрибавию конструкторӣ - маҷмӯи корҳое, ки ҳангоми омодасозӣ ё навсозии маҳсулот, таҳия намудани ҳуҷҷатҳои конструкторӣ ё технологии намунаҳои таҷрибавӣ, омода намудан ва аз озмоиш гузарондани намунаҳои таҷрибавӣ ва намунаҳои фоиданок анҷом дода мешаванд;

- лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ - ҳуҷҷатҳое, ки аз мазмуни кори илмию техникӣ иборат буда, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингиро бо асосноккунии мақсаду вазифаҳо, муҳимият, навгонӣ, аҳамияти илмию амалӣ ва мувофиқи мақсад будани иҷрои корҳои банақшагирифта дар бар мегиранд;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техникамақоми давлатие, ки сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии байнисоҳавиро дар соҳаи илм ва (ё) илму техника амалӣ менамояд;

- мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илмро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1838);.

- мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - мақомоти давлатие, ки сиёсати давлатиро оид ба илм ва фаъолияти илмию техникӣ дар соҳаи дахлдор амалӣ менамоянд;

- маърӯзаи миллӣ оид ба илму техника - ҳисоботи ҳарсолае, ки таҳлили ҳолат ва тамоюли рушди илми ҷаҳонӣ ва миллӣ, пешниҳод оид ба такомули иқтидори илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосноккунии самтҳои афзалиятноки рушди илмро дар бар мегирад;

- натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии дорои донишу дастовардҳои нав, ки дар ҳама гуна ҳомили иттилоотӣ сабт шудааст;

- номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат , дараҷаҳои илмие, ки бо дархости шӯроҳои диссертатсионӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони илмӣ (муҳаққиқон) ва (ё) илмию техникӣ пас аз ҳимояи рисолаи илмӣ (диссертатсия) дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530, аз 19.07.2019 № 1636);

- рафтори ношоями илмӣ - амали ношоистаи корманди илмӣ (муҳаққиқ), ҳамчун сохтакории маълумот, қасдан таҳриф кардани ҳақиқат, азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), инчунин харидан ва фурӯхтани таҳқиқоти илмӣ (рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо),  лоиҳаҳои дипломӣ, хатмкунӣ ва курсӣ) бо мақсади минбаъд ҳимояи ошкори он аз номи худ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530), аз 19.07.2019 № 1636);

- сиёсати давлатӣ оид ба илму техника - интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва дастгирии давлатии онҳо, инчунин низоми ҷорӣ намудани натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар соҳаҳои хоҷагии ҳалқ;

- субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин иттиҳодияҳои онҳо, ки фаъолияти асосии онҳо ба кашфиёти илмӣ ва истифодаи дастовардҳои нави илмӣ ва (ё) илмию техникӣ равона шудааст;

- таҳқиқоти илмӣ - таҳқиқоти илмии амалӣ, бунёдӣ, стратегӣ, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар доираи корҳои таҳқиқоти илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ бо усулу воситаҳои дахлдори илмӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амалӣ мегарданд;

- таҳқиқоти илмии бунёдӣ - фаъолияти назариявӣ ва (ё) озмоишӣ, ки ба андӯхтани донишҳои нав оид ба қонуниятҳои асосии рушди табиат, инсон ва ҷомеа равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);

- таҳқиқоти илмии амалӣ - таҳқиқоте, ки бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои мушаххас ба истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бунёдӣ равона шудаанд;

- ташкилоти илмӣ - шахси ҳуқуқие, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, таҷрибавию технологиро иҷро менамояд ва яке аз мақомоти идоракунандаи он мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) мебошад, ки бо тартиби муқарраргардида аз аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ гузаштааст;

- унвонҷӯии дараҷаи илмӣ - фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, ки берун аз аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура барои навиштани рисолаи илмӣ (диссертатсия) равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);

- фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - фаъолияте, ки барои ба даст овардан ва татбиқ намудани дониши нав дар ҳама соҳаҳои илму техника ва истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои технологӣ, конструкторӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ, таъмини фаъолияти илм, техника ва истеҳсолот ҳамчун низоми ягона, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ бо мақсади анҷом додани чунин таҳқиқот равона гардидааст;

- ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣҳуҷҷате, ки маълумот оид ба татбиқи кори илмию техникӣ, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингӣ, аз ҷумла иттилоот дар бораи мувофиқи мақсад будани иҷрои минбаъдаи корҳои банақшагирифта ё оид ба натиҷаи лоиҳаву барномаи илмӣ ва илмию техникии анҷомдодашударо дар бар мегирад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).

Моддаи 3. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

1. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои арзёбии ҳолат ва таҳияи дурнамои рушди илмию техникӣ, бо мақсади ҷалб намудани захираҳои давлатӣ ба таҳқиқоти илмие, ки аҳамияти бунёдӣ доранд, барои амалигардонии афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмию техникӣ, таҳияи ҷараёнҳои нави технологӣ ва маҳсулоти рақобатпазир муайян карда мешаванд.

2. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ таҳия гардида, бо тартиби муқараргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

3. Интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва асосноккунии иқтисодии онҳо аз рӯи зарурати амалисозии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, инчунин аҳамияти самтҳои алоҳидаи рушди илму техника дар давраи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат асос меёбад.

Моддаи 4. Мақсад ва самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника

1. Мақсади асосии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника иборат аст аз:

- рушд, ҷойгиронии босамар ва истифодаи оқилонаи иқтидори илмию техникии кишвар;

- афзун намудани саҳми илму техника дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ;

- таҳкими муносибатҳои мутақобилаи илму маориф;

- рушди инфрасохтори инноватсионӣ;

- афзун намудани самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ;

- беҳтар намудани вазъияти экологӣ;

- таҳкими иқтидори мудофиавии давлат ва таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).

2. Самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника инҳо мебошанд:

- ташкил намудани шаклҳои гуногуни паркҳои технологӣ;

- муттаҳид намудани ташкилотҳои ихтисоси маҳдуди илмию лоиҳавӣ ба ташкилотҳои ягонаи илмӣ;

- афзун намудани натиҷабахшии барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ;

- ташаккул додани низоми муосири таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ (муҳаққиқон);

- такмил додани низоми интихоби лоиҳаҳои инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ ба таври озмун.

Моддаи 4(1). Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1838)

Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ фаъолияти субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро оид ба иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ пешбинӣ менамояд. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тавассути мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1838).

Моддаи 5. Принсипҳои асосии танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- эътироф намудани илм ҳамчун соҳаи аҳамияти иҷтимоидошта, ки сатҳи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи кишварро муайян мекунад;

- ҳифзи манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат ҳангоми анҷом додани таҳқиқоти илмӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);

- баробарии ҳама субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар назди қонун;

- озодии интихоби самтҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, усулҳои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ барои субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- кафолати рушди афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ;

- ҳамкории ташкилоту муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ;

- ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузории соҳаи илм ва илму техника;

- ҳатмӣ, беғараз ва босалоҳият будани экспертизаи давлатии барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;

- тайёр кардан ва аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ;

- ҳамгироии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва таълимӣ тавассути таъсис додани маҷмааи таълимию илмӣ ва паркҳои технологӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавие, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин ташкилотҳои илмии вазоратҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636).

БОБИ 2. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мансубанд:

- таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва ташкили анҷом додани он;

- тасдиқ намудани Номгӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;

- тасдиқи қоидаҳои аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- таъсиси мукофотҳо дар соҳаи илм, стипендияи давлатии илмӣ ва тасдиқи тартиби додани онҳо;

- тасдиқи қоидаҳои баҳисобгирии давлатии лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва ҳисобот оид ба иҷрои онҳо;

- тасдиқи тартиби ташкил ва анҷомдиҳии таҳқиқоти илмӣ ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636)

- тасдиқи тартиби додани дараҷаҳои илмӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);

- тасдиқи тартиби додани унвонҳои илмӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);

- тасдиқи низомнома оид ба шӯрои диссертатсионӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);

- тасдиқи тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии (диссертатсияҳои)ҳимояшуда (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дохил мешаванд:

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо назардошти мақсаду афзалиятҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсии кишвар;

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани қоидаҳои баҳисобгирии давлатии лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ҳамоҳангсозии онҳо;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Номгӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин анҷом додани аккредитатсияи онҳо;

- таҳия ва тасдиқи низомномаи намунавӣ оид ба озмоишгоҳҳои (лабораторияҳои) илмӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби ташкил ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва иҷрои корҳои таҷрибавию конструкторӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дохил мешаванд:

- иштирок дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо назардошти мақсаду афзалиятҳои рушди соҳаи дахлдор;

- иштирок дар таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи дахлдор;

- ташкили корҳо оид ба таҳияи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва татбиқи онҳо дар соҳаи дахлдор;

- тасдиқи ҳисоботҳо оид ба иҷрои лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи дахлдор, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;

Моддаи 8(1). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм

(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1838)

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дохил мешаванд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи илм;

- аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- назорат ва баҳогузории фаъолияти илмии муассисаҳо ва ташкилотҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1838).

Моддаи 9. Ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636)

Ба ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:

- аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низомнома оид ба шӯрои диссертатсионӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби додани дараҷаҳои илмӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби додани унвонҳои илмӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии (диссертатсияҳои) ҳимояшуда;

- ҳамкории байналмилалӣ оид ба аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ;

- гузаронидани нострификатсияи (баробарарзишии) ҳуҷҷатҳо доир ба дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ дода шудаанд;

- таҳия ва тасдиқи шиносномаи ихтисосҳои илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи онҳо дараҷа ва унвонҳои илмӣ дода мешаванд;

- таҳлил ва мониторинги фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ оид ба тайёр намудани кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636).

БОБИ З. СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 10. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

1. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ фаъолияти худро дар шакли дастҷамъӣ ё фардӣ амалӣ менамоянд.

2. Субъектҳои фаъолияти дастҷамъонаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ инҳо мебошанд:

- ташкилотҳои илмӣ;

- иттиҳодияҳои шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ таъсис дода мешаванд;

- коллективҳои муваққатии илмӣ;

- муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон.

3. Кормандони илмӣ (муҳаққиқон), муҳандисию техникӣ ва кормандони дигаре, ки бо ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом медиҳанд, инчунин олимоне, ки мустақилона фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро амалӣ менамоянд, шахсони фардии амалисозандаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мебошанд.

4. Ба субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ озодии эҷодӣ, ҳимоя аз рақобати носолим, ҳуқуқҳои баробар барои иштирок дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ кафолат дода мешавад. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқ доранд, ки хизматрасонии озмоишгоҳҳои (лабораторияҳои) истифодаи дастҷамъиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.

5. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқ доранд, ки объектҳои моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ҳуқуқи фурӯхтан ва барои фурӯш пешниҳод намуданро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.

6. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари субъектҳои дастҷамъӣ ва фардӣ амалӣ мегардонанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).

7. Иштирокчиёни фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие шуда метавонанд, ки ҳуқуқи иштирок карданро дар фаъолияти мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармоягузор, фармоишгар ба даст овардаанд, аз ҷумла онҳое, ки таъминоти иттилоотӣ, барномавӣ, ташкилию усулӣ ва техникии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом медиҳанд.

8. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ вазифадоранд, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро, ки ба таъмини амнияти миллӣ равона шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.

Моддаи 11. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои корманди илмӣ (муҳаққиқ)

1. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ҳуқуқ дорад:

- ҷустуҷӯи илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом дода, усули таҳқиқотро дар доираи самтҳои таҳқиқоти ташкилоти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки дар он кор мекунад, мутобиқи тахассуси худ интихоб намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмунҳои кушод оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он иштирок кунад;

- бо таклифи тарафи манфиатдор дар таҳияи самту афзалиятҳои сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, анҷом додани ташхиси барномаву лоиҳаҳо, арзёбӣ ва пешгӯии натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии амалисозии онҳо, таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок кунад;

- дар мувофиқа бо корфармо дар асоси озмун аз ҳисоби маблағи фондҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағ гирад;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатии илмӣ иштирок кунад;

- дар тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ ба сифати роҳбари илмии (мушовири) унвонҷӯи унвони илмӣ ширкат варзад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун барои ишғол намудани вазифаи холии кормандони илмӣ иштирок намояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҷойи кори асосӣ дар коллективҳои муваққатии илмӣ ва илмию техникӣ ва (ё) ҷои кори иловагӣ кор кунад;

- барои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳама намуди захира, аз ҷумла захираи моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, зеҳнӣ, иттилоотӣ ва табииро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, истифода барад;

- ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шахсии молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ дошта бошад;

- дар мувофиқа бо корфармо дар конфронсу симпозиумҳо ва семинару маҷлисҳо, аз ҷумла чорабиниҳои байналмилалии илмӣ ширкат варзад;

- тахассуси илмиашро такмил диҳад;

- аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ истифода намояд.

2. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ӯҳдадор аст:

- ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро риоя намояд;

- фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро бо риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон бе расонидани зарар ба ҳаёту саломатии одамони дигар, инчунин муҳити зист амалӣ гардонад;

- ташхиси барномаю лоиҳаҳо ва рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо), натиҷаҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро воқеъбинона анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);

- талаботи Кодекси намунавии одоби илмиро риоя намояд;

- вазифаҳои дигарро дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд.

Моддаи 12. Ташкилотҳои илмӣ

1. Ташкилотҳои илмӣ метавонанд ба фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла татбиқи ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, инчунин иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ҳамчун намуди асосии фаъолият машғул шаванд.

2. Ташкилотҳои илмӣ метавонанд давлатӣ ва ғайридавлатӣ бошанд. Тағйир додани шакли моликияти ташкилотҳои илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

3. Ташкилотҳои илмӣ аз ташкилотҳо (ё муассисаҳо)-и илмию тадқиқотӣ, ташкилотҳо (ё муасисаҳо)-и илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳо (ё муассисаҳо)-и таҷрибавию конструкторӣ, лоиҳавию конструкторӣ, лоиҳавию технологӣ ва ташкилотҳои дигар, ки фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ мегардонанд, иборат мебошанд.

4. Ташкилотҳои илмӣ фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ амалӣ менамоянд.

5. Ташкилотҳои илмӣ пас аз бақайдгирии давлатӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ мегиранд.

6. Ташкилотҳои илмӣ ҳуқуқ доранд, ки барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ иштирок кунанд.

7. Дар ташкилоти илмӣ шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) таъсис дода мешавад, ки тартиби таъсис ва салоҳияти онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ муайян мекунанд.

8. Ба ваколати шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) мансубанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636):

- муайян кардани мавзӯи фаъолияти илмии ташкилот;

- омодасозии тавсияҳо оид ба таъсис додани воҳидҳои сохтории ташкилот бо мақсади таъмини иҷрои корҳо оид ба мавзӯи фаъолияти илмии ташкилот;

- арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмии воҳидҳои сохтории ташкилот, коллективҳои муваққатии илмӣ, кормандони алоҳидаи илмии ташкилотҳо ва тасдиқ намудани нақшаи кори илмӣ ва ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилот;

- қабул намудани қарор оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли вазифаҳои холии кормандони илмӣ;

- иҷро намудани вазифаҳои дигари пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилот.

Моддаи 13. Академияҳои илмҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ва инноватсия, таҳияи самтҳои афзалиятноки рушди илм, ташхиси илмию техникии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ, корҳои илмии барои гирифтани мукофоти илмӣ пешниҳодшуда, таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи илму техника, муттаҳидсозии касбии олимон барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.

3. Ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмӣ ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоӣ дохил мешаванд.

4. Сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилотҳои хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоии ба ҳайати онҳо дохилшударо оинномаи академияҳои илмҳои номбурда муайян мекунад.

5. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта ташкилоти худидораи давлатӣ буда, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ амал мекунанд.

6. Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро оид ба масъалаҳои муҳимтарини фанҳои табиӣ, техникӣ ва гуманитарӣ анҷом дода, дар ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмии бунёдӣ, ки аз тарафи ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда иҷро мешаванд, ширкат меварзанд.

7. Маблағгузории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

8. Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ оид ба таҳқиқоти илмии анҷомдодашуда ва натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳисобот медиҳанд.

9. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, ки бо истифодаи маблағи буҷети давлатӣ иҷро шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат супорида мешаванд.

10. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ омодасозӣ ва нашри маърӯзаи ҳарсолаи миллӣ оид ба илму техникаро ҳамоҳанг месозад.

11. Ба академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои илмии онҳо, ташкилотҳои хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд.

Моддаи 14. Академияҳои ҷамъиятии илмҳо

1. Академияҳои ҷамъиятии илмҳо дар соҳаҳои дахлдори илму техника тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

2. Академияҳои ҷамъиятии илмҳо ҳуқуқ доранд, ки бо ташкилоту идораҳо ва корхонаҳо шартнома ба имзо расонда, барои онҳо таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд ва дар асоси озмун дар татбиқ намудани барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ иштирок намоянд.

Моддаи 15. Коллективи муваққатии илмӣ

1. Коллективи муваққатии илмӣ бо мақсади таъмин намудани иҷрои саривақтии корҳо оид ба ҳалли мушкилоти минбаъдаи илмию техникӣ ва иҷтимоию техникӣ, иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ, ки ба таъсис ва азхудкунии намудҳои нави маҳсулот ва технология, қарорҳои нави ташкилию техникии дорои хусусияти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ равонагардида таъсис дода мешавад.

2. Тартиби таъсис додан ва шартҳои фаъолияти коллективҳои муваққатии илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 16. Фаъолияти илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ

1. Намуди асосии фаъолияте, ки аз ҷониби муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардад, дар баробари фаъолияти таълимӣ, инчунин фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла амалисозии ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, инчунин анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ мебошад.

2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин кормандони илмии онҳо дорои ҳуқуқи баробари иштирок дар озмунҳои лоиҳаҳои илмӣ, инноватсионӣ ва барномаҳои илмию техникие мебошанд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд.

3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд озмоишгоҳҳои илмӣ, донишкадаҳои илмию таҳқиқотӣ ва ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳанд.

4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд баробари дар ҷараёни таълим ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илм, ба он олимони ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷумла ташкилотҳои илмию таҳқиқотии хориҷиро ҷалб намоянд.

5. Ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми донишгоҳи таҳқиқотӣ дода мешавад.

БОБИ 4. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ НИСБАТ БА КОРМАНДИ ИЛМӢ (МУҲАҚҚИҚ)

Моддаи 17. Тахассуси корманди илмӣ (муҳаққиқ)

1. Тахассуси корманди илмӣ (муҳаққиқ)-ро муайян мекунад:

- мавҷудияти таҳсилоти олӣ;

- соҳиб будан ба таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар доираи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);

- мавҷудияти дараҷаи илмӣ;

- мавҷудияти унвони илмӣ;

- мавҷудияти унвони илмии академии узви ҳақиқӣ (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё академияҳои соҳавие, ки мақоми давлатӣ доранд;

- ҳаҷм ва сатҳи корҳои илмии нашршуда, таҳқиқоту корҳои иҷрошуда;

- арзёбии ҷомеаи илмӣ дар соҳаи дахлдори дониш.

2. Корманди илмие (муҳаққиқе), ки дараҷа ва унвони илмӣ дорад, ҳамчун корманди илмии тахассуси олӣ эътироф мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636).

Моддаи 18. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ

1. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои илмӣ ва ташкилотҳои дигаре, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукуқи машғул шуданро бо таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пайдо кардаанд, амалӣ мегардад.

2. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ инчунин дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои илмии хориҷӣ анҷом дода мешавад.

3. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ дар доираи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура бо мақсади таъмин намудани шароити зарурии омодасозӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо) барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат ташкил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530, аз 19.07.2019 № 1636).

4. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ дар шакли унвонҷӯии дараҷаи илмӣ низ амалӣ мегардад.

5. Тартибу шартҳои тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ бо Қонуни мазкур ва санадҳои қонунгузории дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 19. Дараҷаҳои илмӣ

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос,  доктори илм ва доктори ҳабилитат эътироф карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).

2. Дараҷаҳои илмие, ки дар кишварҳои дигар дода шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.

Моддаи 20. Унвонҳои илмӣ

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмии академии узви ҳақиқӣ (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин унвонҳои илмии дотсент ва профессор дода мешаванд.

2. Унвонҳои илмии академӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои интихоботе, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои илмҳои соҳавии мақоми давлатидошта анҷом медиҳанд, дода мешаванд. Шарти муҳим барои додани унвонҳои илмии академӣ мавҷудияти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).

3. Тартиби додани унвонҳои илмӣ дар академияи ҷамъятии илмҳо бо оинномаи он муайян карда мешавад.

4. Унвонҳои илмие, ки дар давлатҳои дигар дода шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.

БОБИ 5. АСОСҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 21. Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки дар ҷараёни таҳқиқот аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешаванд, инҳоянд:

- қобили қабул будани танқид ва мубоҳиса, муносибати боэҳтиромона нисбат ба муноқиз (оппонент), роҳбари илмӣ ва унвонҷӯ;

- арзёбии ҳақиқати ақидаҳои илмӣ новобаста ба синну сол, ҷинс, нажод ва нуфузу унвонҳои корманди илмии ин ақидаҳоро асосноккунанда;

- дастоварди умумӣ эътироф шудани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- беғаразии фаъолияти корманди илмӣ (муҳаққиқ);

- ошкоро будани таҳлили танқидии таҳқиқот.

Моддаи 22. Меъёрҳои ахлоқие, ки фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро танзим менамоянд

Меъёрҳои ахлоқии зерин бояд дар ҷараёни анҷом додани таҳқиқоти илмӣ риоя шаванд:

- озодии академӣ ҳангоми анҷом додани таҳқиқоти илмӣ;

- риояи аниқи қоидаҳои ба даст овардан ва интихоб намудани маълумоте, ки дар фанни мушаххаси илмӣ истифода мешаванд;

- ташкили низоми боэътимоди ҳимоя ва нигоҳдории маълумоти аввалия;

- ҳуҷҷатгузории пурраи натиҷаҳои муҳими илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- ошкоро будани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ барои арзёбии танқидӣ;

- роҳ надодан ба рафтори ношоями илмӣ;

- таваҷҷӯҳ ба навоварӣ дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- мусоидат намудан ба рушди илмии кормандони ҷавон (муҳаққиқон);

- паҳн накардани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки бо шарти риояи махфият ба даст оварда шудаанд;

- муқовимат намудан ба худкомагӣ дар илм;

- худдорӣ аз усулҳои фишороварӣ ба муноқизи илмӣ;

- нашри ҳатмии натиҷаи корҳое, ки аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ иҷро мешаванд, ба истиснои натиҷаи корҳое, ки мӯҳри махфият доранд;

- эътирофи ҳатмии хатоҳои илмии худ, ки дар нашрияҳои пешина роҳ дода шудаанд.

Моддаи 23. Кодекси намунавии одоби илмӣ

1. Ташкилотҳои илмӣ ӯҳдадоранд дар фаъолияти касбии худ принсипу меъёрҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро риоя намоянд.

2. Ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба муқаррароти Кодекси намунавии одоби илмӣ, ки асосҳои ахлоқии рафторро дар ҷараёни фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ муайян мекунад, асос меёбад.

3. Таҳия ва тасдиқи Кодекси намунавии одоби илмӣ аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

4. Кодекси намунавии одоби илмӣ ӯҳдадориҳои ахлоқии зерини корманди илмиро дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар бар мегирад:

- масъулияти шаҳрвандӣ ва ахлоқии корманди илмӣ (муҳаққиқ) барои оқибатҳои иҷтимоӣ ва экологии дар амал татбиқ намудани кашфиёти худ;

- огоҳонидани ҷомеа дар хусуси эҳтимолияти ба зарари инсоният истифода бурдани кашфиёти илмӣ;

- шахсан масъул будан барои сифати муътамади иттилоот ва маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- масъулияти ахлоқӣ барои тарбия намудани насли ҷавони кормандони илмӣ дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва софдилии илмӣ;

- вобаста набудани ҳақиқати илмӣ ба ғаразу манфиатҳои шахсии корманди илмӣ (муҳаққиқ);

- эътироф намудани хатоҳои илмии худ бо мақсади дубора анҷом надодани таҳқиқоти такрории нолозиме, ки хароҷоти иловагиро талаб мекунад;

- софдилӣ, хоксорӣ ва хушмуомилагии илмӣ;

- роҳ надодан ба азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ);

- ҳифз намудани ақидаҳои худ, новобаста ба ҳар гуна нуфузу вазъ.

5. Ташкилотҳои илмӣ Кодекси одоби илмиро вобаста ба соҳаи худ ва хусусиятҳои таҳқиқоти илмии анҷомдодашаванда таҳия ва қабул менамоянд.

Моддаи 24. Масъулияти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ)

1. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ғайр аз масъулияти фардӣ дар раванди фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ масъулияти иҷтимоӣ дорад, ки ба донишу имконияти техникӣ ва робитаҳои байналмилалии ӯ вобаста аст.

2. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ӯҳдадор аст иттилооти софдилона ва кушоди илмиро оид ба ҳолатҳои зерин паҳн кунад:

- оқибатҳои истифодаи аслиҳаи муосир;

- хатарҳо дар соҳаи захираҳо барои рушди минбаъда;

- оқибатҳои экологии рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ;

- шаҳришавӣ ва ғайрисаноатикунонӣ;

- таҳдиди терроризм ва омилҳои дигари хатарнок.

3. Фаъолияти иҷтимоию сиёсии корманди илмӣ (муҳаққиқ) бояд ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи сулҳу субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна шаклҳои табъиз равона карда шавад.

БОБИ 6. ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 25. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва принсипҳои он

1. Рушд ва дастгирии фаъолияти низоми миллии илм бо риояи тақсимоти вазифаҳои стратегӣ, коршиносӣ ва маъмурии идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд:

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника;

- мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);

- шӯрои илмии (илмию техникии) ташкилоти илмӣ.

2. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар асоси мутобиқати принсипҳои танзими давлатӣ ва худидоракунӣ сурат мегирад.

3. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ озодии эҷодиёти илмиро маҳдуд намекунад.

4. Барои ташкилотҳои илмии давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши давлатии иҷрои таҳқиқоти илмӣ ва корҳои озмоиширо муқаррар менамояд.

5. Роҳбарони ташкилотҳои илмии давлатӣ ва ташкилотҳои илмии академияи соҳавии илмҳо, инчунин ташкилотҳои илмии ғайридавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби пешбининамудаи оинномаи онҳо таъин (интихоб) ва аз вазифа озод карда мешаванд.

6. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- бартарии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо мақсади афзун намудани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;

- шаффофият, беғаразӣ ва баробарии субъектони фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳангоми дарёфти дастгирии давлатӣ;

- самара ва натиҷабахшии иқтисодии дастгирии давлатии субъектони фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва инноватсионӣ;

- рушди самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;

- беғаразӣ ва мустақилии экспертизаи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот;

- омодасозии мутахассисони баландихтисос оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- рушди ҳамкории илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- ҳавасмандкунӣ ва фароҳам овардани шароит барои иштироки соҳибкорон дар рушди фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва инноватсионӣ.

Моддаи 26. Таъминоти иттилоотии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

1. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқи мубодилаи иттилоотро доранд, ба истиснои маълумоте, ки ба сирри давлатӣ, хизматӣ ё тиҷоратӣ мансуб мебошанд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ташкили махзан ва низоми иттилоотии давлатиро дар соҳаи илму техника, ки ҷамъоварӣ, бақайдгирии давлатӣ, коркарди таҳлилӣ, нигоҳдорӣ ва ба истифодабарандагон расондани ахбороти илмӣ ва техникиро амалӣ менамоянд, таъмин мекунанд.

3. Давлат ба субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дастрас намудани иттилооти мазкур ва ҳуқуқи ба даст овардани онро кафолат дода, ҳуқуқи ворид шудан ба махзану низоми байналмилалии иттилоотро дар соҳаи илму техника таъмин менамояд.

4. Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои илмии давлатӣ, ки дар онҳо махзани маълумот ва заминаи иттилоотии илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амал мекунанд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳифзи махзани маълумот ва заминаи иттилотӣ, таҳвили онҳоро бо тартиби муқарраршуда таъмин менамояд.

Моддаи 27. Маблағгузории фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

1. Бо мақсади таъмин намудани кафолатҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва шароити моддии рушди илм ҳамасола дар доираи имкониятҳои воқеии молиявии буҷети давлатӣ маблағгузории давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ анҷом дода мешавад.

2. Маблағгузории фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ инчунин аз ҳисоби маблағи буҷетҳои маҳаллӣ, фондҳои илмӣ, ташкилотҳои илмӣ, сарчашмаҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

3. Шартнома оид ба татбиқи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ байни субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ё мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ барои тамоми мӯҳлати амалисозии онҳо, вале на бештар аз се сол ба имзо расонда мешавад.

Моддаи 28. Маҳдудкунии баъзе намудҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:

- тартиби анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникиро, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саломатии шаҳрвандон, муҳити зист таҳдид карда метавонанд, муқаррар кунад;

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи баъзе натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникиро бо роҳи ҷорӣ намудани низоми махфият нисбат ба онҳо ва назорати иҷрои он маҳдуд кунад;

- талаботи сертификатсионӣ ва метрологиро нисбат ба баъзе намудҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҷорӣ намояд.

Моддаи 29. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

1. Ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мансубанд:

- донишҳои наве, ки ба таври назариявӣ ё озмоишӣ ба даст оварда шудаанд ва (ё) дар ҳар шакл изҳор шудаанд ва ё дар ҳар гуна ҳомилҳои моддии иттилоотӣ сабт шудаанд, ки имконияти кушодан ва (ё) истифодаи амалии онро фароҳам меоранд;

- намунаву ҷараёнҳои озмоишӣ (лабораторӣ), ки дар асоси донишҳои нав таъсис дода шудаанд, инчунин ҳуҷҷатгузорӣ ба объекту ҷараёнҳои мазкур.

2. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии корманди илмӣ (муҳаққиқ) ва ташкилоти илмӣ ниҳоӣ, фосилавӣ ва иловагӣ буда метавонанд.

3. Ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки ҳамчун натиҷаи тадқиқоти илмии бо шартнома ё супориши техникӣ пешбинишуда таъсис дода ё ба даст оварда шудаанд.

4. Ба натиҷаҳои фосилавии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки дар ҷараёни анҷом додани тадқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникии бо шартнома ё супориши техникӣ пешбинишуда таъсис дода ё ба даст оварда шудаанд.

5. Ба натиҷаҳои иловагии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки дар ҷараён ё дар натиҷаи анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи шартнома ё супориши техникӣ таъсис дода шудаанд ё ба даст оварда шудаанд, лекин бо ин ҳуҷҷатҳо пешбинӣ нашудаанд ва танҳо бо мақсадҳое истифода бурда мешаванд, ки аз мақсадҳои дар шартнома ё супориши хизматӣ қайдгардида фарқ мекунанд.

Моддаи 30. Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

1. Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо мақсади муқоисаи беғаразонаи ҳаҷми захираҳои сарфшудаи молиявӣ, моддӣ, зеҳнӣ ва захираҳои дигар, муайян намудани натиҷабахшии илмӣ ва амалии (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, мудофиавӣ) таҳқиқоти иҷрошудаи бунёдӣ ва амалии илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амалӣ мегардад. Арзёбии натиҷаи самтҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳангоми муайян намудани ояндадор будани онҳо, қабул намудани қарор оид ба давом додан ё қатъ намудани маблағгузорӣ, тафриқаи андозаи фонди музди меҳнат, инчунин аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ истифода мешаванд.

2. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ аз рӯи меъёрҳои навгонӣ, аҳамияти онҳо барои илм ва амалия, беғаразӣ, ва исботшавандагӣ арзёбӣ мегарданд. Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

3. Ҳангоми қабул намудани натиҷаи корҳои иҷрошудаи илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро ташкил мекунанд.

Моддаи 31. Экспертизаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Экспертизаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ" анҷом дода мешавад.

БОБИ 7. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ КОРМАНДИ ИЛМӢ (МУҲАҚҚИҚ)

Моддаи 32. Ҳифзи иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ)

1. Музди меҳнати корманди илмӣ (муҳаққиқ)-и ташкилотҳои давлатии илмӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки фармоиши давлатиро оид ба анҷом додани таҳқиқоти илмӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ иҷро менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад.

2. Таъмини нафақа ва таъминоти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

3. Давлат барои корманди илмӣ (муҳаққиқ) шароит муҳайё карда, мақоми сазоворро барои он кафолат медиҳад ва бо роҳҳои зайл ҳимоя менамояд:

- барои корманди илмие (муҳаққиқ), ки дорои дараҷаи илмӣ мебошад ва дар муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, новобаста ба шакли моликият, кор мекунад, имтиёзҳо оид ба иловапулиро барои дараҷаи илмӣ нигоҳ медорад;

- ба корманди илмӣ (муҳаққиқ), ки дар муассисаи давлатӣ фаъолият менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашударо пешниҳод мекунад;

- имтиёзҳои дигарро, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.

Моддаи 33. Ҳавасмандгардонии корманди илмӣ (муҳаққиқ)

1. Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ корманди илмӣ (муҳаққиқ)-е, ки ба рушди илму техника саҳм гузоштааст, метавонад:

- барои гирифтани ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника пешниҳод карда шавад;

- барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда шавад;

- барои гирифтани мукофотҳои ҳамасола барои таҳқиқоту корҳои беҳтарини илмӣ, дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илм пешниҳод карда шавад.

2. Ба корманди илмӣ (муҳаққиқ) ташкилоти илмии давлатӣ бо мақсади омодасозӣ, бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳои пешқадам, аз ҷумла ташкилотҳои илмии хориҷӣ то муддати як сол рухсатӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон, ҷойи кор ва мансаби шахси мазкур бе нигоҳдории музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 34. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 36. Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №10, мод. 94; с.2004, № 5, мод. 336; с.2007, №7, мод. 697; с.2008, №12, қ.2, мод. 1011; с.2013, №7, мод. 535; №12, мод. 904) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 37. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 марти соли 2015 № 1197