ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 июни соли 2019, № 1373
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 июли соли 2019, № 697
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2015, №3, мод.219; с.2018, №5, мод.281) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ - баҳодиҳӣ, муайян кардани донишҳои касбӣ, маҳорат ва сатҳи касбии кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, инчунин додани дараҷаву унвонҳои илмӣ ба онҳо;";
- дар сархати сеюм калимаҳои "Комиссияи олии аттестатсионӣ" ба калимаҳои "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - комиссияе, ки низоми миллии аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олиро танзим менамояд;";
- ба сархати понздаҳум пас аз калимаҳои "муқарраргардида" ва "(муҳаққиқон)" мувофиқан калимаҳои "аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "ва (ё) илмию техникӣ" илова карда шуда, калимаҳои "рисолаҳои илмӣ" ба калимаҳои "рисолаи илмӣ (диссертатсия)" иваз карда шаванд;
- дар сархати шонздаҳум калимаҳои "рисолаҳои илмӣ," ба калимаҳои "рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо)," иваз карда шаванд;
- сархати бистусеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- унвонҷӯии дараҷаи илмӣ - фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, ки берун аз аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура барои навиштани рисолаи илмӣ (диссертатсия) равона шудааст;".
2. Дар сархати ёздаҳуми моддаи 5 калимаи "маҷмӯи" ба калимаи "маҷмааи" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 6:
- сархати ҳафтум хориҷ карда шавад;
- сархатҳои ҳаштум ва нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- тасдиқи тартиби додани дараҷаҳои илмӣ;
- тасдиқи тартиби додани унвонҳои илмӣ;";
- дар сархати даҳум калимаҳои "низомномаи намунавӣ" ба калимаи "низомнома" иваз карда шаванд;
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои "рисолаҳои илмии" ба калимаҳои "рисолаҳои илмии (диссертатсияҳои)" иваз карда шаванд.
4. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 9. Ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низомнома оид ба шӯрои диссертатсионӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби додани дараҷаҳои илмӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби додани унвонҳои илмӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии (диссертатсияҳои) ҳимояшуда;
- ҳамкории байналмилалӣ оид ба аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ;
- гузаронидани нострификатсияи (баробарарзишии) ҳуҷҷатҳо доир ба дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ дода шудаанд;
- таҳия ва тасдиқи шиносномаи ихтисосҳои илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи онҳо дараҷа ва унвонҳои илмӣ дода мешаванд;
- таҳлил ва мониторинги фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ оид ба тайёр намудани кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.".
5. Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 11 калимаҳои "рисолаҳои илмӣ" ба калимаҳои "рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо)" иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 8 моддаи 12 калимаи "салоҳияти" ба калимаи "ваколати" иваз карда шавад.
7. Қисми 2 моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Корманди илмие (муҳаққиқе), ки дараҷа ва унвони илмӣ дорад, ҳамчун корманди илмии тахассуси олӣ эътироф мешавад.".
8. Дар қисми 3 моддаи 18 калимаҳои "рисолаҳои илмӣ" ба калимаҳои "рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо)" иваз карда шаванд.
9. Сархати панҷуми қисми 1 моддаи 25 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 19 июли соли 2019, № 1636
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О НАУЧНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ И ГОСУДАРСТВЕННОЙ НАУЧНО-ТЕХНИЧЕСКОЙ ПОЛИТИКЕ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 7 июня 2019 года, №1373
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 11 июля 2019 года, №697
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О научной деятельности и государственной научно-технической политике" от 18 марта 2015 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2015 г., №3, ст. 219; 2018 г., №5, ст. 281) следующие изменения и дополнения:
1. В статье 1:
- абзац второй изложить в следующей редакции:
"- аттестация научных и (или) научно-технических работников высшей квалификации - оценка, определение профессиональных знаний, навыков и профессионального уровня научных и (или) научно-технических работников высшей квалификации, а также присуждение им ученых степеней и присвоение ученых званий;";
- в абзаце третьем слова "Высшей аттестационной комиссией" заменить словами "Высшей аттестационной комиссией при Президенте Республики Таджикистан";
- абзац пятый изложить в следующей редакции:
"- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан - комиссия, регулирующая национальную систему аттестации научных и (или) научно-технических работников высшей квалификации;";
- абзац пятнадцатый после слов "присуждаемые" и "научным" соответственно дополнить словами "Высшей аттестационной комиссией при Президенте Республики Таджикистан", "и (или) научно-техническим", слово "научной" исключить;
- абзац двадцать третий изложить в следующей редакции:
"- соискательство ученой степени - научная и (или) научнотехническая деятельность высшей квалификации, направленная на написание диссертации вне аспирантуры, докторантуры по специальности, докторантуры и постдокторантуры;".
2. В статье 6:
- абзац седьмой исключить;
- абзацы восьмой и девятый изложить в следующей редакции:
"- утверждение порядка присуждения ученых степеней;
- утверждение порядка присвоения ученых званий;";
- в абзаце десятом слово "типового" исключить.
3. Статью 9 изложить в следующей редакции:
"Статья 9. Полномочия Высшей аттестационной комиссии при Президенте Республики Таджикистан
В полномочия Высшей аттестационной комиссии при Президенте Республики Таджикистан входят:
- аттестация научных и (или) научно-технических работников высшей квалификации в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;
- разработка и представление на утверждение Правительству Республики Таджикистан положения о диссертационном совете;
- разработка и представление на утверждение Правительству Республики Таджикистан порядка присуждения ученых степеней;
- разработка и представление на утверждение Правительству Республики Таджикистан порядка присвоения ученых званий;
- разработка и представление на утверждение Правительству Республики Таджикистан порядка государственной регистрации защищенных диссертаций;
- международное сотрудничество в области аттестации научных и (или) научно-технических работников высшей квалификации;
- проведение нострификации документов об ученых степенях и ученых званиях, выданных в иностранных государствах;
- разработка и утверждение паспортов научных и (или) научно-технических специальностей высшей квалификации Республики Таджикистан, по которым присуждаются ученые степени и присваиваются ученые звания;
- анализ и мониторинг деятельности диссертационных советов научных учреждений, образовательных учреждений высшего профессионального образования и образовательных учреждений профессионального образования после высшего образовательного учреждения по подготовке научных и (или) научно - технических работников высшей, квалификации;
- осуществление иных полномочий, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.".
4. В части 8 статьи 12 слово "компетенции" заменить словом "полномочиям".
5. Часть 2 статьи 17 изложить в следующей редакции:
"2. "Научным работником (исследователем) высшей квалификации признаётся научный работник имеющий ученую степень и ученое звание.".
6. Абзац пятый части 1 статьи 25 изложить в следующей редакции:
"- Высшей аттестационной комиссией при Президенте Республики Таджикистан;".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 19 июля 2019 года, №1636