Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 октябри соли 2021, №514
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 октябри соли 2021, №514
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №211
ҷонибдорӣ карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №211
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3 , мод. 219; с. 2018, №5, мод. 281; с. 2019, №7, мод. 469) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаи "техникиро" ба калимаҳои "техникӣ, назорати давлатии онро" иваз карда шавад.
2. Ба моддаи 1 сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
...