Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиб ва меъёри ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидашуда
Мутобиқи моддаи 71 Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиб ва меъёри ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидашуда тибқи замимаҳои 1-10 тасдиқ карда шавад.
2. Иловаҳои 1 ва 2 Низомнома дар бораи шикор ва хоҷагиҳои шикори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1997, № 324 "Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кори хоҷагиҳои шикорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, хориҷ карда шаванд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1996, № 410 "Дар бораи таксаҳо барои ҳисоб карда баровардани андозаи ҷарима барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба ҷангал" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2014 № 790
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке и размерах возмещения ущерба, причиненного лесному фонду и другим объектам растительного и животного мира физическими и юридическими лицами
В соответствии со статьей 71 Лесного кодекса Республики Таджикистан, со статьями 42 и 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок и размеры возмещения ущерба, причиненного лесному фонду и другим объектам растительного и животного мира физическими и юридическими лицами в соответствии с приложениями 1-10.
2. Исключить дополнения 1 и 2 Положения об охоте и охотничьем хозяйстве Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 16 июля 1997 года, №324 "О мерах по улучшению ведения охотничьего хозяйства на территории Республики Таджикистан".
3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 сентября 1996 года, №410 "Об утверждении таксы для исчисления размеров взысканий за нарушение лесного законодательства".
Председатель
Правительства Peспублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 декабря 2014 года, № 790