КОДЕКСИ ҶАНГАЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАСЛИ I. ҚИСМИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҷангал - маҷмӯи набототи табиӣ, ки бо роҳи муқаррарӣ ё сунъӣ дар ҳудуди муайян аз маҷмӯи дарахтону буттаҳо (на камтар аз 10 фоиз бо дарахту буттаҳо, на камтар аз 0,5 га масоҳат ва на камтар аз 10 метр бар дошта бошад) дар алоқамандӣ бо дигар ҷузъҳои табиати зинда ташкил ёфта, дорои аҳамияти калони экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад;
- барқарор кардани ҷангал - шинонидани ниҳолҳо ё мусоидат кардан ба барқароркунии табиии ҷангалзор дар заминҳои ҷангалҳояшон харобгардида;
- бунёд кардани ҷангал - шинонидан ва парвариш кардани ниҳолҳо дар заминҳои холӣ, ки барои бунёди ҷангал пешбинӣ гардидаанд;
- гуногунии биологӣ - маҷмӯи организмҳои зинда, ки гуногунии дохили намуд, байни намудҳо ва экосистемаҳоро дар бар мегирад;
- дарахтбурии асосӣ - буридани дарахтон дар ҷангалҳо ба мақсади тайёр кардани чӯб ва ҳезум;
- дарахтбурии фосилавӣ - буриши интихобии дарахтони ҷангал бо мақсади беҳдошти ҳолати он;
- дарахтбурии санитарӣ - буридани дарахтони алоҳидаи касал, хушк ва пӯсида бо мақсади беҳтаркунии ҳолати ҷангал;
- кадастри давлатии ҷангал - маълумот оид ба ҷойгиршавии фонди давлатии ҷангал аз ҷиҳати табиӣ, хуқуқӣ ва истифодабарӣ;
- идоракунии муштараки ҷангал - истифодаи устувори қитъаҳои фонди давлатии ҷангал бо иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи шартнома;
- истифодабарандагони ҷангал - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба онҳо ҳуқуқи истифодабарии захираҳои фонди давлатии ҷангал бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дода шудааст;
...