Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 № 327 "Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017"

Санаи амалкуни: 03.09.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017

(Фармони Президенти ҶТ аз 3.09.2016 № 750)

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон медиҳам (Фармони Президенти ҶТ аз 3.09.2016 № 750):

1. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Иҷрои Барномаи мазкур ба зиммаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ гузошта шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 3.09.2016 № 750).

3. Назорати иҷрои Барномаи мазкур ба зиммаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ гузошта шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

5 январи соли 2015 № 327

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон медиҳам:

1. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Иҷрои Барномаи мазкур ба зиммаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ гузошта шавад.