Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои амалӣ намудани Барномаи мазкур чораҳои дахлдор андешанд.
3. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол як маротиба то соли 2020 оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 декабри соли 2014 № 737
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе развития ковроткачества в Республике Таджикистан на 2014 - 2020 годы
В соответствии со статьёй 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально - экономического развития Республики Таджикистан" и в целях развития отрасли ковроткачества в Республике Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Программу развития ковроткачества в Республике Таджикистан на 2014 - 2020 годы (прилагается).
2. Министерствам финансов, промышленности и новых технологий Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, исполнительным органам государственной власти областей, городов и районов принять необходимые меры по привлечению внутренних и зарубежных инвестиций для выполнения данной Программы.
3. Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан до 2020 года ежегодно представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения данной Программы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 1 декабря 2014 года, №737