Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини иҷрои чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти татбиқи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ба зиммаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар сол оид ба раванди иҷрои Барномаи мазкур ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2014 № 690
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Национальной программе по искоренению наихудших форм детского труда в Республике Таджикистан на 2015-2020 годы
В соответствии со статьёй 8 Закона Республики Таджикистан "Об государственных перспективах, концепциях, стратегиях и программах социально - экономического развития Республики Таджикистан" и с целью обеспечения выполнения государственной Стратегии развития рынка труда Республики Таджикистан до 2020 года, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Национальную программу действий по искоренению наихудших форм детского труда в Республике Таджикистан на 2015-2020 годы (прилагается).
2. Координация действий по реализации Национальной программы по искоренению наихудших форм детского труда в Республике Таджикистан на 2015-2020 годы возложить на Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.
3. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения ежегодно представлять информацию о ходе выполнения Национальной программы в Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Peспублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 октября 2014 года, № 690