Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 2014 № 600 "Дар бораи масъалаҳои аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Муассисаи давлатии "Маркази аккредитатсияи тиббӣ" дар назди Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби фаъолияти худмаблағгузорӣ таъсис дода шавад.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣй ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Муассисаи давлатии "Маркази аккредитатсияи тиббӣ"-ро тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.

4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, № 776 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаҳои системаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

- ба қарори мазкур замимаи 4 илова карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 9 сентябри соли 2014 № 600

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О вопросах аккредитации учреждении, организаций и предприятий сферы здравоохранения

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан "Об охране здоровья населения", статьей 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок аккредитации учреждений, организаций и предприятий сферы здравоохранения Республики Таджикистан (прилагается).

2. Создать Государственное учреждение "Центр медицинской аккредитации" при Службе государственного надзора за медицинской деятельностью и социальной защиты населения Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан за счет деятельности самофинансирования.

3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан и Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан решить организационные, правовые и финансовые вопросы Государственного учреждения "Центр медицинской аккредитации" согласно законодательству Республики Таджикистан.

4. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2012 года, №776 "О Службе государственного надзора за медицинской юю деятельностью и социальной защиты населения" следующие изменения и дополнения:

- пункт 1 изложить в следующей редакции:

"1. Утвердить Положениге, Структуру центрального аппарата, Схему управления и Перечень учреждений системы Службы государственного надзора за медицинской деятельностью и социальной защиты населения Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан (приложения 1,2,3 и 4)";

- дополнить настоящее постановление приложением 4 (прилагается).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                         Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 9 сентября 2014 года, № 600