×

Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 аз 31 октябри соли 2014 № 679

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" октябри соли 2014, № 679

тасдиқ шудааст

Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2021 № 340)

Ихтисораҳо

+--------------+-----------------------------------------------------+
|НАБ           |Низоми автоматишудаи бонкӣ                           |

|ПАК           |Палатаи автоматишудаи клирингӣ                       |

|БҲБ           |Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ               |

|ҲМРВВ         |Ҳисоббаробаркуниҳои маҷмӯӣ дар реҷаи вақти воқеӣ     |

|DvP           |Таҳвил бар ивази пардохт                             |

|PvP           |Пардохт бар ивази пардохт                            |

|КНПҲ          |Кумита оид ба низомҳои пардохту ҳисоббаробаркуниҳои  |
|              |Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ               |

|ТБККҚ         |Ташкилоти байналмилалии комиссияи коғазҳои қиматнок  |

|НАБИМ         |Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо   |

|ПИБМ          |Принсипҳои инфрасохтори бозори молиявии Кумита оид   |
|              |ба низомҳои пардохту ҳисоббаробаркуниҳо - Ташкилоти  |
|              |байналмилалии комиссияи коғазҳои қиматнок            |

|НПНМ          |Низоми пардохти ниҳоят муҳим                         |

|НҲАКҚ         |Низоми ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи амалиётҳо бо        |
|              |коғазҳои қиматнок                                    |

|АМКҚ          |Амонатгоҳи (депозитарии) марказии коғазҳои қиматнок  |

Маълумоти мухтасар дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

143,1 ҳаз. км2

Бо Афғонистон, Хитой,

Қирғизистон ва Узбекистон

ҳамсарҳад аст

Пойтахт ш. Душанбе

Маълумоти омори барои соли 2013

Аҳолӣ ........................................... 8160 ҳаз. нафар

Шумораи аҳолии дар иқтисодаёт фаъол........... 2 267,6 ҳаз. нафар

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД).................. 40,5 млрд. сомонӣ

Рушди воқеии ММД ........................................7,4 фоиз

Ҳиссаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ ..................... 4 966,0 сомонӣ

Музди миёнаи меҳнат................................. 697,8 сомонӣ

Сатҳи таваррум.......................................... 3,7 фоиз

Қурби расмии сомонӣ

нисбат ба доллари ИМА (охири сол).................. 4,7741 сомонӣ

Низоми бонкӣ

Шумораи ташкилотҳои қарзӣ 137 адад, аз ҷумла 16 адад бонк, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 39 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 42 адад ташкилоти қарзии хурд ва 39 адад фондҳои қарзии хурд.

Суратҳисобҳои бонкӣ............................ 1 558,4 ҳаз. адад

Бонкҳои бо барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохт

машғулбуда............................................... 12 адад

Шумораи кортҳои пардохт...........................761,3 ҳаз. адад

Банкоматҳо.............................................. 548 адад

Нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд............................ 739 адад

Терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ........... 343 адад

МУҚАДДИМА

Бонки миллии Тоҷикистон муҳим будани низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иқтисодиёти мамлакат эътироф намуда, "Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025"-ро (минбаъд - Стратегия) таҳия намуд. Стратегия маълумоти умумиро оид ба ҳолати ҷории низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, дурнамои рушдро муайян менамояд ва ҳолати ояндаи низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нуқтаи назари ҷузъҳои алоҳидаи он тавсиф менамояд.

Низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои асосии инфрасохтори молиявӣ мебошад, ки фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетиро бо саривақту бехатар гузаронидани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо таъмин намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ зарурати афзоиши самаранокии гардиши маблағҳо ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро дар ҳаҷми умумии муомилоти пулӣ муайян менамояд.

Мақсади рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмин намудани фаъолияти самаранок ва боэътимоди субъектҳои низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қонеъ кардани талаботҳои ҷорӣ ва ояндаи иқтисодиёти миллӣ дар хизматрасониҳои пардохт, аз ҷумла барои иҷрои сиёсати пулию қарзӣ, таъмини суботи молиявӣ, афзоиши сифатнокӣ, дастрасӣ ва бехатарии хизматрасониҳои пардохт ва низомҳои пардохт мебошад.

Дар амалияи ҷаҳонӣ низомҳои пардохти миллӣ аз нуқтаи назари нуҳ қисмат баррасӣ мегардад, ки рушди мунтазаму мувозии ин қисматҳо самаранокӣ ва фаъолияти бехатари низоми пардохти миллиро кафолат медиҳад.

Дар Стратегияи мазкур ҳолати ҷории низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикисгон дар асоси нуҳ қисмат тавсиф дода шуда, ҳолати ояндаи нақшавии низоми пардохти Ҷумҳурии Теҷикистон аз нуқтаи назари рушди ин қисматҳо муайян гардидааст.

Стратегия аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор таҳия гардидааст.

Татбиқи Стратегия аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохт амалӣ мегардад.

Татбиқи Стратегия амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳои алоҳидаро вобаста ба рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд.

Лоиҳаҳое, ки ба пуррагӣ ҳамаи ҷузъҳои низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегиранд, дар нуҳ "қисмат"-и Стратегия тавсиф гардидаанд.

Боби 1. Таҳлили вазъ дар низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Тавре маълум аст, низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи ташкилотҳои қарзию молиявӣ, қоидаю тартиб, воситаҳои пардохт, воситаҳои барномавию техникӣ, инчунин низомҳои байнибонкии интиқоли маблағҳо иборат буда, гардиши маблағҳоро дар ҳудуди кишвар ва ҳамкории мутақобилро бо низомҳои пардохти хориҷӣ таъмин менамояд.

2. Низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷузъҳои асосии зерин иборат мебошад:

- воситаҳои пардохт, ки барои роҳандозӣ ва интиқоли маблағҳо аз суратҳисобҳои пардохткунандагон ба суратҳисобҳои пардохтгирандагон дар ташкилотҳои қарзӣ истифода мешаванд;

- инфрасохторҳои пардохт, ки барои истифодаи воситаҳои пардохт ва гузаронидани клиринг, коркард ва ирсоли иттилоот дар бораи пардохт, инчунин интиқоли маблағҳо байни ташкилотҳои қарзии пардохткунанда ва пардохтгиранда лозим мебошанд;

- низомҳои электронии баҳисобгирии амалиётҳо бо коғазҳои қиматнок барои бақайдгирӣ ва сабти иттилоот оид ба дигаршавии молики коғазҳои қиматноки хусусӣ ва давлатӣ;

- ташкилотҳои қарзие, ки барои анҷом додани пардохтҳо ба муштариён суратҳисобҳо мекушоянд ва воситаҳои пардохту хизматрасониҳоро пешниҳод менамоянд;

- корхонаю ташкилотҳое, ки ҳамчун танзимгарони шабакаҳои амалиётӣ ва пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои пардохт, клирингию ҳисоббаробаркунӣ амал намуда, ба ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми гузаронидани пардохтҳо хизмат мерасонанд;

- механизмҳои бозорӣ, аз қабили созишномаҳо, аҳдномаҳо, амрномаҳои ҳатмӣ, шартномаҳо оид ба созмон додани воситаҳои гуногуни пардохт ва хизматрасонӣ, муайян намудани нархи онҳо, инчунин пешниҳод ва дастрас намудани хизматрасонӣ;

- қонунҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва тартибҳое, ки аз ҷониби мақомоти қонунгузор, судӣ ва танзимкунанда муқаррар гардида, механизми интиқоли маблағҳо ва бозори хизматрасониҳои пардохтиро муайян ва танзим менамоянд.

§ 1. Қонунгузорӣ ва заминаи ҳуқуқӣ

3. Тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" мусоидат намудан ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт яке аз мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

4. Заминаи ҳуқуқии амалкунанда, ки фаъолияти низомҳои пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, инҳо мебошанд:

- Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи имзои электронии рақамӣ";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ".

5. Бояд қайд намуд, ки айни замон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда ба пуррагӣ фаъолияти самаранок ва бехатари низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин карда наметавонанд. Масалан, дар заминаи ҳуқуқии амалкунанда консепсияҳои асосӣ ба монанди мӯҳлати анҷомёбии ҳисоббаробаркуниҳо, ҳифзи ҳуқуқии низом аз таъсири ҳолатҳои иҷро нашудани ӯҳдадориҳо ё саривақт гирифтани гарав ҳангоми иштирок дар низоми пардохт муайян карда нашудаанд.

6. Бозори коғазҳои қиматнок дар марҳилаи аввали рушд қарор дошта, танҳо бо якчанд барориши ибтидоии вомбаргҳо, векселҳо, векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон тавсиф меёбад.

7. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" амал мекунад, аммо дар қонуни мазкур оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ муқаррароти мушаххас вуҷуд надорад.

§ 2. Низомҳо барои анҷом додани пардохтҳои калонҳаҷм ва фаврӣ

8. Низомҳо барои анҷом додани пардохтҳои калонҳаҷм ва фаврӣ қисмати муҳимтарини низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар таҷрибаи байналмилалӣ низомҳои мазкур ҳамчун низомҳои пардохти ниҳоят муҳим дониста шудаанд, зеро чунин низомҳо ба ҳамаи бозорҳои молиявии байнибонкии мамлакат хизмат мерасонанд. Айни замон дар Бонки миллии Тоҷикистон низоми пардохти байнибонкӣ фаъолият менамояд. Он соли 2002 мавриди истифода қарор гирифта буд. Низоми мазкур ҳисоббаробаркуниҳои маҷмӯиро дар реҷаи вақти воқеӣ амалӣ менамояд, вале барои пешниҳод намудани дигар намудҳои хизматрасонӣ, ки айни замон дар низомҳои муосири ҲМРВВ стандартӣ мебошанд, имконият надорад.

§ 3. Низомҳои пардохтҳои чакана

9. Аз соли 2010 афзоиши устувори миқдори кортҳои пардохтии бонкӣ дар муомилот, ҳаҷм ва шумораи амалиёт бо истифодаи онҳо ба назар мерасад. Дар бозори кортҳои пардохтии бонкӣ миқдори кортҳои ба муомилот баровардашуда ба санаи 1 январи соли 2014 761,3 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2010 4,9 маротиба зиёд мебошад. Аз ин миқдор кортҳои пардохтии баровардашуда 41,8 фоиз кортҳои пардохтии Низоми миллии пардохт "КОРТИ МИЛЛӢ", 36,9 фоиз кортҳои пардохтии низомҳои байналмилалӣ (Visa ва MasterCard), 21,2 фоиз кортҳои пардохтии низомҳои дохилии ташкилотҳои қарзӣ ва 0,01 фоиз кортҳои пардохтии муштарак (UnionPay НП "КОРТИ МИЛЛӢ") мебошанд. Ҳаҷми амалиётҳо вобаста ба гирифтани пули нақд тавассути банкоматҳо ва терминалҳо дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 95,5 фоиз ва ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ 4,5 фоизро ташкил медиҳад.

10. Айни замон дар доираи Низоми пардохти "КОРТИ МИЛЛӢ" ҳар рӯз клиринг бо муайян намудани ӯҳдадориҳои софи иштирокдорон иҷро мегардад. Ҳисоббаробаркуниҳои ниҳоӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои софи иштирокдорони Низоми пардохти "КОРТИ МИЛЛӢ" тавассути суратҳисобҳои муросилотии дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда, амалӣ мегарданд. Айни замон 12 ташкилоти қарзӣ иштирокдори Низоми пардохти "КОРТИ МИЛЛӢ" буда, барориш ва хизматрасонии кортҳои миллиро ба роҳ мондаанд, ки ба санаи 1 январи соли 2014 миқдори онҳо 318,5 ҳаз. ададро ташкил медиҳад.

11. Ҷараёни рушди шабакаи терминалии ташкилотҳои қарзӣ оид ба қабул ва хизматрасонии кортҳои пардохт тамоюли мусбат дорад. Ба санаи 1 январи соли 2014 қабул ва хизматрасонии кортҳои пардохт тавассути 548 банкомат ва 1 082 терминал амалӣ мегашт, ҳол он ки дар аввали соли 2010 шабакаи терминалии ташкилотҳои қарзӣ аз 172 банкомат ва 238 терминал иборат буд.

12. Айни замон Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати У18А имконияти татбиқ намудани низоми ҳисоббаробаркуниҳои миллиро аз рӯи амалиётҳое, ки бо истифодаи кортҳои пардохтии VISA бо пули миллӣ амалӣ мегарданд, муҳокима намуда истодааст. Дар назар аст, ки ҳисоббаробаркуниҳои ниҳоӣ аз рӯи амалиётҳое, ки тавассути кортҳои пардохтии VISA иҷро мегарданд, дар низоми нави автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо анҷом дода шаванд.

13. Баъзе ташкилотҳои қарзӣ ба муштариёни худ хизматрасониҳои фосилавии бонкиро тавассути Интернет ва телефонҳои мобилӣ (бонкдории мобилӣ) пешниҳод намуда истодаанд. Айни замон дараҷаи пасти татбиқи бонкдории мобилӣ ва хизматрасониҳои пардохт аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба назар мерасад.

14. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани пардохтҳои чаканаи электронӣ Палатаи автоматишудаи клирингӣ (ПАК) вуҷуд надорад.

§ 4. Пардохтҳои давлатӣ

15. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат яке аз истифодабарандагони асосии низомҳои пардохт ба ҳисоб меравад. Пардохтҳои давлатӣ бо маблағгузорӣ намудани мақомоти давлатӣ, ҷамъоварии андозҳо ва дигар даромадҳо тавассути низоми пардохти байнибонкии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Сарраёсати Хазинадории Марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисобҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар манотиқи кишвар маблағҳоро интиқол медиҳад ва ин мақомот дар навбати худ онҳоро ба суратҳисобҳои пардохтгирандагони ниҳоӣ интиқол медиҳанд.

16. Ҳиссаҷудокунии маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" тибқи қонунгузории Буҷети давлатӣ барои соли дахлдор амалӣ менамоянд.

17. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва кам намудани хароҷоти онҳо иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохт ва мақомоти дахлдори давлатӣ барои татбиқ намудани воситаҳои пардохтии муосири электронӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.

§ 5. Амонатгоҳи (депозитарии) марказии коғазҳои қиматнок, клиринг ва ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи амалиётҳо бо коғазҳои қиматнок

18. Дар айни ҳол бозори коғазҳои қиматнок дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Амалиёти хариду фурӯши коғазҳои қиматнок, бинобар сабаби фаъол набудани Биржаи фондӣ, дар шакли номуташаккил бо истифода аз хизматҳои дорандагони феҳристи саҳмдорон, ки ҳамчун иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ба ҳисоб мераванд, гузаронида мешаванд. Дигар институтҳои бозори -коғазҳои қиматнок аз ҷумла ташкилотҳои брокериву дилерӣ, клиринг ва депозитария бо баробари таъсис ёфтани Биржаи фондӣ фаъолияти худро ҷоннок намуда, хизматрасониро дар ин самт амалӣ хоҳад кард.

19. Айни замон сохтори коғазҳои қиматнок ба таври зайл аст: вомбаргҳои дарозмуҳлати давлатӣ, векселҳои давлатии хазинадорӣ, коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, саҳмияҳои ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳо.

20. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматнокро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

§ 6. Бозори байнибонкии пул

21. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бозори мутамаркази байнибонкии пул вуҷуд надорад. Бозори ғайримуташаккил дар асоси ҳудудҳои муқарраршудаи дуҷониба байни ташкилотҳои қарзӣ фаъолият менамояд. Дар бозори мазкур қарздиҳии бо гарав таъминшуда истифода намешавад.

§ 7. Интиқоли байналмилалии маблағҳо

22. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зиёди низомҳои интиқоли байналмилалии маблағҳо истифода бурда мешавад, ки намояндаи (агентҳои) онҳо ташкилотҳои қарзӣ мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи намояндаи (агенти) низомҳои интиқоли байналмилалии маблағҳоро, ба ғайр аз ташкилотҳои қарзӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи тоҷик" низ иҷро менамояд. Низомҳои мазкур бинобар дастрасу боэътимод будан ва имконияти босуръат гузаронидани интиқолҳо солҳои охир аз ҷониби аҳолии кишвар васеъ истифода мешаванд. Мӯҳлати интиқоли маблағҳо дар низомҳои мазкур аз якчанд дақиқа то як шабонарӯзро ташкил медиҳад.

23. Айни замон танзимгарони низомҳои интиқолҳои байналмилалии маблағҳо барои бақайдгирӣ ва гирифтани иҷозатнома ӯҳдадор нашудаанд. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои қарзиеро, ки интиқоли байналмилалии маблағҳоро хизматрасонӣ мекунанд, назорат менамояд.

§ 8. Назорати низоми пардохт

24. Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи ваколатҳои худ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" муайян шудаанд, низомҳои пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд. Мақсаду вазифаҳои асосии назорати низомҳои пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳо дар Консепсияи назорати низоми пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2012, №52) муайян гардидаанд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон барои назорати низоми пардохт воҳиди сохторӣ созмон дода шудааст, ки вазифаҳояш инҳо мебошанд:

- назорати фаъолияти низомҳои пардохт ва хизматрасониҳои пардохт ҷиҳати қонеъгардонии талаботи истифодабарандагон, идоракунии хавфҳо ва самаранокӣ;

- муайян намудан ва андешидани чораҳои дахлдор барои рушди низоми пардохт дар маҷмӯъ;

- ҷамъоварию интишори иттилооти дахлдор ва маълумоти оморӣ.

25. Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи муосир барои назорати самарабахши хизматрасониҳои пардохт ва низомҳои пардохт чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

§ 9. Ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор

26. Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам бо ташкилотҳои қарзӣ дар сатҳи баланд вохӯрию мулоқотҳо доир намуда, масъалаҳои стратегии рушди низоми пардохтро муҳокима менамояд. Дар доираи ин низом Шӯрои ҳамоҳангсозии байнибонкии рушди низомҳои пардохт (Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2008, №121) бо иштироки роҳбарони бонкҳо созмон дода шудааст.

27. Барои муҳокима ва чораҷӯӣ намудани масъалаҳои коҳиши муомилоти пули нақд дар кулли амалиётҳои тиҷоратӣ, хариду фурӯши маҳсулот ва хизматгузорӣ Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон сарварӣ менамояд.

28. Дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ "Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати васеъ намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, танзим ва коҳиш додани муомилоти пули нақд дар амалиётҳои тиҷоратӣ, хариду фурӯши маҳсулот ва хизматгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардидааст.

Боби 2. Самтҳои асосӣ ва принсипҳои рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025

29. Ҳангоми муайян намудани самтҳои рушди низоми нардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳои зерин ба инобат гирифта шуданд:

- рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- афзоиши ҳамкории мутақобили иқтисодиёти миллӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар натиҷаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо;

- рушди бахши бонкӣ, афзоиши хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ва истифодабарии воситаҳои пардохти электронӣ;

- афзоиши ҳаҷм ва шумораи пардохтҳо бо истифодаи воситаҳои муосири пардохт;

- пайдоиш ва рушди технологияҳои нав;

- мавҷуд будани хавфҳо ва хатарҳои амалҳои ғайриқонунӣ ҳангоми интиқоли маблағҳо;

- ношафофияти механизмҳои ташаккули нархҳо ҳангоми пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохт, низомҳои пардохт ва танзимгарони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохт;

- нобоварии аҳолӣ ба истифодаи воситаҳои муосири пардохт ва дар сатҳи паст қарор доштани итилоотонии аҳолӣ оид ба ин воситаҳо.

30. Ба назардошти вазъи ҷории низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омилҳои ба рушди минбаъдаи он таъсиррасонанда, Бонки миллии Тоҷикистон самтҳои зерини рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуд:

- такмил додани заминаи ҳуқуқӣ бо мақсади бартараф намудани хавфҳое, ки ба низомҳои пардохт ва ҳисоббаробаркунию клирингии амалиёт бо коғазҳои қиматнок хос мебошанд;

- иваз намудани низоми амалкунандаи пардохтии байнибонкии Бонки миллии Тоҷикистон ба Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағ ва таъмини мувофиқати пурраи он ба принсипҳои инфрасохтори бозори молиявӣ;

- ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии раванди бехатару самаранок, пешниҳод намудани номгӯи васеи хизматрасониҳои электронии пардохтии чакана;

- ҳамгироӣ намудани пардохтҳои давлатӣ бо низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади кам кардани истифодаи пули нақд ва татбиқи воситаҳои пардохти электронии дастрас ва даромаднок;

- дастгирӣ кардани рушди бозорҳои молиявӣ бо роҳи татбиқ намудани низомҳои босамари ҳисоббаробаркунӣ бо коғазҳои қиматнок, ки ба стандартҳои байналмилали ҷавобгӯ мебошанд;

- такмилдиҳии бозори байнибонкии пул бо роҳи татбиқ намудани низомҳои савдои электронӣ, муқаррар намудани қоидаҳои мураттаб ва ривоҷ додани бахши таъминоти гарав;

- таъмини саривақти пешниҳоди маблағи интиқолҳои байналмилалӣ, ки ба стандартҳои маъмули байналмилалӣ ва таҷрибаи муосир ҷавобгӯ мебошанд;

- рушди ҳамаҷониба ва самараноки сохтори назоратӣ, ки ҳамаи ҷанбаҳои дахлдори низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад;

- таъмини ҳамкории судманд бо тарафҳои манфиатдори низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дигар мақомоти дахлдор.

31. Ташаккули вазифаҳо дар доираи ҳар як самтҳои дарҷгардида ва татбиқи онҳо бо назардошти принсипҳои зерин амалӣ мегарданд:

- шаффофияти раванди рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкории мутақобили Бонки миллии Тоҷикистон, тарафҳои манфиатдори мақомоти давлатӣ ва иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохт;

- пайравӣ намудан ба амалияи муосири баналмилалӣ дар раванди рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дастгирии рақобати одилона дар бозори хизматрасониҳои пардохт.

Боби 3. Механизмҳои татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025

32. Мӯҳлати иҷрои татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 барои 10 сол пешбинӣ гардида, дар он масъалаҳои муҳим дар нуҳ "қисмат" баррасӣ мешаванд. Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳамаи тарафҳои манфиатдор барои татбиқи муваффақонаи Стратегия метавонанд ҳамкориҳои мутақобиларо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

§ 1. Такмили заминаи ҳуқуқӣ

33. Заминаи ҳуқуқии устувор ва мувофиқ омили асосии фаъолияти босамар ва боэътимоди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Заминаи ҳуқуқӣ бояд аз ҷузъҳои зерин иборат бошад:

- санадҳои қонунгузорие, ки доираи васеи истифода доранд;

- санадҳои қонунгузорие, ки фаъолияти низомҳои пардохтро танзим менамоянд;

- қоидаю стандартҳо ва расмиёте, ки бо иштирокдорони низоми пардохт мувофиқа шудаанд.

34. Бо мақсади мутобиқ намудани заминаи ҳуқуқӣ ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ, Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаро шарҳу баррасӣ карда, дар ҳолатҳои зарурӣ ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдорро пешниҳод менамояд.

35. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими низомҳои пардохт ва хизматрасониҳои пардохт санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия менамояд. Айни замон Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи Қонун "Дар бораи хизматрасониҳои пардохт ва низомҳои пардохт"-ро таҳия намуда истодааст.

36. Бонки миллии Тоҷикистон дар самти ҳимояи манфиатҳои молиявии истеъмолкунандагон нақши муҳимро бозида, барои бартараф намудани камбудиҳое, ки дар бахши ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон вобаста ба хизматрасониҳои пардохт ҷой доранд, саъйю кӯшиш менамояд.

§ 2. Механизмҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи пардохтҳои калонхаҷм ва фавр

37. Низоми коркарди пардохтҳои калонҳаҷм ва фаврӣ қисмати муҳими низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва зимни он дар бисёр ҳолатҳо ҳисоббаробаркуниҳо ба таври маҷмӯӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (ҲМРВВ) амалӣ мегарданд. Ин низом ҳамчун низоми пардохти ниҳоят муҳим шинохта шудааст. Низоми ҲМРВВ дар раванди анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ барои кам кардани хавфҳои ҳисоббаробаркунӣ ва амалиётӣ воситаи муҳиму муносиб ба ҳисоб меравад. Ғайр аз ин, низоми ҲМРВВ ба кам кардани хавфҳои ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми амалиёт бо коғазҳои қиматнок ва асъори хориҷӣ бо роҳи истифодаи механизмҳои БУР ва РУР мусоидат мекунад.

38. Бонки миллии Тоҷикистон ба ивази низоми байнибонкии пардохтии амалкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон, Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳоро (НАБИМ) харидорӣ ва насб менамояд, ки он асоси низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. НАБИМ клиринг ва ҳисоббаробаркуниҳои пардохтҳои электрониии байнибонкиро новобаста аз ҳаҷм ва фаврияти пардохт таъмин менамояд.

39. НАБИМ ду ҷузъи асосии зеринро дар бар мегирад;

- низоми ҲМРВВ барои анҷом додани пардохтҳои калонҳаҷм ва фаврӣ;

- палатаи автоматишудаи клирингӣ (ПАК) - барои анҷом додани клиринг ва ҳисоббаробаркуниҳои як қатор воситаҳои пардохтии электронии чаканаи камарзиш.

40. Ҷузъҳои мазкур дар доираи низоми ягона амал намуда, иҷрои клиринг ва ҳисоббаробаркуниҳоро аз рӯи ӯхдадориҳои байнибонкӣ дар давоми рӯз таъмин менамоянд.

41. НАБИМ бо Амонатгоҳи (депозитарияи) марказии коғазҳои қиматнок барои нигахдории раванди идоракунии шабонарӯзии пардохтпазирӣ, гирифтани қарзи бо гарав таъминшуда аз Бонки миллии Тоҷикистон ва истифодаи принсипи "таҳвил бар ивази пардохт" (БУР) аз рӯи амалиётҳо бо коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон пайваст карда мешавад.

42. Фаъолияти НАБИМ бо қоидаю расмиёти дақиқ танзим мегардад, ки онҳо механизмҳои идоракунии хавфҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва амалиётиро муайян менамоянд. Низом дорои воситаҳои боэътимоди идоракунӣ ва танзими хавфҳои пардохтпазирӣ мебошад, аз ҷумла:

- тартиби идоракунии навбатнокии пардохтҳо;

- ба роҳ мондани ҳамкории наздику самарабахш бо низомҳои дигар;

- имконияти гирифтани қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат.

43. Барои идоракунии хавфҳои амалиётӣ дар НАБИМ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон чораҳои зерин андешида мешаванд:

- таъмини шабакаи ҳифзшуда ва боъэтимод байни Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳамаи иштирокдорони низом;

- татбиқи чораҳои комплексӣ дар самти амнияти иттилоотӣ ва воқеӣ ҳангоми дастрасӣ ба низом;

- татбиқи нақшаи амал дар ҳолатҳои ғайричашмдошт ва механизми барқарорсозӣ дар ҳолатҳои садамавӣ (аз ҷумла таъсис додани маркази эҳтиётии низом);

- татбиқи чораҳо оид ба таъмини фаъолияти мунтазам ва устувории низом.

44. Низомҳо, расмиёту қоидаҳои амалиётӣ, тартиб ва воситаҳои назоратӣ мунтазам баррасӣ ва санҷида мешаванд, аз ҷумла, баъди ворид намудани тағйироти назаррас ба низом.

45. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади бехатарӣ ва танзими хавфҳо меъёрҳои дастрасӣ ва иштирокро дар НАБИМ муқаррар менамояд. Меъёрҳои мазкур дастраси омма буда, барои рушди фазои рақобати одилона мусоидат менамоянд.

46. НАБИМ, хизматрасониҳои ҳисоббаробаркуниро ба низомҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, аз ҷумла ба Низоми пардохти миллии "КОРТИ МИЛЛИ" ва дигар низомҳои байнибонкии электроние, ки метавонанд дар оянда ташкил шаванд, пешниҳод менамояд.

§ 3. Низомҳои пардохти чакана ва хизматрасониҳои пардохт

47. Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ барои қонеъгардонии талаботи муштариён мавҷуд будани шумораи зиёди воситаҳои самарабахшу боэътимоди пардохт зарур мебошад.

48. Дар айни замон иқтисодиёти бисёри мамлакатҳо ба тарзи инноватсионии рушд қадам мегузорад, ки ин ба технологияи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз рӯи пардохтҳои чакана таъсир расонида истодааст. Моҳияти он аз истифодаи воситаҳои пардохтии маъмул ва муосир, татбиқи технологияҳои худхизматрасон ва хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ дар заминаи шабакаи глобалии компютерии Интернет, телефонҳои мобилӣ ва ғайра иборат мебошад.

49. Истифодаи пулҳои электронӣ, интернет ва пардохтҳои мобилӣ ба оммавӣ ва дастрас гардидани хизматрасониҳои пардохт ва афзудани дастрасии табақаҳои васеи аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат менамояд.

50. Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми пардохтҳои чакана ба сифати агенти ҳисоббаробаркунӣ, танзимгари низом, иштирокдор, мақоми назораткунанда ва такондиҳандаи (катализатори) рушди ин низом амал менамояд. Мақсади асосӣ ҳамин аст, ки бахши молиявӣ бо маҷмӯи васеи хизматрасониҳои пардохтии боэътимод ва дастрас таъмин гардад.

51. Дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон татбиқи ПАК ба нақша гирифта шудааст, ки барои ҷорӣ намудани воситаҳои электронии пардохтҳои байнибонкӣ имконият медиҳад.

52. Дар ПАК хавфҳои молиявӣ бо роҳи гузаронидани пардохтҳои калонҳаҷм ба низоми ҲМРВВ, муқаррар намудани маҳдудият ба маблағи пардохтҳо ва талабот ба ташкилотҳои қарзӣ оид ба нигоҳ доштани бақияи камтарин дар суратҳисоби муросилотии дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда кам карда мешаванд.

53. Бонки миллии Тоҷикистон рушди минбаъдаи Низоми пардохти "КОРТИ МИЛЛӢ"-ро идома дода, бо ин мақсад барои пайвастани Низоми пардохти "КОРТИ МИЛЛӢ" бо низомҳои пардохтии байналмилалӣ ва низомҳои миллии дигар давлатҳо мусоидат мекунад. Қоидаю тартиб ва ҷузъҳои барномавию техникии инфрасохтори Низоми пардохти "КОРТИ МИЛЛӢ" ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ карда мешаванд. Бонки миллии Тоҷикистон барои зиёд намудани рақобатпазирии Низоми пардохти "КОРТИ МИЛЛӢ" дар бозори кортҳои пардохтии бонкӣ бо роҳи пешниҳоди нархҳои ҷолиб, татбиқи барномаҳои ҳавасмандгардонии дорандагони кортҳо, роҳандозии имкониятҳо ва навгониҳои муосир дар ин самт мусоидат хоҳад кард. Маркази протсессингии Низоми пардохти "КОРТИ МИЛЛӢ" тибқи стандартҳои дахлдор сертификатсия карда мешавад.

54. Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти хавфҳои молиявӣ ва амалиётии имконпазир барои дастрасии одилона ва озод ба низомҳои пардохти чакана мусоидат менамояд.

55. Бехатарию устувории низоми пардохтҳои чакана бо ёрии воситаҳои дахлдоре, ки хавфҳоро баҳо медиҳанд, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон назорат карда мешавад.

56. Бонки миллии Тоҷикистон барои татбиқи навовариҳо дар низоми пардохтҳои чакана шароити мусоид муҳайё намуда, дар ин самт бо тарафҳои манфиатдор ва пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои пардохт ҳамкорӣ менамояд. Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи ҳиссоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, танзим ва коҳиш додани муомилоти пули нақд дар амалиёти тиҷоратӣ, хариду фурӯши маҳсулот ва хизматгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия шудааст, қадами нахустин барои гузариш аз муомилоти пули нақд ба воситаҳои пардохтии ғайринақдии электронӣ мебошад. Барои ҳавасмандгардонии субъектҳои асосии бозори хизматрасониҳои пардохт ва муассисаҳои савдою хизматрасонӣ, зиёд намудани миқдори амалиёт бо истифодаи кортҳои пардохт, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомот чораҳои зарурӣ меандешад.

57. Хизматрасониҳои пардохт бо истифодаи воситаҳои алоқаи мобилӣ барои қулай ва осон дастрас гардидани хизматрасониҳои молиявӣ, хусусан ба гурӯҳи камбизоати аҳолӣ ва сокинони деҳот, имконият медиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон барои татбиқ ва инкишофи технологияи пардохтҳои мобилӣ ва зиёд гардидани ҳаҷми амалиёт бо чунин намуд пардохтҳо, аз ҷумла ҳифзу бехатарии онҳо аз амалҳои қаллобӣ, мусоидат менамояд. Дараҷаи танзими пардохтҳои мобилӣ ба хавфҳое, ки ҳангоми анҷом додани чунин пардохтҳо ба вуҷуд меоянд, мувофиқ мебошад. Бо назардошти тамоюлҳое, ки дар сатҳи байналмилалӣ ба мушоҳида мерасанд, Бонки миллии Тоҷикистон афзудани хизматрасониҳои пардохтиро бо истифодаи Интернет ва алоқаи мобилӣ пешбинӣ мекунад.

58. Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои мутақобили иштирокдорони бозори кортҳои пардохтии бонкӣ дар доираи инфрасохтори пардохтии ягона мусоидат хоҳад кард.

59. Таъмини рақобати озоду одилона аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун шарти зарурии фаъолияти босамари бозори хизматрасониҳои пардохт эътироф карда мешавад.

§ 4. Пардохтҳои давлатӣ

60. Бахши давлатӣ дар ҳамаи кишварҳо яке аз истифодабарандагони асосии низомҳои пардохт ба ҳисоб меравад. Ҳукумат тавассути низомҳои пардохт ҳаҷми зиёди пардохтпулиҳоро (андозпулӣ, боҷу хироҷи гумрукӣ ва дигар даромадҳои буҷети, пардохти музди меҳнат, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, маблаги хариди мол ва хизматрасонй ва ғайра) қабул ва ирсол менамояд.

61. Дар сурати истифодаи васеъи воситаҳои пардохтии электронӣ ҳангоми тақсим ва ҷамъоварии пардохтҳои давлатӣ, ҳаҷми пардохтҳо дар маҷмӯъ метавонад ҳиссаи зиёди ҳамаи амалиётҳои дар низоми пардохт коркардшударо ташкил диҳад.

62. Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади кам кардани коркарди дастии пардохтҳо, ба автоматикунонии пардохтҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

63. Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи ҷустуҷӯи роҳу имкониятҳои аз шакли нақдӣ ба воситаҳои пардохтии электронӣ гузаштани пардохтҳои давлатӣ бо назардошти хароҷотҳо ва қулай будани воситаҳои гуногуни пардохт Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд. Бинобар ин, гузаронидани музди меҳнати кормандони бахши давлатӣ ва нафақапулӣ ба кортҳои пардохт ва суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ шарти муҳими рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад.

64. Бо мақсади гузариш ба тарзи электронии ҷамъоварии даромадҳои давлатӣ бо истифодаи низомҳои нав, аз қабили НАБИМ, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти андоз ва гумрук ҳамкориро ба роҳ мемонад.

65. Бозори коғазҳои қиматнок барои низоми молиявии мамлакат аҳамияти муҳим дорад. Коғазҳои қиматнок ва пеш аз ҳама коғазҳои қиматноки давлатӣ дар аксарияти мамлакатҳо барои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ тавассути гузаронидани амалиёт дар бозори озод истифода мегарданд. Ғайр аз, ин низомҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок барои саривақт дастрас намудани гарав барои гузаронидани пардохтҳо ё дигар мақсадҳо зарур мебошанд.

66. Низомҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок (НҲАКҚ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Принсипҳои инфрасохтори бозори молиявӣӣ (ПИБМ) КНПҲ-ТБККҚ ҷавобгӯ мегарданд.

67. Дар ҳамбастагӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон харидорӣ ва татбиқи Амонатгоҳи (депозитарияи) марказии коғазҳои қиматнокро (АМКҚ) ба нақша гирифтааст. АМКҚ дар маҷмӯъ бо НАБИМ харидорӣ карда мешавад. АМКҚ коғазҳои қиматнокро дар шакли ғайриматериалӣ бо мақсади интиқоли онҳо бидуни ҳуҷҷати коғазӣ нигоҳ медорад. Ҳангоми зарурат АМКҚ метавонад аз муомилот гирифтан ва ба шакли ғайриматериалӣ гузаронидани коғазҳои қиматнокро дастгирӣ намояд. Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи ноширон (эмитентҳо) ва дорандагони коғазҳои қиматнок АМКҚ тибқи тартибу қоидаҳои таҳияшуда амал карда, барориши беиҷозат ва барҳамдиҳии коғазҳои қиматнокро пешгирӣ менамояд.

68. АМКҚ/НҲАКҚ хавфи гум шудани маблағи асосиро, ки бо раванди анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо алоқаманд мебошад, бо истифодаи механизми БУР бартараф менамояд. АМКҚ/НҲАКҚ ҳисоббаробаркуниҳои аниқу мушаххаси ниҳоиро дар санаи гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳо таъмин менамояд. Ин амал метавонад ҳама гуна манбаи хавфҳои қарзӣ ва хавфҳои пардохтпазириро тибқи стандартҳои байналмилалӣ кам намояд, аз ҷумла тавассути талаб намудани таъминоти гарав ва идоракунӣ.

69. Ҳамаи низомҳои ҳисоббаробаркунию клирингӣ аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок зери назорати мақомоти ваколатдор, яъне Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини эътимоднокӣ, самаранокӣ ва мувофиқ намудани низомҳо ба стандартҳои байналмилалӣ чораҳои сиёсии муайян андешида, онҳоро интишор менамоянд. Байни мақомоти дахлдор барои иҷрои вазифаҳои назоратӣ вобаста ба низомҳои ҳисоббаробаркунию клирингӣ аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок ҳамкории мутақобил ба роҳ монда мешавад.

70. Бо мақсади иҷрои банди 4.3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014, № 69 "Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014" барои рушди бозори коғазҳои қиматнок ва ташкили бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнок Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рушди бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар рафти машваратҳо пешниҳод гардид, ки як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бозори коғазҳои қиматнокро дар ҷумҳурӣ ба танзим медароранд, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шаванд, инчунин бо иштироки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ дар асоси рукни шарикии давлат бо бахши хусусӣ шахси ҳуқуқии алоҳида таъсис дода шавад. Ин шахси ҳуқуқӣ дар оянда бозори коғазҳои қиматнокро ривоҷ дода, бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнокро дар мамлакат ташкил менамояд.

§ 6. Бозори байнибонкии пул

71. Бозори байнибонкии пул барои ташкилотҳои молиявӣ бозори ниҳоят муҳими маблағгузорӣ ба шумор меравад. Бозори байнибонкии пул дар тамоми бахши молиявӣ ҳамчун "пешниҳодкунандагони" пардохтпазирӣ фаъолият менамоянд ва барои ба таври фаврӣ ва боэътимод интиқол додани маблағҳои пул тавассути низоми молиявӣ имконият дорад. Бозори байнибонкии пул яке аз сарчашмаҳои асосии пардохтпазирӣ барои амалиётҳо дар НАБИМ хоҳад буд. Аз нуқтаи назари сиёсати пулию қарзи бозори байнибонкии пул воситаи муҳими амалӣ гардидани сиёсати пулию қарзӣ ҳисоб мешавад.

72. Мавҷуд будани низоми боъэтимод барои анҷом додани пардохтҳои калонҳаҷм ва фаврӣ ва пайвастани он бо АМКҚ омили муҳими рушди бозори байнибонкии пул ба ҳисоб меравад.

73. Татбиқи НАБИМ тибқи қисми 2 ва ташкили АМКҚ тибқи қисми 5 боби мазкур бо ҳамдигар сахт алоқаманд буда, ба рушди бозори байнибонкии пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшанд.

74. Дар муддати муайян Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба такмил додани бозори байнибонкии сармояи кӯтоҳмӯҳлат бо роҳи ҷорӣ намудани савдои электронӣ, таҳияи қоидаҳои мушаххас ва ғайра чораҳои зарурӣ меандешад. Бонки миллии Тоҷикистон ба таҳияи бахши гаравии бозори байнибонкии сармояи кӯтоҳмӯҳлат оғоз хоҳад кард.

§ 7. Интиқоли байналмилалии маблағҳо

75. Маблағҳои интиқолнамудаи шаҳрвандон манбаи муҳими даромад барои иқтисодиёти аксари мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

76. Чунин намуди пардохтҳои чаканаи фаромарзӣ хусусиятҳои пардохтҳои чаканаи дохилидавлатиро доранд, бинобар ин, истифодабарандагони хизматрасонии интиқоли байналмилалии маблағҳо (ба мисли дигар муштариёни хизматрасониҳои пардохтии чакана) истифодаи маҷмӯи воситаҳои қулай, арзон ва боэътимоди пардохтиро интизор мебошанд.

77. Дар самти интиқоли байналмилалии маблағҳо Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқат кардани хизматрасониҳои мазкурро ба "Принсипҳои умумии хизматрасонии интиқоли байналмилалии маблағҳо" ки аз ҷониби КНПҲ ва Бонки ҷаҳонӣ таҳия гардидаанд, назорат менамояд.

78. Дар доираи назорати низомҳои пардохт Бонки миллии Тоҷикистон хизматрасонии интиқоли байналмилалии маблағҳоро назорат менамояд.

79. Бо мақсади осону қулай ва кам кардани ҳаққи хизматрасониҳо Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми интиқоли байналмилалии маблағҳо истифода бурдани воситаҳои муосири пардохтро дастгирӣ менамояд.

80. Бонки миллии Тоҷикистон раванди идоракунӣ ва пешгирии хавфҳоро, ки аз ҷониби хизматрасониҳои интиқоли байналмилалии маблағҳо сурат мегиранд, назорат менамояд.

§ 8. Назорати низомҳои пардохт

81. Назорати низомҳои пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳо яке аз вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мебошад. Зимни иҷрои ин вазифа устуворӣ ва самаранокии фаъолияти низомҳои пардохт бо роҳи мониторинг кардани низомҳои амалкунанда ва тарҳрезишаванда, баҳодиҳии мувофиқати онҳо ба ин мақсадҳо ва дар ҳолати зарурӣ ворид кардани дигаргунӣ ба онҳо ба даст меояд.

82. Низоми пардохт дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" назорат карда шуда, мутобиқи тавсияҳо, усулҳо ва стандартҳое, ки дар ин соҳа аз ҷониби КНПҲ интишор гардидаанд, инчунин тавсияҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва таҷрибаи бонкҳои марказии давлатҳои хориҷӣ амалӣ мегардад.

83. Дар доираи ваколатҳое, ки Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" вогузор кардааст, Бонки миллии Тоҷикистон низомҳои пардохтро ҳамаҷониба назорат хоҳад кард.

84. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамаи низомҳои ҳисоббаробаркунию клирингӣ, аз ҷумла низомҳои пардохти чаканаро назорат мекунад.

85. Бонки миллии Тоҷикистон кӯшиш хоҳад кард, ки фаъолияти ҳамаи низомҳо устувор ва самаранок бошад. Бо ин мақсад Бонки миллии Точикистон ба он мусоидат хоҳад кард, ки:

- дастрасии қулай ва аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокгардида ба воситаҳои пардохт ва хизматрасонӣ таъмин гардад;

- инфрасохтори зарурӣ барои коркарди воситаҳои электронии пардохт ташкил карда шавад;

- воситаҳои пардохт ба таври оммавӣ ва муносиб истифода шаванд.

86. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ба рушди ҳамкорӣ ва рақобат ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои пардохт, инчунин ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон мусоидат менамояд.

87. Бонки миллии Тоҷикистон вазифаи назоратии худро самаранок иҷро намуда, бо ин мақсад:

- воҳиди дахлдори сохториро бо мутахассисони дахлдор созмон дода, инчунин омӯзиши онҳоро таъмин менамояд;

- ҳангоми аз ҷониби танзимгарони низом ё иштирокдорон риоя нагардидани тартибу қоидаҳои муқарраргардида чораҳои зарурӣ меандешад;

- иттилооти омории дахлдорро ҷамъоварӣ, таҳлил ва нашр менамояд.

88. Бонки миллии Тоҷикистон мақсад ва сиёсати роҳандозии назорат, инчунин стратегияи иҷрои онро ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонад.

89. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасониҳои пардохт ва низомҳои пардохт" ваколатҳои ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро тақвият бахшида, рушди минбаъда ва фаъолияти механизмҳои пардохтиро таъмин ва ба мукаммалӣ, самаранокӣ ва бехатарии бозори молиявии кишвар мусоидат менамояд.

§ 9. Ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор ва дигар мақомоти дахлдор

Ҳамкории самаранок байни иштирокдорони бозор ва тарафҳои манфиатдор барои бунёди низоми пардохти самаранок ва боэътимод шарти муҳим ба ҳисоб меравад.

90. Бо мақсади зиёд намудани шаффофият ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳи машварат ва мувофиқа ҳамкории мутақобили иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохтиро ба роҳ монда, ба инкишофи низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани чорабиниҳои муштарак мусоидат менамояд.

91. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун як муассисаи калидӣ дар рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дошта, бо гузаронидани машваратҳо дар муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамояд.

92. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо тарафҳои манфиатдор бо роҳи гузаронидани машваратҳо, пешниҳоди иттилоот, гузаронидани чорабиниҳои амалӣ (конфронсҳо, семинарҳо, "мизи мудаввар", гурӯҳҳои кории махсус ва ғайра), ки ба рушди минбаъдаи инноватсионии низомҳои пардохт ва самарабахшии хизматрасониҳои пардохт равона шудаанд, ба иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохт кӯмак мерасонад.

94. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии байнибонкиро доир ба рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат медиҳад. Шӯрои мазкур ҳамкорӣ ва машваратҳоро дар сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои низомҳои пардохтию ҳисоббаробаркунӣ таъмин менамояд.

95. Шӯрои ҳамоҳангсозии байнибонкӣ барои гузаронидани машваратҳо вобаста ба масъалаҳои рушди низомҳои пардохт ва хизматрасониҳои пардохт воситаи муассиру самаранок хоҳад буд.

96. Шӯрои мазкур дар чорабиниҳои зерин нақши муҳим дорад:

- омода намудани ҳуҷҷатҳои стратегӣ барои муайян намудани сохтори низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ;

- мониторинги роҳандозии ислоҳоту дигаргуниҳо дар низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кӯмак дар мубодилаи иттилоот;

- интихоби принсипҳои асосӣ ва роҳҳои сохтори низом;

- тасдиқи афзалиятҳо дар рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷадвали лоиҳаҳои ҷудогона;

Боби 4. Маблағгузории татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025

97. Дар татбиқи лоиҳаҳо оид ба рушди инфрасохтор ва амалӣ сохтани ислоҳоти соҳавӣ маблағҳои дохилӣ бо кӯмаки берунае, ки созмонҳои молиявии байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд, пурра карда мешавад. Дар лоиҳаҳои рушди инфрасохтори пардохт маблағҳои дар доираи лоиҳаи грантии Бонки ҷаҳонӣ "Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ" пешниҳод гардида, истифода карда мешаванд.

98. Воситаи муҳими таъмини татбиқи Стратегияи мазкур ин баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо ва ба самтҳои нисбатан муҳими рушд равона сохтани онҳо мебошад. Бо ин мақсад самтҳои афзалиятнок ва чорабиниҳои оид ба татбиқи Стратегияи мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳои миёнамӯҳлати татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 дар давраи солҳои 2015-2020 муайян шуда, ҳар панҷ сол таҷдиди назар гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Боби 5. Мониторинг ва арзёбии татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025

99. Ҳадафи мониторинг ва арзёбӣ - ин таъмини мақоми ҳокимияти давлатӣ бо иттилооти саривақтӣ, пурра ва боэътимод дар бораи ҷараёни татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025, натиҷабахшии татбиқи он ва қабули қарорҳо оид ба идоракунии ҷараёни иҷрои Стратегия мебошад.

100. Арзёбӣ аз рӯи нишондодҳои асосии татбиқи Стратегияи мазкур амалӣ гардонида мешавад:

- такмилдиҳӣ ва ташаккули пояи меъёрии ҳуқуқии низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- татбиқи воситаҳои муосири электронии пардохт ва рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ;

- ташаккул ва рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бозори байнибонкии пул;

- созмон додани Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо ва Палатаи автоматишудаи клирингӣ;

- вусъат бахшидани ҳамкории мутақобил бо иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохт ва мақомоти давлатии дахлдор;

- ба низомҳои электронӣ гузаронидани пардохтҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳангоми ҷамъоварии андозпулӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар даромадҳои буҷет;

- баланд бардоштани эътимоднокии интиқоли байналмилалии маблағҳо;

- вусъат додани назорат аз рӯи низомҳои пардохт ва хизматрасониҳои пардохт;

- фароҳамсозии заминаи ҳуқуқӣ ва инфрасохторӣ барои рушди низоми қарздиҳии кӯтоҳмӯҳлат ҳангоми амалигардонии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ.

101. Мониторинги ҷараёни татбиқ аз рӯи нишондодҳои вазифаю тадбирҳои дар нақшаи миёнамӯҳлати татбиқи Стратегияи мазкур пешбинигардида (Замимаи 1) гузаронида мешавад.

102. Мониторинг ва арзёбии самараноки татбиқи Стратегияи мазкурро воҳиди сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ месозад. Бонки миллии Тоҷикистон Нақшаи мониторинги татбиқи Стратегияро, инчунин шаклҳо ва тартиби пешниҳоди ҳисоботро оид ба иҷрои Стратегия тасдиқ менамояд.

Боби 6. Ҳолати ояндаи нақшавии низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон

103. Татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2015-2025, имконият медиҳад, ки то соли 2025 низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи иқтисодиёти миллӣ, истифодабарандагони бозори хизматрасониҳои пардохт ва стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардида, ба сифати манбаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар баромад кунад.

§ 1. Қонунгузорӣ ва заминаи ҳуқуқӣ

- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низомҳои пардохт дар фазои мусоиду устувори заминаи ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд, ки он барои амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ниҳоӣ ва самаранокии низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам меорад.

§ 2. Механизмҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи пардохтҳои калонҳаҷм ва фаврӣ

- механизмҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи пардохтҳои калонҳаҷм ва фаврӣ боэътимод ва самаранок буда, ба Принсипҳои инфрасохтори бозори молиявии Кумита оид ба низомҳои пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳо ва Ташкилоти байналмилалии комиссияи коғазҳои қиматнок (КНПҲ - ТБККҚ) ҷавобгӯ мебошанд.

- низомҳои пардохти чакана боэътимод ва мувофиқ буда, номгӯи васеи воситаҳо ва хизматрасониҳои пардохтиро дар бар мегирад.

§ 4. Пардохтҳои давлатӣ

- ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои давлатӣ пурра ба низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст гардида, барои фаъолияти босуботи он мусоидат менамоянд.

§ 5. Амонатгоҳи (депозитарияи) марказии коғазҳои қиматнок, клиринг ва ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи амалиётҳо бо коғазҳои қиматнок

- амонатгоҳи (депозитарияи) марказии коғазҳои қиматнок ва тартиби гузаронидани клиринг ва ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи амалиётҳо бо коғазҳои қиматнок боэътимод ва самаранок мебошанд. Онҳо ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, ба рушди бозори молиявӣ мусоидат менамоянд.

§ 6. Бозори байнибонкии пул

- бозори байнибонкии пул комилан ривоҷ ёфта, бо низоми ҳисоббаробаркуниҳо пайваст мегардад.

§ 7. Интиқоли байналмилалии маблағҳо

- интиқоли байналмилалии маблағҳо ва пардохтҳои фаромарзӣ ба таври фаврӣ ва қулай иҷро мегарданд, онҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ барои истифодабарандагони ниҳоӣ муфид ва судманд мебошанд.

§ 8. Назорати низомҳои пардохт

- сиёсати назорати низомҳои пардохт ва низомҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок ба таври возеҳ муайян гардидааст ва Бонки миллии Тоҷикистон ваколатҳои худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти назоратӣ самаранок амалӣ менамояд.

- ҳамкории самараноку судманд дар доираи низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардидааст.

Замимаи 1 дар таҳрири нав бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2021 № 340

Замимаи 1

Замимаи 2