Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 ва Нақшаи чорабиниҳои миёнамӯҳлат дар давраи солҳои 2015-2020 оид ба татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Стратегия ва Нақшаи чорабиниҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор ҳамасола оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои миёнамӯҳлат дар давраи солҳои 2015-2020 оид ба татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2014 № 679
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Стратегии развития платежной системы Республики Таджикистан на 2015-2025 годы
В соответствии со статьей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Стратегию развития платежной системы Республики Таджикистан на 2015-2025 годы и Среднесрочный план мероприятий на период 2015-2020 годы по реализации Стратегии развития платежной системы Республики Таджикистан на 2015-2025 годы (приложения 1 и 2).
2. Национальному банку Таджикистана совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации данной Стратегии и Плана мероприятий.
3. Национальному банку Таджикистана и соответствующим министерствам и ведомствам ежегодно представлять в Правительство Республики Таджикистан сведения о выполнении Среднесрочного плана мероприятий на период 2015-2020 годов по реализации Стратегии развития платежной системы Республики Таджикистан на 2015-2025 годы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 октября 2014 года, № 679