Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 № 693 "Дар бораи Тартиб ва шартҳои доир намудани музокироти мустақим дар доираи созишномаи сармоягузорӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиб ва шартҳои доир намудани музокироти мустақим дар доираи созишномаи сармоягузорӣ

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ" бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиб ва шартҳои доир намудани музокироти мустақим дар доираи созишномаи сармоягузорӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида тадбирҳои заруриро ҷиҳати омода, пешниҳод ва ба имзо расонидани созишномаи сармоягузорӣ, инчунин пешбурди мониторинги иҷрои муқаррарот ва раванди татбиқи созишномаи сармоягузорӣ амалӣ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 октябри соли 2014 № 693

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке и условиях проведения прямых переговоров в рамках инвестиционного соглашения

В соответствии со статьей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 7 Закона Республики Таджикистан "Об инвестиционном соглашении" и в целях реализации инвестиционных проектов в важных и приоритетных сферах экономики Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок и условия проведения прямых переговоров в рамках инвестиционного соглашения (прилагается).

2. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан как уполномоченному государственному органу в установленном порядке принять необходимые меры по подготовке, представлению и заключению инвестиционного соглашения, а также проведению мониторинга исполнения положений и процесса реализации инвестиционного соглашения.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                           Эмомали Рахмон

г. Душаньбе,

от 31 октября 2014 года, № 693