Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро таъмин намояд.
3. Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ба ҷалби маблағҳо барои амалисозии фаъолияти Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мусоидат намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 6 сентябри соли 2014 № 591
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Национальном фонде по противодействию вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита
В соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О противодействии вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение Национального фонда по противодействию вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита (прилагается).
2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан обеспечить деятельность Национального фонда по противодействию вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита.
3. Руководителям министерств и ведомств, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов содействовать в привлечении средств для осуществления деятельности Национального фонда по противодействию вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 6 сентября 2014 года, № 591