Низомномаи Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният аз 6 сентябри соли 2014 № 591

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 сентябри соли 2014 № 591

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 сентябри соли 2014 № 591

тасдиқ шудааст

Низомномаи Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

1. Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (минбаъд - Фонд), мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният" бо мақсади ташаккули манбаи мутамаркази маблағҳо ҷиҳати мусоидат намудан ба татбиқи Барномаи давлатии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

2. Фонд фаъолияти худро мутобиқи Конститутсия (Сарқонун), қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3. Фонд - Фонди давлатии ғайрибуҷетӣ мебошад ва дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

4. Фонд бо ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, хусусӣ, байналмилалӣ, инчунин бо шахсони воқеӣ ва воситаҳои ахбори омма бо мақсади татбиқ намудани вазифаҳои гузошташуда ҳамкорӣ менамояд.

5. Вазифаҳои асосии Фонд инҳо мебошанд:

- маблағгузории барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва чорабиниҳое, ки ба пешгирӣ, ташхис, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирӣ дар соҳаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният равона карда шудаанд;

- сафарбарии воситаҳо барои амалисозии вазифаҳои асосӣ дар соҳаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ширкати якҷоя бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар таҳияи чорабиниҳои марбут ба муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи мақсаду вазифаҳои Фонд иштирок дар анҷуманҳо, конфронсҳо, ҷаласаҳо, симпозиумҳо ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил намудани онҳо;

...

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 6 сентября 20I4 года, № 591

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 6 сентября 20I4 года, № 591

Положение о Национальном фонде по противодействию вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита

1. Национальный фонд по противодействию вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита (далее - Фонд), образован в соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О противодействии вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита" в целях формирования централизованного источника средств для содействия реализации Государственной программы по противодействию вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита в Республике Таджикистан.

2. Фонд осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией, законодательством Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, приказами Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, а также настоящим Положением.

3. Фонд является государственным внебюджетным фондом и создается при Министерстве здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

4. Фонд взаимодействует с государственными, общественными, частными, международными организациями, а также с физическими лицами и средствами массовой информации в целях реализации поставленных задач.

5. Основными задачами Фонда являются:

- финансирование республиканских программ и мероприятий, направленных на профилактику, диагностику, лечение, уход и поддержку в области вируса иммунодефицита человека и синдрома приобретенного иммунодефицита;

- мобилизация средств для осуществления основных задач в области вируса иммунодефицита человека и синдрома приобретенного иммунодефицита в Республике Таджикистан;

- совместное участие с государственными органами, и общественными организациями в разработке мероприятий, связанных с противодействием вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита в Республике Таджикистан;

- участие на съездах, конференциях, совещаниях, симпозиумах и их организация в сотрудничестве с государственными органами и общественными организациями в соответствии с целями и задачами Фонда;

...