Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 сентябри соли 2014 № 591
тасдиқ шудааст
Низомномаи Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният
1. Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (минбаъд - Фонд), мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният" бо мақсади ташаккули манбаи мутамаркази маблағҳо ҷиҳати мусоидат намудан ба татбиқи Барномаи давлатии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
2. Фонд фаъолияти худро мутобиқи Конститутсия (Сарқонун), қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.
3. Фонд - Фонди давлатии ғайрибуҷетӣ мебошад ва дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
4. Фонд бо ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, хусусӣ, байналмилалӣ, инчунин бо шахсони воқеӣ ва воситаҳои ахбори омма бо мақсади татбиқ намудани вазифаҳои гузошташуда ҳамкорӣ менамояд.
5. Вазифаҳои асосии Фонд инҳо мебошанд:
- маблағгузории барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва чорабиниҳое, ки ба пешгирӣ, ташхис, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирӣ дар соҳаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният равона карда шудаанд;
- сафарбарии воситаҳо барои амалисозии вазифаҳои асосӣ дар соҳаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ширкати якҷоя бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар таҳияи чорабиниҳои марбут ба муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тибқи мақсаду вазифаҳои Фонд иштирок дар анҷуманҳо, конфронсҳо, ҷаласаҳо, симпозиумҳо ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил намудани онҳо;
- мусоидат ба рушди ҳамкорӣ бо фондҳои миллии давлатҳои дигар, инчунин фондҳои байналмилалӣ дар соҳаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.
6. Манбаи пайдоиш ва ташаккулёбии Фонд инҳо мебошанд:
- маблағҳои аз дивидендҳо, фоизҳо аз рӯи маблағгузорӣ ва депозитҳои бонкӣ бадастовардашуда;
- пардохтҳои ихтиёрии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ;
- воридоти маблағҳо аз фаъолияти ноширӣ, гузаронидани шабнишиниҳо, намоишномаҳо, консертҳо, аксияҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ба фоидаи Фонд;
- пардохти хизматрасониҳои машваратию экспертӣ;
- дигар воридоте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
7. Ҳамаи маблағҳо дар шакли супоришномаи пулӣ ба суратҳисоби Фонд таввасути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд ва дар асоси дархости Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам" мувофиқи харҷномаи ягонаи даромад ва хароҷоти тасдиқшудаи воридоти воқеии маблағҳо мақсаднок истифода карда мешаванд.
8. Маблағҳое, ки дар соли ҳисоботӣ (гузашта) истифода бурда нашудаанд, ситонида намешаванд ва ба соли дигар (навбатӣ) гузаронида мешаванд.
9. Даровардани тағйирот аз як моддаи хароҷотӣ ба дигар моддаи хароҷотии харҷномаи Фонд дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
10. Роҳбарӣ ба фаъолияти Фонд аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
11. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибавии маблағҳои Фонд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
12. Вазифаи асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Фонд инҳо мебошанд:
- пешбурди бақайдгирии умумии ҳамаи пардохткунандагон;
- таҳия намудани ҳисоби хароҷот;
- тартиб додан ва тасдиқ намудани харҷномаҳои асосӣ ва иловагии Фонд;
13. Маблағҳои ҷалбгардидаи Фонд ба самтҳои зерин харҷ карда мешаванд:
- амалӣ намудани чорабиниҳои миллӣ ва минтақавии ба вазифаҳои Фонд мутобиқаткунанда;
- мусоидат дар тайёркунӣ ва бозомӯзии мутахассисони миллӣ оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;
- маблағгузорӣ ва харид кардани воситаҳои моддию техникӣ барои амалӣ намудани чорабиниҳои муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- харидории маводи доруворӣ ва ташхисӣ, инчунин дигар маводи хароҷотӣ;
- табобати ройгон барои одамони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда;
- ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ;
- ҷудо намудани грантҳо барои ташкилотҳои ҷамъиятие, ки фаъолияти онҳо ба мақсаду вазифаҳои Фонд ҷавобгӯ аст;
- ташкил ва гузаронидани таҳқиқотҳои илмию техникӣ дар соҳаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;
- амалӣ намудани кӯмаки озуқаворӣ барои одамони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда;
- ташкил намудан ва гузаронидани чорабиниҳои таълимию иттилоотӣ тавассути васоити ахбори омма;
- дигар мақсадҳое, ки ба вазифаҳои Низомномаи мазкур мухолиф нестанд.
14. Фаъолияти Фонд метавонад тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шавад ва дар баробари ин маблағҳои ҷамъгардидаи Фонд ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
15. Назорат аз болои фаъолияти молиявию хоҷагидории Фонд аз ҷониби мақомоти дахлдор ё аудит ба роҳ монда мешавад.
Положение о Национальном фонде по противодействию вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита
1. Национальный фонд по противодействию вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита (далее - Фонд), образован в соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О противодействии вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита" в целях формирования централизованного источника средств для содействия реализации Государственной программы по противодействию вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита в Республике Таджикистан.
2. Фонд осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией, законодательством Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, приказами Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, а также настоящим Положением.
3. Фонд является государственным внебюджетным фондом и создается при Министерстве здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.
4. Фонд взаимодействует с государственными, общественными, частными, международными организациями, а также с физическими лицами и средствами массовой информации в целях реализации поставленных задач.
5. Основными задачами Фонда являются:
- финансирование республиканских программ и мероприятий, направленных на профилактику, диагностику, лечение, уход и поддержку в области вируса иммунодефицита человека и синдрома приобретенного иммунодефицита;
- мобилизация средств для осуществления основных задач в области вируса иммунодефицита человека и синдрома приобретенного иммунодефицита в Республике Таджикистан;
- совместное участие с государственными органами, и общественными организациями в разработке мероприятий, связанных с противодействием вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита в Республике Таджикистан;
- участие на съездах, конференциях, совещаниях, симпозиумах и их организация в сотрудничестве с государственными органами и общественными организациями в соответствии с целями и задачами Фонда;
- содействие в развитии сотрудничества с национальными фондами других стран, а также международными фондами в области вируса иммунодефицита человека и синдрома приобретенного иммунодефицита;
6. Источником образования и формирования Фонда являются:
- средства, полученных дивидендов, процентов по вкладам, банковским депозитам;
- добровольные взносы министерств и ведомств Республики Таджикистан, местных исполнительных органов государственной власти, предприятий, учреждений, организаций, независимо от их организационно - правовых форм, а также граждан Республики Таджикистан, в том числе иностранных юридических и физических лиц;
- поступления от издательской деятельности, проведения вечеров, спектаклей, концертов, акций и других культурно - массовых мероприятий в пользу Фонда;
- плата за консультационно - экспертные услуги;
- иные поступления, не противоречащие законодательству Республики Таджикистан.
7. Все денежные средства принимаются в форме платежного поручения на расчетный счет Фонда через Главное управление центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан, и расходуются по целевому назначению на основании заявки Государственного учреждения "Республиканский центр по профилактике и борьбе с синдромом приобретенного иммунодефицита" согласно единой утвержденной сметы доходов и расходов фактического поступления средств.
8. Средства, не использованные в течение отчетного года (прошедшего) не изымаются и переносятся на предстоящий (следующий) год.
9. Внесение изменений с одной расходной статьи на другую статью расходов сметы Фонда осуществляется по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.
10. Руководство деятельностью Фонда осуществляет Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.
11. Бухгалтерский учет и отчетность средств Фонда ведется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
12. Основными задачами Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан по деятельности Фонда является:
- ведение общего учета всех плательщиков;
- разработка расчета платежей;
- составление и утверждение основных и дополнительных смет Фонда;
13. Привлеченные денежные средства Фонда расходуются по следующим направлениям:
- осуществление национальных и региональных мероприятий, соответствующим задачам Фонда;
- содействие в подготовке, и переподготовке национальных специалистов по вопросам вируса иммунодефицита человека и синдрома приобретенного иммунодефицита;
- финансирование и приобретение материально - технических средств для осуществления мероприятий по противодействию вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита в Республике Таджикистан;
- закупка лекарственных и диагностических средств, а также других расходных материалов;
- бесплатное лечение для людей, живущих с вирусом иммунодефицита человека;
- организация культурно - образовательных мероприятий;
- выделение грантов для общественных организаций, чья деятельность отвечает целям и задачам Фонда;
- организация и проведение научно - технических исследований в области вируса иммунодефицита человека и синдрома приобретенного иммунодефицита;
- осуществление продовольственной помощи для людей, живущих с вирусом иммунодефицита человека;
- организация и проведение учебно - информационных компаний через средства массовой информации;
- другие цели, не противоречащие задачам, настоящего Положения.
14. Деятельность Фонда может быть прекращена в соответствии с положениями законодательства Республики Таджикистан и при этом накопленные денежные средства перечисляются в Государственный бюджет Республики Таджикистан.
15. Контроль за финансово - хозяйственной деятельностью Фонда осуществляется со стороны соответствующих органов или аудита.