Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №779
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, № 779 тасдиқ гардидаанд, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар бандҳои 5, 6, 7 ва 14 калимаҳои "Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар бандҳои 5, 6 ва 8 калимаи "калонҳаҷм" ба калимаҳои "калонҳаҷми тақсимнашаванда" иваз карда шаванд;
- дар банди 10 баъд аз калимаҳои "аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд" дар дохили қавс калимаҳои "(бо бори тақсимнашаванда)" илова карда шаванд;
- баъд аз банди 17 бандҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"18. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазн ва андозаашон аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд (бо бори тақсимшаванда) тавассути истифодаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
19. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нуқтаҳои назоратии қитъаи шоҳроҳҳо ба мақомоти ваколатдор бобати муҳайё намудани шароити зарурӣ оид ба таъмини иҷрои банди 18 Қоидаҳои мазкур бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Дар ҳолати аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд будани вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаи нақлиёт (бо борҳои тақсимшаванда), шахси нозир ӯҳдадор аст, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешида, барои фаровардани бори зиёдатӣ ё ба воситаи нақлиёти дигар бор кардани он амрнома супорад.
Дар ҳолати аз меъёри муқарраргардида зиёд будани вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаи нақлиёт (бо бори тақсимнашаванда), то замони барасмиятдарории иҷозати махсус аз ҷониби Ҳадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳаракати воситаи нақлиёт то ҷои таъиноти бор манъ карда мешавад." ;
- банди 18 қарори мазкур банди 20 ҳисобида шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 7 августи соли 2014 № 535
ш.Душанбе