Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2014 № 528 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008, № 171"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008, № 171

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008, № 171 тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) - вирусе, ки ҳолати норасоии масуниятро дар организми одам ба вуҷуд меорад;

БПНМ (бемории пайдошудаи норасоии масуният) - давраи терминалии (ниҳоии) сирояти аз вируси норасоии масунияти одам пайдошуда;

- дар банди 5 баъд аз калимаҳои "шаҳрвандони хориҷӣ" калимаҳои ", гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ" илова гардида, калимаҳои "фардии пинҳонӣ" ба калимаи "махфӣ" иваз карда шаванд;

- дар боби 3 банди 7(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Кормандони тиб ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои махсуси аҳолии дорои хатари баланди сирояти вируси норасоии масунияти одам мансуб мебошанд, мунтазам гузаштани азназаргузаронии тиббиро бо мақсади ҳарчи бештар дарёфт намудани сирояти ВНМО, машваратдиҳӣ ва сари вақт оғоз намудани табобатро дар ҳолати сироятёбӣ бояд тавсия диҳанд.";

- дар бандҳои 8 ва 9 калимаҳои "пинҳонии (конфиденсиалии)" ба калимаи "махфии" иваз карда шаванд;

- сархати сеюми банди 8 хориҷ карда шавад;

- бандҳои 10, 11,12 ва 13 хориҷ карда шаванд;

- аз банди 15 калимаҳои ", инчунин ба кормандони ихтисосҳои алоҳида ва вазифаҳо" хориҷ карда шаванд;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 апреля 2008 года, №171

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в Порядок медицинского освидетельствования с целью выявления заражения вирусом иммунодефицита человека, учета, медицинского обследования ВИЧ-инфицированных и профилактического наблюдения за ними, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 апреля 2008 года, №171 следующие изменения и дополнения:

- пункт 2 дополнить абзацами следующего содержания:

ВИЧ (вирус иммунодефицита человека) - вирус, который вызывает иммунодефицитное состояние в организме человека;

СПИД (синдром приобретенного иммунодефицита) - терминальная (конечная) стадия инфекции, вызванная вирусом иммунодефицита человека;

- пункт 5 после слов "иностранные граждане" дополнить словами ", беженцам, вынужденным переселенцам";

- главу 3 дополнить пунктом 7(1) следующего содержания: "Медицинские работники должны рекомендовать лицам, относящимся к специальным группам населения с повышенным риском заражения вирусом иммунодефицита человека, регулярно проходить медицинское освидетельствование для раннего выявления ВИЧ-инфекции, консультирования и своевременного начала лечения в случае заражения";

- третий абзац пункта 8 исключить;

- пункты 10, 11, 12 и 13 исключить;

- в пункте 15 слова ", а также у работников отдельных специальностей, должностей" исключить;

- пункт 22 изложить в следующей редакции:

"Направление на исследование в иммуноферментном анализе образцов крови на ВИЧ-инфекцию заполняется медицинскими работниками лечебно-профилактических учреждений, независимо от форм собственности, в соответствии с документом, удостоверяющим личность (фамилия, имя, отчество, дата рождения, домашний адрес (полностью). Образцы крови доставляются в лаборатории иммуноферментного анализа только медицинскими работниками учреждений, где был произведен забор образцов крови.";

...