×

Татиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо аз 1 апрели соли 2008, № 171

Санаи амалкуни: 06.08.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

*** Дар тамоми матни Тартиби мазкур калимаи мураккаби ихтисоршудаи (аббревиатураи) "БНММ" ба калимаи мураккаби ихтисоршудаи "БПНМ" иваз карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.08.2014 № 528)

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2008 № 171

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2008 № 171

тасдиқ шудааст

Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.08.2014 № 528)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.08.2014 № 528)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Иҷрои Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо (минбаъд Тартиб) аз тарафи ҳамаи вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳое, ки дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳатмӣ мебошад.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ШСВНМО (шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам)шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ҳам дар давраи набудани нишонаҳои беморӣ ва ҳам дар давраи зарари ҷиддӣ дидани системаи масуният, ки бо вируси норасоии масуният ба вуҷуд омадааст;

- азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ - муоинаи тиббии шахсон барои ошкор кардани сирояти вируси норасоии масунияти одам аз рӯи хоҳиш ва назардошти онҳо;

- азназаргузаронии тиббии пинҳонӣ (анонимӣ) - муоинаи ихтиёрии тиббии шахсон барои ошкор кардани сирояти вируси норасоии масунияти одам, бо воситаи ташхис, бидуни бақайдгирии насаб, ном, номи падар ва дигар аломатҳои муайянкунии шахсият, бе нишон додани ҳуҷҷати шахсӣ ва бидуни хабардиҳии нишондиҳандаҳои фардии шахси азназаргузаранда;

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 апреля 2008 г. №171

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 апреля 2008 г. №171

ПОРЯДОК медицинского освидетельствования с целью выявления заражения вирусом иммунодефицита человека, учета, медицинского обследования ВИЧинфицированных и профилактического наблюдения за ними

(в редакции постановления Правительства РТ от 06.08.2014г.№528)

(в редакции постановления Правительства РТ от 06.08.2014г.№528)

1. Общие положения

1. Порядок медицинского освидетельствования с целью выявления заражения вирусом иммунодефицита человека, учета, медицинского обследования ВИЧ - инфицированных и профилактического наблюдения за ними (далее Порядок) обязателен для выполнения всеми министерствами, ведомствами, предприятиями, учреждениями и организациями вне зависимости от их организационно-правовой формы, зарегистрированных в установленном порядке на территории Республики Таджикистан, граждан Республики Таджикистан, иностранных граждан, беженцев, вынужденных переселенцев и лиц без гражданства.

2. В данном Порядке используются следующие основные понятия:

- НВИЧ (носители ВИЧ) - лица, зараженные вирусом иммунодефицита человека, как на стадии отсутствия проявлений болезни, так и на стадии глубокого поражения иммунной системы, вызванного вирусом иммунодефицита человека;

- добровольное медицинское освидетельствование - медицинское обследование лиц на выявление заражения вирусом иммунодефицита человека по их желанию и усмотрению;

- анонимное медицинское освидетельствование - добровольное медицинское обследование лиц на выявление заражения вирусом иммунодефицита человека, проводимое без регистрации фамилии, имени, отчества или иной идентификации личности без предъявления документов, удостоверяющих личность и без сообщения личных данных освидетельствуемого лица;

- конфиденциальное медицинское освидетельствование - медицинское обследование на выявление заражения вирусом иммунодефицита человека, при котором обследуемому лицу гарантируется сохранение в тайне информации о факте прохождения освидетельствования и о его результатах;

...