Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2014, № 484 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 105"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №105

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад.

1. Ба Низомномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №105 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар бандҳои 2, 6, 8, 9, 10 ва 11 калимаҳои "Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- банди 5 дар таҳрири зайл илова карда шаванд:

"5. Хадамот бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагону донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад.";

- дар банди 6:

- сархати якум дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"- иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илмро дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, назорат менамояд;";

- дар сархати чорум баъди калимаи "педагогӣ" калимаҳои ", муҳандисӣ - педагогӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати шашум баъди калимаи "таълимӣ," калимаҳои "илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, инчунин" млова карда шаванд;

- зербанди а) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"а) дар самти аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ, иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, баробарарзишӣ, эътирофи ҳуҷҷатҳои таъсилот ва додани унвонҳои илмии дотсентӣ ва профессорӣ:";

- дар зербанди а):

- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавд:

"- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои таълимиро мегузаронад, мақоми онҳоро муайян менамояд, инчунин фаъолияти шӯъба ва бахшҳои Хадамоти назди Раёсат ва шӯъбаҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро оид ба гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ назорат намуда, дар ҳолати риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қатъ намудани он пешниҳод манзур менамояд;";

- дар сархати дуюм калимаҳои "моликият ва тобеияташон" ба калимаҳои "ташкилию ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд;

- сархати ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- бо тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои унвонҷӯёнро барои гирифтани унвонҳои илмии дотсентӣ ва профессорӣ ташхис намуда, дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд ва онҳоро барои тасдиқ намудан ба мақомоти ваколатдори Федератсияи Росси ирсол менамояд;";

- дар сархати ҳаштум алимаи " зарурӣ" ба калимаҳои "намунаи давлатӣ" иваз карда шавад;

- дар зербанди б):

- калимаи "назорати" ба калимаи "назорат ва баҳодиҳии" иваз карда шавад;

- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- муассисаҳои таълимиро бо маводи таълимию методӣ оид ба муайян намудани сифати таълим ва барномаи идоракунии сифати таҳсилот таъмин менамояд;";

- дар сархати чорум пас аз калимаи "таҳсилот" калимаҳои "ва идоракунии он" илова карда шаванд;

- дар зербанди в):

- дар сархати якум пас аз калимаи "таҳсилот" калимаҳои " ва идоракунии он" илова карда шаванд;

- дар сархати шашум пас аз калимаи "аккредитатсия" алимаҳои ", баҳогузории маҷмӯӣ" ва пас аз калимаи "таҳсилот" калимаҳои "ва идоракунии он" илова карда шаванд;

- дар сархати даҳум калимаҳои "вайрон кардани" ба калимаҳои "риоя нагардидани" иваз карда шаванд;

- дар сархати дувоздаҳум калимаҳои "аспирантура ва докторантураи ба Вазорати маорифи" ба калимаҳои "магистратура, аспирантура, докторантура ва доктори PhD ба Вазорати маориф ва илми" иваз карда шаванд;

- дар банди 9 алимаҳои "дар мувофиқа бо" ба калимаҳои "бо пешниҳоди" иваз карда шаванд;

- дар сархати дуюми банди 10 калимаи "шӯъбаҳоро" ба калимаҳои ", шӯъбаҳо ва бахшҳоро" иваз карда шавад;

- дар сархати панҷуми банди 10 калимаи "басти" ба калимаи "воҳиди" иваз карда шавад;

- дар банди 11 пас аз калимаи "шӯъбаҳо" калимаҳои "ва бахшҳо" илова карда шаванд;

- дар банди 12 калимаҳои "ва русӣ" хориҷ карда шаванд;

- дар банди 13 калимаҳои "Нисормуҳаммад 13а" ба калимаҳои "Садриддин Айнӣ - 126" иваз карда шаванд.

2. Аз сархати сеюми Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №105 тасдиқ шудааст, калимаи "ташкили" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 июли соли 2014, № 484

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года, №105

В соответствии со статьёй 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в Положение о Государственной службе по надзору в сфере образования, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года, №105, следующие изменения и дополнения:

- в пунктах 2, 6, 8, 9, 10 и 11 слова "Министерство образования Республики Таджикистан" заменить словами "Министерство образования и науки Республики Таджикистан";

- пункт 5 изложить в следующей редакции:

"5. Служба, в целях осуществления единой государственной политики в области образования и науки, контролируя выполнение нормативных правовых актов и государственных образовательных стандартов в образовательных учреждениях Республики Таджикистан, независимо от организационно-правовой формы, даёт оценку учебно-воспитательному процессу, уровню качества знаний учащихся и студентов, подготовке специалистов и другим сторонам деятельности образовательных учреждений";

- в пункте 6:

- первый абзац изложить в следующей редакции:

"- контролирует исполнение законов и других нормативных правовых актов сферы образования и науки в образовательных учреждениях, независимо от организационно-правовой формы";

- абзац четвертый после слова "педагогических" дополнить словами "инженерно-педагогических";

- абзац шестой после слова "обучения" дополнить словами "научно-исследовательские, повышение квалификации и переподготовка, а также";

- подпункт а) изложить в следующей редакции:

"а) в области аттестации и аккредитации, комплексной оценки, лицензирования организаций и образовательных учреждений, установления эквивалентности, признания документов об образовании и присвоения ученых званий доцента и профессора:";

- в подпункте а):

- первый абзац изложить в следующей редакции:

"- в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан проводит аттестацию, аккредитацию, комплексную оценку и лицензирование организаций и образовательных учреждений, определяет их статус, а также осуществляет контроль за деятельностью отделов и секторов Службы при Управлениях и отделах образования Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов по проведению аттестации, аккредитации, комплексной оценки и лицензирования образовательных учреждений, в случае несоблюдения условий и требований лицензии представляет предложение её в Министерство образования и науки Республики Таджикистан о её прекращение;"

- во втором абзаце слова "собственности и ведомственной подчиненности" заменить словами "организационно-правовая";

- абзац седьмой изложить в следующей редакции:

"- в установленном порядке проводит экспертизу документов соискателей на присвоение ученого звания доцента и профессора, рассматривает на заседании коллегии Министерства образования и науки Республики Таджикистан и направляет их на утверждение уполномоченным органом Российской Федерации;

- в абзаце восьмом слово "необходимо" заменить словами "государственного образца";

- в подпункте б):

- слово "контроль" заменить словами "контроль и оценка";

- абзац второй изложить в следующей редакции:

"- обеспечивает образовательные учреждения учебно-методическими материалами по определению качества образования и программой управления качества образования";

- абзац четвертый после слова "образование" дополнить словами "и его управление";

- в подпункте в):

- абзац первый после слова "образование" дополнить словами "и его управление";

- абзац шестой после слова "аккредитация" дополнить словами "комплексная оценка" и после слова "образование" словами "и его управление";

- в абзаце десятом слово "нарушить" заменить словом "несоблюдение";

- в абзаце двенадцатом слова "аспирантура и докторантура Министерство образования" заменить словами "магистратура, аспирантура, докторантура и доктор PhD Министерству образования и науки";

- в пункте 9 слова "по согласованию с" заменить словами "по рекомендации";

- в абзаце втором пункта 10 слово "отделы" заменить словами "отделы и сектора";

- в абзаце пятом пункта 10 слово "смена" заменить словом "единица";

- пункт 11 после слова "отдел" дополнить словами "и сектора";

- в пункте 12 слова "и русский" исключить;

- в пункте 13 слова "Нисормухаммад 13а" заменить словами "Садриддина Айни - 126 ";

2. Из абзаца третьего Структуры Центрального аппарата Государственной службы по надзору в сфере образования, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года,№105, слово "организации" исключить.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                       Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 31 июля 2014 года, №484