Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба миқдори 389 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 50 воҳид тасдиқ карда шавад.
3. Ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки ду муовини директор, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад.
4. Ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 5 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 3 адад муқаррар карда шавад.
5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои дар Нақшаи идоракунии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ зикргардида, ба истиснои корхонаҳои воҳиди давлатӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 102 "Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 июни соли 2014, № 391
ш. Душанбе