Низомномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 4 июни соли 2014, № 391

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 391

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 391

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 122)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ (минбаъд - Агентӣ) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои хизматрасонии давлатиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият амалӣ менамояд ва корро дар ин самт таҳти идораи бевоситаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

2. Агентӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошад.

3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

4. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

2. Вазифаҳо

5. Агентӣ дар соҳаҳои муқарраршуда вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

...

Приложение

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 4 июня 2014 года, № 391

Приложение

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 4 июня 2014 года, № 391

Положение об Агентстве труда и занятости населения

(в редакции пост. Правительства РТ от 28.02.2025 №122)

1. Общие положения

1. Агентство труда и занятости населения (далее - Агентство) является исполнительным органом государственной власти Республики Таджикистан, осуществляет задачи по оказанию государственных услуг в установленной сфере деятельности и выполняет работу в этом направлении под непосредственным руководством Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.

2. Агентство входит в Схему управления Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.

3. Агентство в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, решениями Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, распоряжениями Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

4. Агентство осуществляет свою деятельность во взаимодействии с местными исполнительными органами государственной власти, международными, общественными и другими организациями.

2. Функции

5. Агентство осуществляет следующие функции в установленной сфере деятельности:

...