Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 386 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, №388 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 15 калимаҳои "на камтар аз 3 сол" ба калимаҳои "то 3 сол" иваз карда шаванд;

- дар банди 19 рақами "36" ба калимаҳои "то 40" иваз карда шавад;

- дар банди 21 калимаҳои "на камтар аз 11" ба калимаҳои " то 11" иваз карда шаванд.

- дар сутунҳои панҷум ва ҳафтуми Номгӯи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ калимаҳои "3 сол" ва "1 сол" ба калимаҳои "то 3 сол" ва "то 2 сол" иваз карда шаванд.

2. Дар банди 17 Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009, №300 тасдиқ шудааст, калимаҳои "на камтар аз 11" ба калимаҳои "то 11" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 июни соли 2014, № 386

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба зиммаи Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак" вогузор намудани татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини истифодаи самараноки маблағҳои қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма ба зиммаи Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак" вогузор карда шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди ДушанбеКулма, қитъаи Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма ва маблағгузории нигоҳдории Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак"-ро таъмин намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 6 июни соли 2015 № 386

ш.Душанбе