Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии содирот
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.04.2015 № 208, аз 9.02.2016 № 65, аз 25.01.2017 № 49, аз 29.09.2017 № 466, аз 31.03.2020№ 212)
Мутобиқи қисми 2 моддаи 341 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Меъёрҳои боҷҳои гумрукии содиротӣ ба молҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда тибқи замима тасдиқ карда шаванд .
2. Муқаррар карда шавад, ки нисбати давлатҳое, ки дар савдои тарафайн бо Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми савдои озод бе боздошт ва маҳдудиятҳо амал менамоад, боҷҳои гумрукии содиротӣ татбиқ намегардад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 июни соли 2014 № 377
ш. Душанбе
Замима (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2020 № 212)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ставкаҳои боҷҳои гумрукии содирот
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.04.2015 № 208)
Мутобиқи қисми 2 моддаи 341 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ставкаҳои боҷҳои гумрукии содиротӣ ба молҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда тибқи замима тасдиқ карда шаванд.
2. Муқаррар карда шавад, ки нисбати давлатҳое, ки дар савдои тарафайн бо Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми савдои озод бе боздошт ва маҳдудиятҳо амал менамоад, боҷҳои гумрукии содиротӣ татбиқ намегардад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 июни соли 2014 № 377
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2014 № 377
тасдиқ шудааст
Ставкаҳои боҷҳои гумрукии содиротӣ
+----+--------------+----------------------------------+-------------ҷ
|№ | Рамзи | | |
|Б/т | НМ ФИХ | Номгӯи мавқеъ * | Ставка |
| | ИИ Евразия | | |
+----+--------------+----------------------------------+-------------+
|1. | 5001 |Пиллаи абрешимии барои ресиш |20%, вале |
| | |коршоям |на кам аз |
+----+--------------+----------------------------------+100 евро |
|2. | 5002 |Абрешим - ашёи хом (тобдоданашуда)|барои 1000 |
+----+--------------+----------------------------------+кг |
|3. | 5003 |Партовҳои абрешимӣ (аз ҷумла | |
| | |пиллаи барои ресиш корношоям, | |
| | |партовҳои нахи пилла ва ашёи хоми | |
| | | ғозкардашуда) | |
+----+--------------+----------------------------------+-------------+
|4. |4101 |Пӯсти коркарднашудаи чорвои | 300 Евро |
| | |калони шохдор (аз ҷумла говмеш) ва| барои |
| | |ё чорво аз оилаи аспон (буғ ва ё | 1000 кг |
| | |намаккардашуда, хушккардашуда, | |
| | |ошдодашуда, пикелшуда ё бо тариқи | |
| | |дигар ҳифзшуда, аммо дублнашуда | |
| | |ва барои пергамент кардан | |
| | |ҷудонашуда ё таҳти коркарди | |
| | |минбаъда қарор дода нашуда), бо | |
| | |пашм ё бе пашм, дупӯстакардашуда ё| |
| | |яклухт | |
+----+--------------+----------------------------------+-------------+
|5. |4102, ба |Пӯсти коркарднашудаи гӯсфанд ва ё | |
| |истиснои |барра (буғ ва ё намаккардашуда, | |
| |мавқеи |хушккардашуда, ошдодашуда, | |
| |молии 4102 |пикелшуда ё бо тариқи дигар | |
| |21 0000 Жҳифзшуда, аммо дублнашуда ва | |
| | |барои пергамент кардан ҷудонашуда | |
| | |ё таҳти коркарди минбаъда қарор | |
| | |дода нашуда), бо пашм ё бе пашм, | |
| | |дупӯстакардашуда ё яклухт, ба ғайр| |
| | |аз пӯсти бо эзоҳи 1в ба гурӯҳи | |
| | |мазкур хориҷ кардашуда | |
+----+--------------+----------------------------------+-------------+
|6. |4103 |Пӯсти коркарднашудаи гӯсфанд ва ё | |
| | |барра (буғ ва ё намаккардашуда, | |
| | |хушккардашуда, ошдодашуда, | |
| | |пикелшуда ё бо тариқи дигар | |
| | Жҳифзшуда, аммо дублнашуда ва | |
| | |барои пергамент кардан ҷудонашуда | |
| | |ё таҳти коркарди минбаъда қарор | |
| | |дода нашуда), бо пашм ё бе пашм, | |
| | |дупӯстакардашуда ё яклухт, | |
| | |ба ғайр аз пӯсти бо эзоҳи 16 ё 1в | |
| | |ба гурӯҳи мазкур хориҷ кардашуда | |
+----+--------------+----------------------------------+-------------+
*Таснифоти молҳо мутобиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии Евразия (НМ ФИХ Евразия) оварда шудааст. Барои мақсадҳои татбиқи ставкаҳои боҷҳои гумрукии содиротӣ молҳо танҳо тибқи рамзҳои НМ ФИХ Евразия муайян карда мешаванд. Номгӯи мавқеъҳои молӣ фақат барои осонии истифодабарӣ оварда шудааст.