Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 № 377 "Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии содирот"

Санаи амалкуни: 31.03.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии содирот

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.04.2015 № 208, аз 9.02.2016 № 65, аз 25.01.2017 № 49, аз 29.09.2017 № 466, аз 31.03.2020№ 212)

Мутобиқи қисми 2 моддаи 341 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Меъёрҳои боҷҳои гумрукии содиротӣ ба молҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда тибқи замима тасдиқ карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 49).

2. Муқаррар карда шавад, ки нисбати давлатҳое, ки дар савдои тарафайн бо Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми савдои озод бе боздошт ва маҳдудиятҳо амал менамоад, боҷҳои гумрукии содиротӣ татбиқ намегардад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 июни соли 2014 № 377

ш. Душанбе

 

Таҳрири нав

Замима (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2020 № 212)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ставкаҳои боҷҳои гумрукии содирот

Мутобиқи қисми 2 моддаи 341 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ставкаҳои боҷҳои гумрукии содиротӣ ба молҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда тибқи замима тасдиқ карда шаванд.

2. Муқаррар карда шавад, ки нисбати давлатҳое, ки дар савдои тарафайн бо Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми савдои озод бе боздошт ва маҳдудиятҳо амал менамояд, боҷҳои гумрукии содиротӣ татбиқ намегардад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 июни соли 2014 № 377

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2014 № 377

тасдиқ шудааст

Ставкаҳои боҷҳои гумрукии содиротӣ

+----+--------------+----------------------------------+-------------+
|№   |    Рамзи     |                                  |             |
|Б/т |    НМ ФИХ    |          Номгӯи мавқеъ *         | Ставка      |
|    |  ИИ Евразия  |                                  |             |
+----+--------------+----------------------------------+-------------+
|1.  |  5001        |Пиллаи абрешимии барои ресиш      |20%, вале    |
|    |              |коршоям                           |на кам аз    |
+----+--------------+----------------------------------+100 евро     |
|2.  |  5002        |Абрешим - ашёи хом (тобдоданашуда)|барои 1000   |
+----+--------------+----------------------------------+кг           |
|3.  |  5003        |Партовҳои абрешимӣ (аз ҷумла      |             |
|    |              |пиллаи барои ресиш корношоям,     |             |
|    |              |партовҳои нахи пилла ва ашёи хоми |             |
|    |              | ғозкардашуда)                    |             |
+----+--------------+----------------------------------+-------------+

*Таснифоти молҳо мутобиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии Евразия (НМ ФИХ Евразия) оварда шудааст. Барои мақсадҳои татбиқи ставкаҳои боҷҳои гумрукии содиротӣ молҳо танҳо тибқи рамзҳои НМ ФИХ Евразия муайян карда мешаванд. Номгӯи мавқеъҳои молӣ фақат барои осонии истифодабарӣ оварда шудааст.