Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби таҳияи тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи қисми 2 моддаи 45 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби таҳияи тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Тартиби мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 июни соли 2014 № 373
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке разработки генеральной схемы расселения на территории Республики Таджикистан
В соответствии с частью 2 статьи 45 Градостроительного кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок разработки генеральной схемы расселения на территории Республики Таджикистан (прилагается).
2. Комитету по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации данного Порядка.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 3 июня 2014 года, № 373